Шуълавар гардидани ишқу самимият, таваҷҷуҳи хоса нисбати касбу ҳунар дар қалбу вуҷуди инсоният ба тадриҷ инкишоф меёбад. Вуҷуди инсон аз доштани орзуву ниятҳои наку, мақсаду ҳадафҳои муайян орӣ нест. Ин ҳама имкон фароҳам меорад, ки бо гузашти вақт орзуҳо амалӣ гарданд. Дар амалигардонии орзуҳо ба ҳар як нафар омӯзиш, хоҳишу завқ, тавоноӣ, маҳорату истеъдод ва ҳамкориву фаъолияти пайваста кӯмак мекунад.

 

Дар оини тоҷикон фарҳангу фарҳангдорӣ мавқеи аввалиндараҷа дорад. Имрӯзҳо бо нафароне рӯ ба рӯ мегардем, ки дар таълиму тарбияи ҷавонон ва ба омӯзиши касбу ҳунарҳои мардумӣ ҷалб сохтани онҳо нақши бориз доранд. Аз ҷумла, омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳам дар таълиму тарбия ва ҳам ҷиҳати азхудкунии ҳунарҳои миллӣ дар ҳаёти насли ҷавон саҳми созгор доранд. Дар донишгоҳ барои донишҷӯён курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ, аз қабили омодасозии либосҳои миллӣ, ба монанди куртаҳои чакану атлас, бофтану сохтани ҳар гуна лавозимоти ороишӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Пайдост, ки ҳунарҳои гулдӯзӣ, нақшу нигори куртаҳои чакан, даврӣ ё сӯзанӣ миёни аҳолии Хатлонзамин хеле маъруфу машҳур ҳастанд. Ин намуди санъати эҷодии мардумӣ натанҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон дар кишварҳои ҳамсоя маъруф гардидааст. Ҳамин аст, ки дар факултети техникӣ ва технологии ДДБ ба номи Носири Хусрав ҷиҳати омӯзиши касбу ҳанарҳои миллӣ Маркази касбу ҳунарҳои мардумӣ фаъолият менамояд. Метавон гуфт, ки санъати нақшу нигори гулдузӣ бою ғанӣ мебошад ва барои наслҳои оянда ба мерос гузошта мешавад. Чун аз даврони шӯравӣ халқи тоҷик бо чакандӯзию қаламкашӣ ва риштабофӣ машҳур гардида буд, онро ба дигар мардум низ ошно сохт. Дар замони муосир бонувони чирадасти зиёдеро вомехӯрем, ки шуғли аслиашон омодасозӣ ва зинда нигоҳдории ҳунарҳои қадимаи миллати тоҷик аст. Яъне чунин нафарон шуғли дӯстдоштаи худро ба яке аз василаи пешбурди рӯзгори хеш табдил додаанд. Ин маданияти бой аз таърихи қадима доштани ҳунарҳои гузаштагонамон дарак медиҳад. Дар баробари ҳунарҳои чакандӯзӣ, қаламкашӣ, ҳунарҳои ресандагӣ, бофандагӣ, сабадбофӣ, бандбофӣ низ аз намудҳои маъмули ҳунарҳои ниёгонамон ба шумор мераванд, ки то ба имрӯз бо шаклу услубҳои хос омада расидаанд.

 

Заҳмату меҳнат дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт василаи оромию осоиштагӣ ва сарбаландии инсоният мебошад. Ба воситаи заҳмату талош занону духтарони тоҷик касбу ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои миллии гузаштаамонро тарғиб менамоянд. Занони гулдӯзи халқӣ, ки табиатро хеле нозукона эҳсос мекунанд, дар гулдӯзӣ олами рангини атрофи худро ба таври хоса инъикос карда, таассуроташонро дар он баён месозанд.

 

Аксар вақт бо ба бар намудани либоси миллӣ миёни кишварҳои дунё бонувони тоҷик муаррифгари миллат мегарданд. Ин аст, ки таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин самт афзуда истодааст. Мо ҷавонон бояд ба боварию эътимоди сарвари мамлакат худро сазовор дониста, пайваста аз ҳунару ҳунардорӣ ва фарҳанги либоспӯшӣ хуб истифода барем. Хушбахтона, имрӯз мардуми тоҷик ба хубӣ дарк намудааст, ки ҳунарҳои мардумӣ таҷассумгари меҳру муҳаббати халқ буда, Ҷумҳурии Тоҷикистонро миёни кишварҳо муаррифӣ менамояд.

 

Ҳамин тариқ, метавон иброз намуд, ки фарҳанг оинаи рӯзгори мардум аст. Касбу ҳунарҳои мардумӣ як ҷузъи арзишманди фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбанд. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки фарҳанги миллӣ ва касбу ҳунарҳои аз ниёгон ба мерос мондаро инкишоф дода, ба наслҳои оянда боқӣ гузорем.

Ш. АСОЕВА,

«Фурӯғ»