Дар кафедраҳои “технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатика” ва “назарияи иқтисод”-и Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав семинари илмӣ таҳти унвони “Асосҳои назариявӣ ва амалии потенсиали илмӣ-техникии минтақа асоси рушди инноватсионии он (дар мисоли вилояти Хатлон)” баргузор гардид, ки дар он олимон, муҳаққиқон, мутахассисон аз дигар донишгоҳҳои кишвар иштирок варзидаанд.

 

Семинари илмиро Амирхон Ятимов, унвонҷӯи кафедраи ТИ ва МТИ барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ аз рӯйи ихтисоси 08.00.05.-иқтисод ва идоракунии хоҷагии халқ ба роҳ монд.

 

Дар семинари мазкур оид ба потенсиали илмӣ-техникӣ, методикаи арзёбии потенсиали илмӣ-техникии минтақаҳои мамлакат, бо истифода аз усулҳои таҳлили оморӣ динамикаи теъдоди муассисаҳо ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Хатлон, системаи инноватсионии минтақавӣ маҷмӯи муаасиса ва ташкилотҳое, ки шакли гуногуни моликият доран ва дар ҳудуди минтақа қарор дошта ба раванди сохтан ва паҳну пахши мол (технологияҳо ва хизматрасониҳо) машғуланд, соҳаҳои асосии потенсиали илмӣ-техникии инноватсионӣ таҳлил ва муаян карда шуд.

 

Баҳрулло Файзализода,

мудири кафедраи технологияи иттилоотӣ

ва методикаи таълими информатика