Аз таърихи ташаккули ҷаҳони муосир, инкишофи дастовардҳои инсоният ва фаъолияти равандҳои гуногуни идеологию сиёсӣ маълум мегардад, ки пойдор мондани ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона бе дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ғайриимкон аст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста ба ҷавонон такя менамояд, ки боиси ифтихору сарфарозӣ мебошад.

 

Ин қишри ҷомеа қувваи бузург маҳсуб меёбанд ва дар амалишавии сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат ва ҳукумати кишвар нақши муҳиму асосӣ доранд. Зеро қисмати зиёди аҳолии кишварамонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ин неруи созандаву муқтадири пешбари ҷомеа барои имрӯз ва фардои миллату давлат қувваи бузург ба ҳисоб мераванд. Сарзамине, ки ҷавонони бонангу номус дошта бошад, ҳеҷ гоҳ гурӯҳе ё афроде наметавонад аз қувваи зеҳнии онҳо истифода барад.

 

Пас аз соҳибистиқлол гаштани кишвари азизамон маҳз бо талошҳои пайгирона ва иқдомҳои созандаву бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, моҳи марти соли 1994 аввалин мулоқоти ӯ бо ҷавонони кишвар барпо гардид. дар мулоқоти мазкур Президенти ҷумҳурӣ таъкид карда буданд, ки дастовардҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва илмию фарҳангии давлати навини тоҷикон бо кору пайкори насли ҷавону ғайратманди сарзамин алоқаи ногусастанӣ дорад.

 

Шукр аз он мекунем, ки Худои меҳрубон бар сари миллати тоҷик шахсиятеро овард, ки ӯ ба ҳамаи бесару сомониҳои дар кишварбуда хотима бахшид. Беҳуда нест, ки «Ҷавонони мо давомдиҳандагони кору фаъолияти насли калонсол, неруи тавоно ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи давлат буда, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти онҳо минбаъд низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимтарини сиёсати ҳукумат боқӣ мемонад», таъкид доштааст Роҳбари кишвар.

 

Боиси зикр аст, ки яке аз иқдомҳои пешгирифтаи маърифтдӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ..» мебошад, ки баҳри сайқал бахшидани илму дониш ва мустаҳкам намудани хотираи насли наврас ва ҷавонон зоҳир мегардад. Ҳоло ин иқдоми маърифатпарвар дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Мо, омӯзгорони ҷавон дар талошем, ки пайи амалҳои мардонавори Сарвари кишвар амал намуда, дар таълиму тарбия саҳми назаррас дошта бошем.

 

Шоҳин МАҲМАДОВ,

ассистенти кафедраи фалсафа