Дар толори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ баргузор гардид.

 

Сухани ифтитоҳиро Ҳ. Сафарбекзода, декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ҳусни ифтитоҳ бахшид. Дар ин баробар маърӯзаҳои С. Абдураҳимов, мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ дар мавзӯи «Конститутсия заминаи эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд», Э. Набизода, ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ дар мавзӯи “Нақши Конститутсия дар инкишоф ва танзими ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, С. Аскарализода, ассистенти кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ дар мавзӯи “Конститутсия ҳамчун санади таърихӣ- сиёсӣ” баромад намуданд.

 

Дар охир, роҷеъ ба мавзӯъҳои баррасишаванда аз ҷониби иштирокчиён фикру андешаҳои худро баён намуданд.

 

Маркази таҳлилӣ-иттилооти ДДБ