Дар ҷараёни татбиқи ислоҳоти соҳаи маориф, яке аз масъалаҳои муҳими фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ин масъалаи баланд бардоштани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, илмӣ – методӣ ва тайёр намудани мутахассисони касбии дар бозори меҳнат рақобатпазир ва ба ин васила ғанӣ гардонидани нерӯи зеҳнии кишвар ба ҳисоб меравад.

 

Дар ҳамин асос бо қарори Шӯрои олимони ДДБ ба номи Носири Хусрав ва фармоиши ректори донишгоҳ факултети менеҷмент ва низоми гумрук таъсис дода шуд, ки бевосита ҳайъати омӯзгорони он ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ машғул мебошанд. Самти корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар факултет ба зиммаи чор кафедра вогузор гардидааст.

 

Дар кафедраи менеҷмент 18-нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. Дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кафедра дар соли таҳсили равон бо меҳнати софдилона ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Кафедра ду самти асосии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дорад, ки аз тарафи раёсати илм ва инноватсия тасдиқ карда шуда, фаъолияти кори устодон ба ин самтҳо равона карда шудааст Вобаста ба самти якуми корҳои илмӣ-тадқиқотӣ номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедра Шамсуллозода Холназар дар мавзӯи «Такмили методҳои ташкили фаъолияти сармоягузорӣ дар ширкатҳои суғуртавӣ» кори номзадии хешро соли 2019 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.KOA-021-и назди Институти иқтисодиёт ва демографияи академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият дифоъ намуд.

 

Аз рӯи самти дуюми кафедра бошад, омӯзгорон, Хоҷаалиев Ф.А., Тахминаи Бурихон, Баротова Т., Давлатов М.Б. корҳои илмӣ-таҳқиқии худро идома дода истодааст.  Кафедра мавзӯи корҳои илмӣ –таҳқиқотии фармоишӣ надорад.

 

Дар ин давра аз тарафи омӯзгорони кафедра 35 адад мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои гуногун ба чоп расонида шудааст. Дар кафедра 8- нафар унвонҷӯ ва 3-нафар донишҷӯи доктор phd таҳсил мекунанд, ки дар самти корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардида истодаанд. Аммо дар кафедра ҳисоботи баъзе унвонҷӯён дида нашуд.

 

Дар кафедраи менеҷмент ҳамаи рисолаҳои магистрӣ, бакалаврӣ ва корҳои курсӣ, дар асоси сарбориҳои омӯзгорони кафедра тақсим карда шуда, иҷроиши онҳо аз ҷониби мудири кафедра назорат карда мешаванд. Тибқи нақшаи таълимӣ донишҷӯёни курсҳои 2 ва 3-юм, ихтисосҳои менеҷменти иҷтимоӣ ва менеҷменти молиявӣ ҷаъм 203-нафар аз фанҳои асосҳои методологияи менеҷмент ва менеҷменти молиявӣ кори курсӣ супоридаанд. Дар рафти санҷиш маълум шуд, ки дар корҳои курсӣ баъзе норасогиҳо ҷой доранд, ба монанди надоштани тақризи роҳбар, иқтибосҳо, нопурра будани саҳифабандӣ ва ғайра.

 

Дар кафедраи фаъолияти гумрукӣ соли таҳсили 2020-2021 7 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд. Дар соли ҷорӣ аз тарафи омӯзгорони кафедра монография, китобҳои дарсӣ ва васоити методӣ нашр нагардиданд, вале танҳо 2-дастури таълимӣ, нашр гардидаасту халос.

 

Дар кафедраи фаъолияти гумрукӣ ҳамаи рисолаҳои магистрӣ, бакалаврӣ ва корҳои курсӣ, дар асоси сарбориҳои омӯзгорони кафедра тақсим карда шуда, иҷроиши онҳо аз ҷониби мудири кафедра назорат карда мешаванд. Дар соли таҳсили 2020-2021 32 нафар донишҷӯён рисолаҳои бакалаврӣ навишта, дифоъ намуданд. Дар баъзе рисолаҳои хатми бакалаврӣ камбудиҳо, ба монанди надоштани тақризи роҳбари илмӣ ва тақризи беруна, саҳифабандии нодуруст, надоштани иқтибос ва ғайра мушоҳида шуданд. Масалан кори бакалаврии донишҷӯ Шарипов Маъруфулло зери роҳбарии Исоев А. иқтибос ва тақризи роҳбар надорад ва дар баъзе корҳои хатм тасдиқи мудири кафедра нест.

 

Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки кори курсӣ ба омӯзгорони бе дараҷаи илмӣ дошта аз меъёр зиёд тақсим карда шудааст. Дар кори курсии донишҷӯ Абдуллоев Некруз гурӯҳи 406, роҳбараш Мирзоалиев С., тақризи роҳбар ва иқтибос нест.

 

Кафедраи андоз ва андозбандӣ яке аз ҷузъи таркибии факултети менеҷмент ва низоми гумрук ба шумор рафта, дар тайёр намудани мутахассисони касби равияи андозу андозбандӣ саҳми муайян доранд. Фаъолияти кафедра дар корҳои таълимию методӣ ва илмӣ-таҳқиқотӣ то имрӯз бо нақша мутобиқ буда, мунтазам анҷом ёфта истодааст.

 

Қайд кардан зарур аст, ки дар соли ҷорӣ аз тарафи омӯзгорони кафедра ягон  монография, китобҳои дарсӣ, барномаҳо, дастурҳо нашр нагардидаанд. Дар кафедраи андоз ва андозбандӣ дар санаи 02.11.2019 конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи «Саҳми мақомоти андоз ва гумрук дар ғанигардонидани буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахшида ба 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд, ки омӯзгорони кафедра бо маърӯзаҳо баромад намуданд.

 

Дар кафедра 28 нафар донишҷӯёни курсҳои 4-уми ихтисоси андоз ва андозбандӣ аз фанни андоз ва андозбандӣ кори курсӣ супоридаанд. Доир ба ҳолати иҷроиши корҳои курсӣ ҳаминро қайд кардан мумкин аст, ки дар кафедра нигоҳ дошта мешаванд, аммо дар баъзе аз корҳои курсӣ хатогиҳои ҷузъӣ мушоҳида шуданд.

 

Дар кафедраи иқтисод ва идораи сайёҳӣ дар соли таҳсили 2020-2021 мавзӯи корҳои илмӣ -таҳқиқотии фармоишӣ мавҷуд нест. Нақшаи кори семинари илмии кафедра аз тарафи раёсати илм ва инноватсия тасдиқ карда нашуда аст. Дар рафти тафтиш ин камбудӣ ислоҳ гардид. Моҳе як маротиба аз тарафи омӯзгорони кафедра  як мавзӯъ муайян шуда, таҳлил карда мешавад. Дар кафедра суратҷаласаҳо, эълон ва мавзӯи баррасишаванда дида нашуд.

 

Теъдоди мақолаҳои омӯзгорони кафедра, ки 12-нафарро ташкил медиҳанд, дар сатҳи конфронсҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ ва маҷаллаҳои илмие, ки аз тарафи КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шудааст, хеле кам ба назар мерасад. 36 нафар донишҷӯёни курсҳои 3-юм ихтисоси иқтисод ва идораи сайёҳӣ аз фанни маркетинг кори курсӣ супоридаанд, вале баъзе корҳои курсӣ ба талабот ҷавобгӯ нест.

 

Дар назди кафедра маҳфили илмӣ бо номи «Сайёҳони ҷавон» фаъолият дорад. Роҳбарии маҳфилро омӯзгори кафедра  Д. Толибов ба ӯҳда дорад. Нақшаи кории маҳфил, суратҷаласаҳо, ҳисоботи солонаи роҳбари маҳфил, рӯйхати аъзоён ва гӯшаи он дар кафедра дида намешавад. Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) дар назди факултет таъсис дода шудааст.

 

Аъзоёни (ҶИД)-и факултет зиёда аз 37 нафарро ташкил медиҳад. Нақшаи ҷамъияти мазкур аз ҷониби раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ тасдиқ карда шудааст,ки мувофиқи он моҳе як маротиба дар мавзӯъҳои мубрами рӯз ҷамъомад гузаронида, бо суратҷаласаҳо асоснок карда шуда, дар ҷузъдони алоҳида нигоҳ дошта мешаванд, аммо суратҷаласаҳо ба нақшаи баргузории онҳо мувофиқат намекунад.

 

Барои беҳтар намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар факултет бояд шумораи омӯзгорони доимӣ зиёд карда шаванд. Инчунин ҳамкориро бо дигар кафедраҳо ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ мустаҳкам намоянд. Зарур аст, ки барои мустаҳкам намудани потенсиали илмии факултет устодони унвондори доимӣ ба кафедраҳо бояд ҷалб карда шаванд.

 

Қодир ГУЛОВ,

мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ