Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо ибтикори кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалии факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Нақши Президент дар таҳкими ваҳдатдории миллӣ” мизи мудаввар доир гардид, ки дар он Сафарбекзода, декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ,  Д. Саидзода, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ, А. Саидов, мудири кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ифтитоҳи мизи мудаввар Ҳ. Сафарбекзода, декани факултети сиёсат ва идораи давлатӣ ҳозиринро хайрамақдам гуфта, вобаста ба муҳимияти ин рузи таърихӣ, ҷашн гирифтани “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд.

Мақсад аз ҷашн гирифтани “Рузи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳамчун ид аз он иборат аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи давлат президентӣ буда, мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби олии ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб рафта, нақши Президент дар идораи давлат басо бузург аст.

Ҳамчун рӯзи Ид қабул шудани “16 ноябр” рамзӣ буда, он ба хотири бори аввал аз ҷониби якумин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар асоси Конститутсияи аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гашта интихоб шуда, 16 ноябри соли 1994 савганди садоқат ёд кардааст, бахшида шудааст.

Ҳамчунин дар мизи мудаввар омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет дар мавзӯи “Нақши Президент дар таҳкими ваҳдатдории миллӣ” баромадҳо намуданд.

 

 

 

 

 

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ