Бо гузаштан ба иқтисоди бозорӣ азхуднамоии амволи ғайриманқул ривоҷ ёфта, қисми зиёди биноҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ баҳогузорӣ шуда, ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ фурӯхта шуда истодааст. Амволи ғайриманқул – ин объекти физикие мебошад, ки дар макони аниқ ҷойгир шуда, хизматрасониҳои гуногунро бо гирифтани фоидаи соҳибҳуқуқӣ адо менамоянд.

 

Объектҳои физикӣ бо худ алоқаманд буда, дар қисматҳои болои замин сохта шуда, байни якдигар хизматрасониҳо ва корҳои ҳуҷҷатнигориро иҷро мекунанд. Аввалин маротиба фаъолияти баҳогузории амвол ҳамчун шакли фаъолият дар шаҳри Лондон аз тарафи шоҳи ин давлат соли 1961 дар Донишгоҳи Чартерӣ ташкил дода шудааст. Айни замон ин ташкилоти номбурда яке аз корхонаҳои азими босалоҳият дониста шуда, мутахассисони соҳаро оиди бозомӯзӣ, баҳогузории амволи ғайриманқул ҷамъ менамояд.

 

Сохтори фаъолияти дилхоҳ амволи ғайриманқул, ҳамчун объекти баҳогузорӣ бо кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешавад.

 

Гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ба давлати мо ва дигар давлатҳои абадқудрати дунявӣ бисёр мушкилотҳоро, ба монанди пайдоиши якчанд равандҳои илмӣ, истифодаи корҳои таҳқиқотии амалии амвол ва дуруст ба роҳ гузоштани сохтори сифати баҳогузорӣ ба амволи ғайриманқул сари роҳ овард.

 

Бозори амволи ғайриманқул – омили асосии бозори иқтисодии миллӣ буда, дар навбати худ маҷмӯи объектҳои амволи ғайриманқулро дарбар мегирад. Онҳо субъектҳои иқтисодӣ буда, такя ба бозор намуда, равандҳои иқтисоди бозор, ҷараёни истеҳсолот, меъёрҳои ҳуқуқиро нигоҳ ва риоя менамояд.

 

Айни замон дар бозори амволи ғайриманқул маҷмӯи зерини обеъктҳо – хонаҳои истиқоматӣ, иморатҳо ва котеджҳо барои истифодаи офис, иморатҳои истеҳсолию савдо, бӯстонсаройҳо ва хонаҳои маҳалҳои хоҷагии қишлоқ бо заминҳои наздиҳавлигиашон баҳогузорӣ шуда, ба фурӯш гузошта мешаванд. Ҳар як минтақа вобаста ба сифати заминҳояш талаботҳои меъёрию андозаи нархномаҳои худро доро мебошад.

 

Дар корҳои амалӣ, истеҳсолӣ- иқтисодӣ ҳолатҳои ҳалталаб ба миён меояд, ки арзиши аслии воситаҳои асосии корхонаҳои истеҳсолиро нисбати арзиши бозор муайян намуда, ба фуруш гузоштан лозим мешавад.

 

Ҳангоми баҳогузорӣ намудани арзиши амволи ғайриманқул амалиётҳо оиди фурӯши амволи ғайриманқул, пешниҳоди қарз бо истифодаи кафолат, суғуртакунонӣ, андозбандӣ ва гузаронидани амалиётҳои баҳси тарафдорон бо роҳбарии аъзоёни суди иқтисодӣ дида мешаванд.

 

Муайянамоии арзиши бозории объетҳои амволи ғайриманқул як амали хеле мураккаб ва баҳсталаб мебошад, чунки дар ягон давру замон ду бино, иншооти куллан якхела дида намешавад. Ҳато ҳангоми ин биноҳо бо як лоиҳа сохтанашон, дар минтақаҳои гуногуни ноҳияҳо, арзиши аслии онҳо фарқкунанда мебошад.

 

Омили асосии иқтисодии баҳогузории амвол дар он дида мешавад, ки айни замон натиҷагирии ҷузҳои таркиби амвол, дуруст мушаххас баҳогузорӣ нашуда, дар донишгоҳҳои лоиҳакашӣ пойгоҳи тахассусӣ баҳогузорӣ карда намешавад, чунки айни замон мутахассисони соҳибтаҷриба оиди баҳогузорӣ ба амволи ғайриманқул дар сатҳи лозима ва андозаи даркорӣ кам дида мешавад.

 

Нуралӣ ҚУРБОНОВ,

саромӯзгори кафедраи сохтмони факултети техникӣ ва технологӣ