Маълум аст, ки дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ кафедра сохтори асосӣ ба шумор рафта, тамоми фаъолияти таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ тавассути он амалӣ мегарданд. Ба ҳамин хотир, баҳо додан ба фаъолияти кафедраҳо, дар маҷмӯъ муайянкунандаи фаъолияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба шумор меравад.

 

Дар ДДБ ба номи Носири Хусрав се кафедраи умумидонишгоҳӣ- кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ, педагогика ва психология, кафедраи курси амалии забони русӣ фаъолият менамоянд. Дар кафедраи педагогика ва психология 27 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки аз онҳо 1 нафар профессор, 7 нафар номзади илм, 3 нафар саромӯзгор ва боқимонда 16 нафар омӯзгоранд.

 

Нақшаи кории кафедра барои соли таҳсили 2020-2021 мураттаб гардида, он ба нақшаи Шӯрои олимон ва Раёсати донишгоҳ мувофиқат менамояд. Масъалаҳои рӯзномавӣ дар ҷаласаҳои кафедра мавриди баррасӣ ва муҳокимаи аъзоён қарор гирифта, баҳри иҷрои вазифаҳои минбаъдаи устодони кафедра қарорҳои мушаххас қабул карда мешавад. Дар кафедра маҳфилҳои «Нури маърифат» ва «Равоншинос» амал мекунанд, ки мувофиқи нақша аъзоёни онҳо моҳе як бор ҷамъ омада, ба таҳлилу баррасии масъалаҳои гуногун мепардозанд.

 

Дар кафедра чанде пеш мушкили дастрасӣ ба маводҳои таълимӣ аз фанни психология барои донишҷӯён ҷой дошт. Хушбахтона, бо роҳбарии профессор Абдураҳимзода Қ.С. китоби «Психологияи умумӣ» бо забони тоҷикӣ тарҷума гардида, ба донишҷӯён тақсим карда шуд.

 

Илова бар ин, ихтисосмандони фанни психологияро зарур аст, ки вобаста ба қисматҳои илми психология- «Психологияи иҷтимоӣ», «Психологияи оила», «Психологияи касбӣ», «Психологияи омӯзгорӣ», «Психологияи махсус» дастуру маводҳои таълимӣ таҳия намоянд.

 

Дар қатори афзалиятҳои ҷойдошта дар кори кафедраи педагогика ва психология баъзе камбудиҳоро мушоҳида кардан мумкин аст, аз ҷумла:

 

– дар дарсҳо аз воситаҳои техникӣ, хусусан аз тахтаҳои электронӣ, кам истифода мешавад;

 

– дар қатори омӯзгорони таҷрибадор омӯзгорони ҷавонро низ ба навиштани дастур ва барномаҳои таълимӣ ҷалб кардан лозим аст.

 

Устодони кафедраи педагогика ва психология дар самти корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва илмию таҳқиқотӣ дар факултетҳо дар баргузории машгулиятҳои таълимӣ аз нарасидани воситаҳои техникӣ, аз ҷумла тахтаи электронӣ танқисӣ мекашанд, дар ин ҷода аз раёсати донишгоҳ хоҳиш менамоем, ки дар таъмин намудани ин воситаи техникӣ мусоидат намоянд. Дар кафедраи курси амалии забони русӣ 17 нафар омӯзгорон фаъолият доранд. Аз онҳо 1 нафар н.и.п., 1 саромӯзгор, 8 омӯзгор ва 7 нафари боқимонда ассистент мебошанд.

 

Донишҷӯёни факултаҳои химия-биология ва дигар факултаҳо бо китобҳои «Учебное пособие по русскому языку для студентов нефилологических факултетов», муаллифон Ашурова Ш.К., Шамсудинова Р.С. ва Сафархоҷаева З.А. ва «Учебное пособие по русскому языку для студентов факултета химии и биологии» – муаллифаш Алиханова Г.Х. пурра таъмин карда шудаанд.

 

Хуб мешуд, доир ба дигар ихтисосҳо низ аз ҷониби устодони кафедра дастурҳои таълимию методӣ таҳия мегардид. Таҳлили дарси омӯзгорони кафедраи мазкур маълум намуд, ки на ҳамаи онҳо аз васоити техникӣ истифода бурда метавонанд. Ин ҳолат аз як тараф ба сабаби саҳлангории худи омӯзгорон бошад, аз тарафи дигар муҷаҳҳаз набудани ҳама синфонаҳо бо васоити техникӣ мебошад.

 

Аз натиҷаи корҳои хаттии гирифташуда аз фанни курси амалии забони русӣ маълум мегардад, ки аз 198 нафар донишҷӯёни курси якуми ихтисосҳои гуногун 11 нафар баҳои аъло (5,5 %), 46 нафар баҳои хуб (23,2%), 37 нафар баҳои қаноатбахш (18,8 %) ва 104 нафар баҳои ғайриқаноатбахш (52,5%) гирифтанд, ки натиҷаи он хеле ташвишовар аст. Дар маҷмӯъ, сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён аз фанни мазкур 56,3 %-ро ташкил медиҳад. Маълум мешавад, ки забономӯзии донишҷӯён аз фанни забони русӣ дар мактаби миёна дар сатҳи паст қарор дорад. Хуб мебуд, ки дар ҳар як факултет синфхонаи алоҳидаи фанни забони русӣ ташкил карда мешуд.

 

Кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ 28 нафар устодон фаъолият доранд, ки аз онҳо 25 нафарашон доимӣ, 2-нафарашон ҳамкори дохила, 1 -нафарашон ҳамкори беруна мебошанд. Омӯзгорони кафедра аз рӯйи фанҳои фалсафа, фарҳангшиносӣ, мантиқ, ахлоқ ва зебоишиносӣ, диншиносӣ ба донишҷӯёни курсу ихтисосҳои гуногун машғулият мегузаронанд.

 

Аз фанҳои номбаршуда барномаҳои таълимӣ мавҷуд буда, силлабусҳои омӯзгорон аз рӯйи ин барномаҳо мураттаб гардидаанд. Бояд гуфт, ки дар масъалаи дастрасӣ ба китобҳои дарсии фанҳои мазкур донишҷӯён ба мушкилӣ дучор намешаванд. Дар китобхонаи донишгоҳ шумораи зарурии китобҳои дарсӣ мавҷуданд.

 

Фақат миқдори онҳоро боз ҳам зиёдтар кардан лозим аст, то ки дар ҳолати дар як вақт таълим гирифтани донишҷӯёни ихтисосҳои гуногун мушкили норасоии китоби дарсӣ пеш наояд. Санҷише, ки ҳайати комиссия давоми ду ҳафта гузаронд, ҳолатҳои зеринро ошкор намуд:

 

– барои аксари фанҳои марбутаи кафедраҳо китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ мавҷуд бошанд ҳам, дар ин масъала баъзе норасоиҳо низ ба чашм мерасанд. Барои мисол, мутахассисони соҳаи психологияро лозим аст, ки вобаста ба қисматҳои илми психология дастуру маводҳои таълимӣ таҳия намоянд. Инчунин дастурҳои таълимии забони русиро мувофиқ ба ихтисосҳои гуногуни донишгоҳ таҳия кардан мебояд;

 

– сатҳи дониши муҳассилин аз фанҳои ба ин кафедраҳо марбут ҳоло ҳам ба талабот ҷавобгӯ нест. Махсусан, устодони кафедраи забони русиро мебояд, ки бо донишҷӯён зиёдтар ва самараноктар кор баранд;

 

– ҳолати ҳуҷҷатдории кафедраҳо бад нест ва сарфи назар аз баъзе камбудиҳои ҷузъӣ, ки мо дар маълумотнома зикр кардем, метавон онро қаноатбахш ҳисоб кард.

 

Ҳамин тавр, ба мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва устодону кормандони онҳо лозим аст, ки фаъолияти худро дар асоси нишондодҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Консепсияи миллии таҳсилот», «Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Паёми солонаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, дастурҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарор ва дастурҳои Шӯрои олимон ва Ректорати донишгоҳ ба роҳ монда, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи донишҷӯён, корҳои илмию методӣ ва сайқал бахшидани маҳорати касбию санъати волои педагогӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

 

С. АҲМАДОВ,

мудири кафедраи адабиёти тоҷик