Таҳлилгарон ба он назаранд, ки ҳаводиси идеологӣ-сиёсии кишварҳои мусулмонӣ ба як бӯҳрони бузург гирифтор шудааст, ки низоъу ҷангҳои нав ба нав ва дар майдони муборизаҳои сиёсӣ пайдо шудани ҳизбу ҳаракатҳои нави динӣ нишони аёни он мебошанд.

 Ифротгароӣ ва иғвоангезӣ дар тамоми давру замон ҳамчун падидаи ногувор ва номатлуб шинохта шуда, ҷомеаро ба оқибатҳои нохуш гирифтор месозад. Ниёгони мо гуфтаанд: «Зи душман наояд ба ҷуз душманӣ».

Бинобар ин, нисбати инсонҳое, ки ба обу хоку ҳавои меҳан, осоишу оромӣ ва рушди беамсоли он носипосӣ мекунанд, оштинопазир будану алайҳи бадкориҳои эшон зарба задан рисолати ҳар фард маҳсуб мешавад, зеро онҳо ба ҷомеаи мо хатар доранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба вазъи имрӯзаи бархе аз мамлакатҳо, ки дар он ҷо терроризму экстремизм реша давондааст, бо изҳори нигаронӣ чунин қайд намуданд: «Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем». Дар воқеъ, авҷ гирифтани терроризм имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Дар мубориза алайҳи он ҷиҳати несту нобуд карданаш мардуми сайёра талош меварзанд. Дар ин раванд, мо ҷавононро мебояд аз тамоми навгониҳои ҷаҳон бохабар бошем, барои пешрафти кишвари азизамон ва рушди бемайлони тамоми соҳаҳо саҳмгузор бошем. Нагузорем то фарзанди модари шафиқу меҳрубони тоҷик фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғи кадом як хоҷаи бесаводу ғоратгари хориҷа гардад.

Экстремизму терроризм ва ифротгароиву иғвоангезӣ бар зарари осудагиву оромӣ ва сулҳу суботи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, мубориза бо он имрӯз аз мавзӯъҳои аввалиндараҷаи амнияти кишварҳо гаштааст.

Тоҷикистон низ ин падидаҳои номатлубро сахт маҳкум намуда, баҳри ҳифзи марзу буми аҷдодӣ, таъмини сулҳу оромии ҷомеа, расидан ба ормонҳои мардум ва рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад.

 

Наҷмиддин РАҶАБОВ,

донишҷӯи курси дуюми факултети педагогика ва варзиш