Паёми табрикии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар бо номи Носири Хусрав профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин ба ифтихори 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамкасбони гиромӣ, усто­дону шогирдони арҷманд!

 Имсол 6-уми ноябр аз қабули санади сарнавиштсози давлату миллат, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-сол сипарӣ мегардад. Ин ҷашнро хушбахтона шаҳрвандони Тоҷикистон дар руҳияи баланди ифтихор аз давлату давлатдорӣ, эҳсоси худшиносию худогоҳӣ дар муҳити созандаву бунёдкорӣ ва фазои озоди демократӣ истиқбол мегиранд.

Бояд ёдовар шуд, ки ба даст омадани ин дастовард аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум сарчашма гирифта, дар инкишофи ислоҳоти конститутсионии мамлакат саҳифаи нав кушод.  Яке аз музаффариятҳои муҳими он дар бахши қонунгузорӣ ин буд, ки барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеӣ гузошт.

Қабул гардидани Конститусияи Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994, ки аз тарафи мардуми шарафманди он бо роҳи райпурсии умумихалқӣ  ба вуқӯъ пайваст, дар таърихи навини кишварамон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз мавқеи махсусро касб намуд. Акнун муддати 26 сол мешавад, ки рӯзи 6 ноябр дар мамлакат ҳамасола ҳамчун ид, яъне Рӯзи Конститутсия қайд карда шуда, мардум ба қадру қимати  ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз арҷ мегузоранд.

Конститутсия, сарфи назар аз он, ки дар як давраи бисёр ҳассоси таърихӣ таҳия ва қабул гардид, тавонист, ки дар қатори беҳтарин конститутсияҳои олам ҷой бигирад. Тамоми дастовардҳои минбаъдаи ҷумҳурӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт ва дигар бахшҳо маҳз аз он  сарчашма мегиранд.

Бо қабули ин санади тақдирсози миллӣ тоҷикон бори дигар ба аҳли башар собит намуданд, ки онҳо миллати тамаддунсоз ва фарҳангпарвар мебошанд, анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла ғояҳои сулҳҷӯёнаи гузаштагони худро пос медоранд. Дар ин самт Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикотиашон ба муносибати Рӯзи Конститутсия аз 5 ноябри соли 2016 зикр намуданд, ки “Мо бо қабули Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон доштем, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад”.

Баъди қабули Конститутсия роҳу равиш ва сатҳи зиндагии мардум дигар гардида, рушди падидаҳои конститутсионӣ бори дигар собит намуд, ки ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодии кишвар берун аз меъёрҳои Конститустия наметавонад, орому пурмаҳсул ҷараён гирад. Ғайр аз ин, ҳамаи пешравиҳое, ки дар ҳаёти ҷомеаи навини тоҷикон сурат гирифтааст, бидуни Конститутсия ва ислоҳоти баъдинаи конститутсионӣ ба амал омаданашон ғайриимкон буд.

Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳо ва вазифаҳои давлати соҳибистиқлоли кишвар бо дарназардошти дигаргуниҳои куллӣ дар дохил ва дар арсаи ҷаҳонӣ аниқтар шуданд. Таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқавории ҷумҳурӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардиданд.

Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия олимону муариххон даҳҳо китобҳо таълиф намуданд, ки имрӯз ба ҳайси консепсияи фарогири миллӣ хизмат намуда, барои дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон, беҳтарин раҳнамо мебошанд.

Ҳукумати мамлакат дар ин самт бо роҳи пешбурди ислоҳоти соҳаҳои мухталиф ва амалисозии як қатор барномаву стратегияҳои давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда, ба он муваффақ гардид, ки иқтисодиёти кишварро аз таъсири манфии омилҳои беруна ва буҳрони молиявии ҷаҳонӣ эмин нигоҳ дорад ва гузашта аз ин, давлату ҷомеаро ба маҷрои рушди бонизому устувор равона созад.

Адиб, риёзидон ва файласуфи шинохтаи фаронса Паскал Блез ҳанӯз дар қарни XVII гуфта буд: «пешбинӣ кардан-маънии идора карданро дорад». Ин маънои онро дорад, ки роҳбари давлати тоҷикон Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини бунёди давлатамон дар ҳамбастагӣ бо мардуми кишвар ба тариқи райпурси умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намуда, бо роҳи дурандешӣ, ояндабинӣ меъёрҳоеро ба он ворид намуданд, ки имрӯз хушбахтона, ба беҳдошти шароити иҷтимоиву иқтисодӣ, фазои тинҷу оромӣ ва сулҳу ваҳдати миллии мардуми тоҷик оварда расонида, дар ҳаёти рӯзмараи кишварамон дигаргуниҳои куллиро ба вуқуъ пайвастааст.

Албатта, агар мо хоҳем, ки дар ҷомеаи амну ором ва идорашаванда зиндагӣ кунем, бояд ҳама гуна чолишҳои зиндагонӣ ва таҳдидҳои ҷаҳони муосирро қаблан пешбинӣ намоем ва алайҳи онҳо сипари устувори маънавиро дар ҷомеаи худ мустақар созем. Маҳз бо ҳамин мақсад, дар таърихи давлатдориамон дар Конститутсия соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон ифодаи конститутсионӣ ёфтаанд.

Вобаста ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва татбиқи сиёсати байналмилалӣ Президенти кишвар ҳамасола дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат изҳори андеша карда, барои рушди минбаъдаи кишвар дар назди вазорату идораҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас мегузорад.

Маълум аст, ки аксари давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таърихи худро бо номи фарзандони бузурги худ, ки дар наҷоти ин кишварҳо нақши ҳалкунанда доштанд, пайваст менамоянд. Имрӯз дар бобати муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ, сулҳу ваҳдат, қабули Конститутсия ва дигар дастовардҳо бояд махсусан саҳми Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро таъкид намоем. Бо ифтихор бояд қайд намоем, ки маҳз суханрониҳо  ва фаъолияти амалии сарвари давлат дар қалби мардуми кишвар ҷои нотакрор ва сазовори худро ишғол карда, яке аз асосҳои дастгирӣ ва боварии халқ ба сиёсати пешгирифтаи роҳбари мамлакат гардиданд. Ин садоқату самимиятро Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни хидматҳояш дар назди халқу Ватан борҳо собит намудааст.

 Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон дар баробари ифтихор аз сулҳе, ки дастоварди бузурги таърихист, ҳамчун сарвати муқаддаси миллӣ ҳифз кардани он бошад, зеро бо баланд гардидани маърифати ҳуқуқии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун музафариятҳои он устувор мегарданд.

Аз тарафи дигар волояти Конститутсия ва қонун нишонаи муҳими давлати ҳуқуқбунёд мебошад, аз ин хотир риоя ва иҷрои ҳатмии Конститутсия ва қонун вазифаи авалиндараҷаи мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор, иттиҳодияҳо ва шаҳрвандон мебошад.

Дар ин замина, мо омӯзгорон сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пуштибонӣ намуда, баҳри таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ваҳдати миллӣ, пешрафти рушди соҳаҳои мухталифи кишвар тамоми ваколатҳои бо қонун пешбинишударо татбиқ намуда, дар ташаккулу инкишофи давлати ҳуқуқбунёд саҳм мегузорем.

Гузашта аз ин, ҳамчун омӯзгор ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бояд вазифаҳои муқаддаси шаҳрвандии худро дар доираи меъёрҳои Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар санадҳои қонунгузории кишвар иҷро намуда, дар таълиму тарбияи  насли наврас ва ба камол расонидани онҳо саҳми назаррас гузорем. Донишҷӯёну хонандагон ва фарзандонро бояд дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ, сухандонию суханварӣ ба камол расонида, сазовори гуфтаҳои Роҳбари давлат бошем ва бо дасту дили тоза, меҳру муҳаббати ватандорӣ ва ифтихор аз ҳар ваҷаб хоки ин сарзамин фаъолият намуда, барои гулгулшукуфии ватани азизамон ҳиссагузорӣ намоем.