Агар хоҳед, ки дар фаъолияти педагогии худ комёб шавед, ба ҳар як дарс тайёрӣ бинед. Тайёрӣ ба дарс ҷузъи таркибии фаъолияти муаллим аст. Тайёрӣ, пеш аз ҳама, пешравист. Вай ба кори эҷодии омӯзгор зич алоқамандӣ дорад.

 Эҷодкорӣ хислати хоси муаллим мебошад. Худи ӯ ҳам нағз мефаҳмад, ки ба дарс тайёрӣ дидан нисбат ба гузаронидани дарс душвортар аст.

Муаллими ба дарс тайёрӣ дида:

-мавқеи ҳар як дарсро дар байни дарсҳои дигари омӯхтани ин ё он мавзӯъ муайян мекунад;

-ҷиҳатҳои ташкили дарсро ҳаматарафа фикр карда, ба намудҳои ҷудогонаи кори таълим –омӯхтани мавзӯи нав, мустаҳкамкунӣ, ба ҳисоб гирифтани дониши талабаҳо, ба вазифаи хонагӣ вақт ҷудо менамояд;

-ба мавзӯъҳои гузашта ва тарзи такрори онҳо диққат дода, алоқаи мавзӯи навро бо мавзӯъҳои минбаъда ба назар мегирад;

-ба ҳар намуди кори таълимӣ тарзу воситаҳои мувофиқ интихоб менамояд;

-ба самаранокӣ ва рангорангии маводи дидактикӣ эътибор медиҳад, кӯшиш менамояд, ки онҳо пешравии ҳар як фардро таъмин намояд. Чи тавре, ки мебинем, мафҳуми тайёрии муаллим ба дарс васеъ буда, он ҳақиқатан меҳнатталаб мебошад. Ин аст, ки ба дарс ҳам чӣ муаллимони ҷавон ва чӣ муаллимони соҳибтаҷрибаи кордида тамоми сол, тамоми умр тайёрӣ мебинанд.

Мутолиаи асарҳои илмию методӣ, педагогию психологӣ, консепсия ва стандарти давлатии таълими фан, ҳаматарафа омӯхтани нақшаи таълим, барнома ва китобҳои дарсии фанни таълим, мунтазам хондани маҷаллаю рӯзномаҳои педагогию методӣ, тартиб додани ҷадвал, варақа ва дигар маводҳои дидактикӣ, машғул шудан ва донистани тарзи истифодаи воситаҳои таълими техникӣ, компютер, ниҳоят сари вақт ба нақша даровардани фанни таълим мазмуни тайёрии муаллимро ифода менамояд.

Яке аз хислатҳои хос ва фарқкунандаи касби омӯзгорӣ ин ҷустуҷӯ кардан, дидан, хондан, таҳлил кардан ва мушоҳида намудан ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳамаи маводҳои назариявӣ, зарурӣ, хонда ва мушоҳида кардаашро ҷамъ намуда, дар қуттиҳо ва дусяҳои алоҳида гузошта, ном ва рақам мегузорад, то ки дар вақти даркорӣ ёфта тавонад.

Муаллим ҳамаи ин корҳоро анҷом дода, пеш аз сар шудани соли таҳсил фанни таълимиашро ба нақша медарорад. Дар ин вақт муаллим, пеш аз ҳама, ба нақшаи таълим, барнома, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ такя менамояд. Нақшаи таълим, барнома ҳуҷҷатҳои давлатӣ буда, дар яке аз соатҳои ҳафтаинаи фан, дар дигаре мақсаду вазифаҳои фанни таълим, мавзӯъҳо ва мундариҷаи онҳо, соатҳои таълимӣ ба ҳар як мавзӯъ, инчунин ҳаҷми дониши талабагон дода шудааст. Ҳаҷму меъёри донш, маҳорату малакаҳои талабагон дар стандарти давлатии фанни таълим низ таъкид ёфтааст.

Омӯзгор ҳамаи инро ҷамъ оварда, дарсҳои забони модариро ба нақша медарорад. Дар таълими фан, асосан се нақша ба кор бурда мешаванд: нақшаи мавзӯъ (тематикӣ), нақшаи тақвимӣ (календарӣ), нақшаи мухтасар ё муфассали дарсҳо. Ин нақшаҳо, чи тавре ки дар болотар таъкид кардем, дар асоси нақшаи таълим, барномаи таълим ва китоби дарсӣ мураттаб мегардад.

Нақшаи мавзӯъ дар таҷрибаи муаллимони мо он қадар васеъ истифода бурда намешавад, ҳол он ки тартиб додани он аз фоида холӣ нест. Аз номаш маълум, ки ин нақша мавзӯъҳои алоҳидаи фанни таълимро дар бар мегиранд. Муаллимони эҷодкор нақшаро тартиб дода, асосан се масъаларо ҳамчун мақсади дурнамои худ қарор медиҳанд: мақсаду вазифаҳои таълими мавзӯъ, маводи барнома, машғулиятҳои инкишофи нутқ.

Хулоса, омодагии муаллим ба дарс як давраи бисёр пурмасъул буда, омӯзгорро зарур аст, ки пеш аз дарс оиди паҳлуҳои он амиқ андеша кунад.

 

Ҷамшед ШЕРАЛИЕВ,

магистранти бахши 2-юми факултети педагогика ва варзиш