Имрӯз дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бахшида ба 16-уми ноябри –  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба корҳои таълим, Латифзода Асрор, муовини раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ, Сиҷоуддин Саломзода, раиси шаҳри Бохтар, Миралиён Қиёмиддин, раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок доштанд.

Меҳмонон қабл аз оғози чорабинӣ намоиши асарҳои пурғановати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар асарҳои марбут ба кору фаъолияти ин абармарди тоҷик дидан карданд.   

Баъди ботантана садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ оғоз гардид.

Дар ҷамъомад Қудратулло Абдураҳимзода, муовини ректор оид ба таълим суханронӣ  намуда иброз дошт, ки бо назардошти хидматҳои содиқона ва мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат ҳалқи шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯзҳо ин санаи фархундаро бо эҳтиром ба Сарвари давлат ҳамчун Рӯзи Президент бо фараҳу шодӣ ва шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил менамоянд.

“Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар аз як тараф дар ҳаёти сиёсӣ, илмӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар самтҳои фаъолияти мардум тағйироти куллиро ба бор оварда, дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳуқуқу озодиҳои инсон дар кишвар заминаи мусоид гузошта бошад, аз ҷониби дигар ҷиҳати зуҳури фарзанди фарзонаи миллат, яъне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсат ва давлатдории муосири арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ дорад”, – афзуд Қудратулло Абдураҳимзода.  

Латифзода Асрор, муовини раиси Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ зикр намуд, ки дар чунин давраи ҳассос, низоҳои сиёсӣ, харобшавии институтҳои давлатдорӣ замон ва таърих шахсеро барои раҳонидан аз вартаи ҳалокат ва муттаҳидсозии миллат ба майдон овард, ки нияту орзуяш бо дарки худшиносии миллӣ ва ормонҳои ҳазорсолаи миллат ҳамовоз буд.  

Др идомаи суханронӣ зикр намуд, ки мардуми шарафманду сулҳпарвари мо ин абармарди таърихро дар интихоботи навбатӣ аз сари нав Сарвари худ пазируфтанд. Дар ҳақиқат, Ӯ ба ин вазифаи олӣ арзанда аст. Ин дӯстдорӣ бесабаб нест. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, Истиқлоли Ватани азиз, пешрафту ободиҳо маҳз бо шарофати фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд.

Миралиён Қиёмиддин, раиси ҲХДТ дар вилояти Хатлон баромад дошта, арз дошт, ки дар натиҷаи фаъолияти бисёрсамтаи Пешвои миллат давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти ҳудудии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию этнофарҳангӣ эҳё ва ҳифз шуд, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон таъмин гашт, зерсохторҳои зарурии ваҳдати миллӣ барқарор шуд, самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас гашт, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гардид ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.

Сипас, дар чорабинӣ  Мизошариф Холназаров, мудири кафедраи фаъолияти бонкии донишгоҳ дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар амалисозии ҳадафҳои миллӣ”, Эмомалӣ Раҳмон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ»,  Алихон Саидов, мудири кафедраи фалсафа  ва фарҳангшиносии донишгоҳ дар мавзӯи «Ҷасорати сарварӣ дар таҳкими Ваҳдати миллӣ»   оид ба фаъолияти сиёсии Пешвои миллат, хизматҳои Сарвари давлат дар инкишофи соҳаи маориф ва ҷилваҳои ихлосу иродат дар шахсияти сиёсиву давлатмадории Роҳбарияти Олии кишвар суханронӣ карданд.

Дар чорабинии мазкур филми мустанад таҳти унвони “Корномаҳои Пешвои миллат” ки фарогири ҷанбаҳои фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, манзури ҳозирин гардонида шуд.

Дар идомаи чорабинӣ,  барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амали сохтани ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва саҳми муносиб гузоштан дар маъракаи интихоботӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Баротзода Шарифхон Маҳмадхон, сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ бо сипоснома қадрдонӣ гардид.  

Баъдан, барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав манзури иштирокчиён гардид.

 

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ