Идораи патентии Авруосиёгӣ (ИПАО) универсиадаи патентии авруосиёгиро таҳти унвони «Назар ба оянда» бахшида ба 25-солагии ташкилоти патентии Авруосиёгй эълон менамояд.

Барой иштирок дар универсиада толибилмони муассисаҳои таълимй ва дигар шахсони хавасманди синну соли аз 18 то 25 сола (категорияи дуюми синусолй) даъват карда мешаванд.

Универсиада дар шакли озмуни корҳои эҷодӣ (корҳое, ки дар онҳо натиҷаҳои эҷодиёти илмӣ-техникӣ пешниҳод карда мешаванд) дар мавзӯъҳои зерин баргузор мешавад:

  • «Мо наели Тесла Н. ҳастем. Тамоми қонунҳои табиат дар дасти мост»;
  • «Мо наели Менделеев Д. ҳастем. Каме афсунгари менамоем? Бале! Ва давомнокии умрро зиёд хоҳем*кард!»;
  • «Мо наели Авиценна ҳастем. Ҷилди шашуми китоби “Қонуни тиб”-ро эҷод намуда истодаем!»;
  • «Мо наели А. Гауди ҳастем. Чй гуна аст он, шаҳри фардо?»;
  • «Ҳамеша дар тамос – якҷоя таҳсил мекунем, якҷоя истироҳат менамоем. Низоми таълими фосилавӣ ва истироҳати интерактивй»;
  • «Масофаи иҷтимоӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ – роҳҳои нави таъмини алоқаи бехатар дар ҷаҳони муосир»;
  • «Муҳофизат аз вирусҳо – душман намегузарад! Низомҳои муҳофизати шахсӣ барои табибон ва беморон аз сироят»;
  • «Тезтар, баландтар, қавитар ва … наздиктар! Дастгоҳҳо ва системаҳои инноватсионй барои дар ҳолати хуб нигоҳ доштани бадан дар шароити пандемия».

Кори эҷодӣ ё лоиҳаи эҷодиро ҳам иштирокчии алоҳидаи Универсиада ҳамчунин гурӯҳи иштирокчиён мустақилона ё бо роҳбари илмӣ иҷро карда метавонанд.

Кори эҷодӣ метавонад ба забонҳои русӣ ё англисӣ пешниҳод карда шавад. Талаботҳо нисбати тартиби кори эҷодӣ ва маводҳои ба он замимашуда дар сомонаи \у\уду,еаро.огй ҷойгир карда шудаанд.

Муҳлати фиристодани корҳои эҷодй ба ИПАО аз 15 октябри соли 2020 то 28 феврали соли 2021 бо суроғаи: Россия, 109012, Москва, М.Черкасский пер., 2 мебошад. Якҷоя бо корҳои эҷодӣ (лоиҳаи эҷодӣ) ариза барои иштирок дар Универсиада ба Идораи патентии Авруосиёгй фиристода мешаванд.

Ҳамоҳангсоз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудани корҳои эҷодӣ Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» (суроға: шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнй 14а) мебошад.

Натиҷаҳои Универсиада то 31 марта соли 2021 интишор карда мешаванд.

Ҷоизадорони Универсиада бо медали Идораи патентии Авруосиёгй “Нигоҳ ба оянда”, тӯҳфаҳои арзанда ва дипломҳо сарфароз карда мешаванд.

Маълумот барои ҳамоҳангсозӣ:

Тел: 2222153; 92Ш2040; 935129274

Почтаи электронй: 12оЬге1еп1е@пср1.1]

ЗАЯВЛЕНИЕ