Имрӯз 11-уми ноябри соли 2020 дар факултети филологияи тоҷик аз ҷониби омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти  тоҷик Собирҷон Боймуродов дарси намунавии тарбиявӣ дар мавзӯи “Пешвои сулҳофари мо” бахшида ба “Рӯзи Президент”  ва “Иҷлосияи тақдирсоз” дар курси 3-юми ихтисоси журналист-тарҷумон баргузор гардид. 

 

Дар дарс Сангимурод Шарипов, декани факултет, мудирони кафедараҳо ва омӯзгорони факултет иштирок доштанд.

Соати тарбиявии Собирҷон Боймуродов, омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти  тоҷик бо презентатсия ва айёнияташ ба қоидаҳои маъмули педагогӣ ҷавобгӯ буд. Омӯзгор бо риояи меъёрҳои забони адабӣ ва лаҳни бурро ба донишҷӯён муроҷиат менамуд ва мавзӯи соати тарбиявиро мефаҳмонид.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ