Имрӯз маҳфили илмии «Гумрукчиёни ҷавон» дар назди кафедраи фаъолияти  гумрукӣ факултети Менеҷмент ва низоми гумрукӣ баргузор гардид, ки дар маҳфил аъзонён ва омӯзгорони кафедра иштирок намуданд.

Аслиддин Исоев,  роҳбари маҳфили «Гумрукчиёни  ҷавон» иштирокчиёни маҳфилро хушомадед намуд маҳфили мазкуро кушода эълон намуд.

Маҳфили мазкур дар мавзӯи «Муҳлати мол барои пешниҳоди декларатсия (мутаххасиси барасмиятдарорӣ гумрукӣ)» донишҷӯи соли чаҳоруми ҳамин факултет Абубакр Пиров бо маърӯза баромад намуд. Маърӯза бо презентатсия пешкаши иштирокдорон гардид.

Дар маърузаи хеш зикр намуд, ки муҳлати молҳо барои декларатсия кардан аз 15 то 45 рӯзро дар бар мегирад, ки мол ва воситаҳои нақлиёте, ки бояд декларатсия карда шавад дар анборҳои румрӯкӣ, анбори озод ва анбори муваққатӣ нигоҳ дошта шуда, аз ҷониби декларант дар муҳлати муқараргардида бояд ҳуҷҷатҳои лозима ва декларатсия ба дасти соҳибмулк расонида шавад”- афзӯд зимни маърӯзаи худ Абубакр Пиров.

    

Ҳамин тариқ, аз ҷониби аъзоёни маҳфил бо саволу ҷавоб маҳфили «Гумрукчиёни  ҷавон»-ро хусни дигар бахшид.

 

Маркази таҳлилӣ – иттилоотии ДДБ