Бо чунин ном дар гурӯҳи 308 ва 309-и факултети менеҷмент ва низоми гумрукӣ Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соати тарбиявӣ дар мавзӯи  “Президенти мо – Пешвои мо” ва “Иҷлосияи 16- уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. 

 

Нахуст Шодмон Бақоев, мудири  кафедраи андоз ва андозбандӣ оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуд.

 

Сипас, Иномҷон Ғоибназаров, донишҷӯи курси 3-юми факултети менеҷмент ва низоми гумрук дар мавзӯи “Президенти мо – Пешвои мо”  маърӯза кард.

 

Дар идомаи маърӯзаи худ зикр кард, ки Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазоӣ нави сиёсӣ буда, дар таърихи миллати тоҷик саҳифаи наверо боз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 нақш ва мавқеи Иҷлосияро ба сифати рӯйдоди сарнавиштсози миллат муайян намуд, зеро он дар кишвар гардиши куллиеро ба вуҷуд овард.

 

Маҳз дар Иҷлосияи такдирсоз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби намояндагони мардуми кишвар ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ҳамзамон ваколати Сардори давлат ба он кас дода шуд. Сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат назми ҷомеаро ба вуҷуд оварда, мардумро ба ояндаи дурахшон бовар кунонид.

 

Воқеан ҳам Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар савганди худ содиқ монда, барои ба даст овардани сулҳи тоҷикон нахуст дасти мардонагии худро ба сӯи мухолифини ҳукумат дароз карда, сулҳи ҷовидонаи тоҷиконро ба даст оварданд.

 

Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҳалқаҳои аз ҳам гусастаи Тоҷикистонро ба занҷираи мустаҳками иттиҳод пайваст, миллати азияткашидаи тоҷиконро аз вартаи ҳалокат ва нобудӣ ба раҳоӣ овард. 

 

Дар охир, иштирокдорон фикру андешаҳои худро оид ба Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд.

 

Маврид ба ёдоварист, ки дар дигар гурӯҳҳои 111, 112, 211, 212 ва 407-и факултети менеҷмент ва низоми гумрукӣ Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи “Президенти мо – Пешвои мо” ва “Иҷлосияи 16- уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистонсоати тарбиявиро гузарониданд.

 

Расул ТУРСУНОВ,

Бахтовар ФАЙЗУЛЛОЕВ,

омӯзгорони кафедраи андоз ва андозбандии ДДБ