Имрӯзи 5-уми ноябри соли 2020 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии тантанавӣ, бахшида ба 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Қиёмиддин Миралиёр, раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ, муовинони ректор, сардорони шуъбаҳою бахшҳо, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳо ва донишҷӯёни фаъол ширкат варзиданд.

Чорабинии мазкурро Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, ба муносибати ин ҷашни муҳими давлатӣ 26-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми ҳайати шахсӣ, собиқадорон, профессорон ва устодону донишҷӯёнро табрику муборакбод намуд.

Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, нақшҳои он ҳамчун роҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа асрҳои аср хидмат хоҳад кард.

Қиёмиддин Миралиёр, раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон, зимни баромади хеш зикр намуд, дар даврони истиқлолият ин санади олӣ бо як фазои озоди танзимнамоии муносибатҳои ҷамъиятӣ фаъолиятро то ба имрўз давом дода, дар рушди давлати соҳибистиқлоламон саҳми арзандаеро мегузорад. Таҳким ва иҷрои кафолати конститутсионӣ, албатта аз тарафи давлат назорат ва ба танзим дароварда мешавад.

Сиёвуш Абдураҳмонов, мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ  дар маърӯзаи худ қайд намуданд, ки бисту шаш соли амали Конститутсияи қабулгардида собит сохт, ки халқи тамаддунсозу фарҳангӣ ва ободгари мо он замон тавонист санаде қабул намояд, ки дар ҳақиқат таҷассумгари манфиатҳои миллӣ буда, рушди бонизоми давлат ва ҳаёти осудаи ҷомеаро таъмин менамояд. Гузашти солҳо дурустии роҳи интихобкардаи миллати тоҷикро, ки бо майлу иродаи мардуми кишвар дар Конститутсия дарҷ гардидааст, нишон медиҳад.

Эмомалӣ Набизода, омӯзгори кафедраи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ  қайд кард, ки дар тули ин солҳо ба Конститутсия бо роҳи референдуми умумихалқӣ 3 маротиба 26-сентиябри соли 1999, 22-июни соли 2003 ва 22 майи 2016 иловаҳо ва дигаргуниҳо ворид карда шуданд. Нақши ин хуҷҷати муҳим дар ташаккул ва инкишофи давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд беқиёс аст.

Дар фарҷоми чорабинӣ бо пешниҳоди сурудҳои ватандӯстона табъи ҳозиринро болида гардониданд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ