Ифротгароӣ падидаи хатарноки иҷтимоӣ буда, омили аслии нооромӣ, бесуботӣ ва беназмӣ дар дилхоҳ ҷомеа мегардад.

 

Сабабҳои пайдоиши ифротгароӣ дар шароити кунунӣ дар ҷомеа мухталиф буда, ин раванд водор менамояд, ки оқибатҳои манфии он ба таври комил омӯхта шуда, пайгирӣ карда шаванд. Таззодҳои иҷтимоӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва миллӣ моҷароҳои гуногунро ба миён оварда, боиси пайдоиши рушди ифротгароӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.

 

Таҳлил ва баррасии иттилооти ҳамарӯзаи моҳворавӣ ва баҳсу мунозираи ҷавонони диндор дар сомонаҳои интернетӣ, ба монанди «Одноклассники», «Фейсбук», «Ютуб» ва инчунин ва дигар саҳифаҳои шахсӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки то ҳол ҷавонони ифротманиш ва тундгаро ёфт мешаванд.

 

Ба сабабҳои дохилии пайдоиши терроризм дар Тоҷикистон маҷмӯи душвориҳои иҷтимоӣ дохил мешаванд, ки сари вақт ҳаллу фасли худро наёфта, боиси пайдоишу рушди тамоюлҳои номатлуби ифротию террористӣ гаштаанд.

 

Пас аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон созмонҳои гуногуни ҷавонон, ба мисли иттифоқи ҷавонон, ҷамъияти ҷавонони эҷодкор, ҷамъияти ҷавонони ҳуқуқдон, маркази экологҳои ҷавон ба вуҷуд омаданд. Бояд гуфт, ки ҳадафи меҳварии ин созмонҳои ҷавонон, пеш аз ҳама, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, худшиносии миллӣ, тарбия дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлолият, тақвият бахшидан ба иқтисоди солими миллӣ ва пешгирии ҷавонон аз ҳама гуна навъи ҷиноят ва ҷинояткорӣ мебошад. Ин созмонҳо барои такомули шахсияти ҷавонон судманд ва муҳим ҳастанд.

 

Муайян кардани вазифаҳо дар пешгирию мубориза бо экстремизму терроризм нақши муҳимро мебозад. Махсусан, бояд тарғиботи зиддитеррористию экстремистӣ байни аҳолӣ фаъол карда шуда, пеши роҳи таъсири берунаи пайдоишу паҳншавии ҷараёнҳои экстремистӣ гирифта шавад. Маълум аст, ки таъсири берунаи кишварҳои исломии Шарқи наздик ба вазъияти динии Тоҷикистон мушоҳида мешавад ва вазифаи асосӣ аз он иборат аст, ки мубориза дар ин самт мустаҳкам карда шавад.

 

Дар вазъияти ҳассоси сиёсӣ кишвари моро маҳз ваҳдати миллӣ ҳамчун омили рушди оянда ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ба вуҷуд оварда дар партави ин падида низову бадбинӣ ва бадгумониҳои чандинсола аз байн рафта, халқи тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон харобаҳои ҷангро дар як муддати кӯтоҳ бартараф намуда, Тоҷикистонро ба амнтарин ва босуботтарин давлати минтақа табдил доданд. Таҷрибаи омӯзиши ҷангҳои дохилӣ дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон шаҳодат медиҳад, ки ягон давлат рақибони сиёсии хешро бо силоҳи ҷангӣ ва лавозимотҳои бисёри ҳарбӣ, инчунин бо сарбозони ҷангозмудааш дар сари дастгоҳи давлатию сохторҳои идоракунӣ ва мақомоти низомӣ нашинондааст, вале сарвари тоҷикони олам, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бақои миллат ва давлати тоҷикон ин амали сулҳхоҳонаро ба амал бароварда, миллати дар давраҳои бештари таърихаш ҷафокашидаи тоҷикро ба сулҳу субот, ифтихори миллӣ ва ватандорӣ даъват намуд.

 

Миллати тоҷик дар натиҷаи пайравӣ аз анъанаҳои миллӣ, урфу одатҳои наҷиби мардумӣ соҳиби ҳурмат ва эҳтироми оламиён гардидааст. Тоҷиконро ҳамчун миллати сулҳпарвар, соҳиби тамаддун ва фарҳанги бузури миллӣ бо анъанаҳои нек, урфу одатҳои созандаву хайрхоҳона мешинохтанд ва мешиносанд.

 

Ҳалим ШАРИПОВ,

омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ