Қалъаи Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ ҷойгир мебошад. Ҳулбук дар асрҳои lX -Xl яке аз калонтарин шаҳр ва пойтахти Хатлон ба шумор мерафт. Дар ин ҷо қалъае вуҷуд дошт, ки дар вақти ҳафриёт аз он бақияи қасри пурзебу зинати Хатлон ёфт шуд.

 

Чуноне ки ҳафриётҳои Ҳулбук исбот менамоянд, дар асрҳои lX-Xl шишагарони Хатлон дар ин соҳа низ комёбиҳои зиёд доштанд. Ҳафриётҳо нишон медиҳанд, ки дар Ҳулбук ин ҳунар бо ду тарз ривоҷ намуда буд. Дар назди маҷмуъаи Ҳулбук осорхонаи таърихӣ кишваршиносӣ сохта шудааст, ки барои сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ хизмат мерасонад. Ҳулбук пойтахти Хуталон буда, дар асарҳои ҷуғрофии Истахрӣ, Ибни Ҳавқал Ҳудуд-ул- олам, Ал-муқадасӣ, ки ба асри X тааллуқ доранд, ёд шудааст. Ахбори ин сарчашмаҳоро дар бораи Ҳулбук шарқшиносбостоншиноси маъруфи ленинградӣ А.М. Беденитский ва махсусан муаррихи тоҷик Ғ. Ғоибов таҳлил ва баррасӣ намудаанд. Аз маълумоти ин сарчашмаҳо бар меояд, ки шаҳри Ҳулбук начандон дуртар аз ноҳияи Фархор ҷойгир будааст. Бори нахуст кишваршинос В.Р. Челитко Хиштеппаи дар ҳудуди деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ ҷойгирбударо мутааллиқ ба шаҳри Ҳулбук ҳисобидааст.

 

Соли 1953 баъди аввалин ҳафриётҳои бостоншиносӣ Б.А.Литвинский ва Е. Давидович ин фарзияро дастгирӣ карда, бо маводҳои бостоншиносӣ тақвият додаанд. Баъди ин бостоншиносон ба Хишттеппа номи Ҳулбукро додаанд ва имрӯз номи Хишттеппа амалан аз ёдҳо фаромӯш шудааст. Маълум аст, ки Хишттеппа номи халқи аст, мардуми маҳалӣ аз ин теппа хиштҳои пухтаро, ки боқимондаҳои деворҳо буданд, пайдо мекарданд ва аз ин рӯ, ба ин мавзеъ номи «Хишттеппа»- ро додаанд.

 

Дар мавриди таърихи бунёди шаҳри Ҳулбук ва ҷойгиршавии он Ғ.Ғолибов фикри махсуси худро дорад. Ба андешаи ӯ шаҳри Ҳулбук вуҷуд дошт –кӯҳна ва нав, харобиҳои шаҳр дар ҳудуди деҳаи Қурбоншаҳид буда, ба Ҳулбуки нав тааллуқ доранд. Ҳулбуки кӯҳна 8 км дуртар аз деҳаи Қурбоншаҳид дар ҳудуди деҳаи Ҳулбук ҷойгир аст.

 

Шубҳае нест, ки ин ном аз номи пойтахти Хуталони замони Сомониён шаҳри Ҳулбук аст. Ба ақидаи Ғ.Ғолибов дар ибтидо шаҳри Ҳулбук дар деҳаи Ҳубак ҷойгир будааст. Маълум аст, ки барои чунин фарзияро пешниҳод кардан пеш аз ҳама як хел будани номи ин деҳа ба номи шаҳр асос шудааст.

 

Бояд тазаккур дод, ки шаҳри Ҳулбук яке аз мавзеъҳои таърихии миллати тоҷик ба шумор меравад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ ин ёдгорӣ мутааллиқ ба замони Сомониён мебошад.

 

Баъди барҳам хурдани ИҶШС ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар замони соҳибистиқлолии мамлакат доир ба ин мавзеъ кофтуковҳои бостоншиносӣ то ба ин ҷониб идома дорад ва то ҳол аз ин ҳудуд ёдгориҳои нодири замони Сомониён аз ҷониби бостоншиносон дарёфт гардиданд.

 

Ёдгории таърихии Қалъаи Ҳулбук яке аз мавзеъҳое ба шумор меравад, ки аз он ҳамасола сайёҳони дохилию хориҷӣ дидан намуда, ба худ як ҷаҳон маънии таърихӣ бардошт менамоянд. Дидан намудани ҷавонон аз мавзеъҳои таърихӣ институте ба шумор меравад, ки ҷавононро дар руҳияи ватандорию ватандӯстӣ ба воя мерасонад. Аз ин лиҳоз ба ҳамаи ҷавонон даъват ба амал меоварам, ки аз чунин мавзеъҳои таърихии миллӣ дидан намуда, фаҳмиши таърихии худро бой гардонанд.

 

Нуралӣ ШАРИПОВ,

донишҷӯи соли 4-уми факултети таърих ва ҳуқуқ