Барои халқи тоҷик солҳои Истиқлолият давраи таҳкими сулҳу субот, ризоияту ваҳдати миллӣ, ташаккули иқтисодиёт, марҳалаи пешрафту таҳаввулоти азим дар ҳама самтҳои зиндагӣ, давраи дастовардҳои беназири сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодию маънавӣ ва фарҳангӣ буд.

 

Раванди сулҳи тоҷикон рӯйдоди душвор, вале муҳими сиёсӣ буд. Бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик, комилан, ба сулҳу ваҳдат расид. Ин рӯйдод муваффақияту дастоварди бузурги тамоми тоҷикони олам маҳсуб меёбад. Таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, ки асосгузораш, Пешвои қарни XXI, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, имрӯзҳо мавриди омӯзиш ва таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ қарор дорад.

 

Ин ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати дорои фарҳангу таърихи бузург аз ин имконият ва неъматҳои худодод истифода бурда, худро аз вартаи ҳалокат наҷот дод. Имрӯз барои мардуми тамаддунофари тоҷик қисмат имтиҳони дигареро пеш овардааст. Нанговар аст, ки давоми солҳои охир якчанд тан ҷавонони кишвари мо ба дасисаву андешаҳои ғаразноки ифротгароёну душманони аҳли башарият дода шуда, даст задан ба амалҳои номатлубро пеша намудаанд. Имрӯз ангуштшумор ҷавонони тоҷик аз кӯтоҳандешӣ ва нодидагирӣ аз оромӣ, амонӣ ва сулҳу суботи Ватани азизамон Тоҷикистон бо дасисабозиҳои гурӯҳҳои ифротию манфиатҷӯён, ки ба номи Ислом иснод овардаанд, фирефта гардида, дар бенизомии мамлакатҳои беруна даст доранд. Вале ин танҳо фикри хоми онҳост, ки аз тарафи хоҷагони бурунмарзӣ амалӣ мегардонанд. Ҳамаи ин воқеияту рӯйдодҳо ҳақиқатеро таъкид менамоянд, ки мушкилоти аср ва таҳдидҳои нав ба тамаддуни башарӣ мунтазам афзоиш ёфта, амнияти давлатҳои хурду бузурги олам ва ҳатто тақдири тамоми аҳли башарро бо хатарҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ сохтаанд. Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳояш чунин иброз доштанд, ки «Махсусан, бо сабаби беназоратӣ, дуруст тарбия наёфтан, аз мактаб дур мондан ва аз муҳити тарбияи хонавода ва ҷамъият берун шудан боис гардидааст, ки иддае аз наврасону ҷавонон ва занону духтарон ба амалҳои номатлуб даст зада, мақому манзалати оиларо паст мезананд».

 

Яке аз масъалаҳои мубрами дигаре, ки имрӯз ҷовонон бештар ба он таваҷҷуҳ зоҳир намудааанд, ин тақлиди онҳо ба бегонапарастӣ ва ба тан кардани либосҳои ғайри миллӣ мебошад, ки сари ин масъала роҳбари давлатамон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ ба муносибати Рӯзи модар, 6 марти соли 2015 иброз намуда буд: «Ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.

 

Мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошт ва ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво нест. Шумо худатон хуб медонед, ки ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест. Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд».

 

Имрӯзҳо дар фазои сулҳу субот ва оромии кишвар, дастгириҳои давлату ҳукумат, бахусус Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон, соҳаи варзиш ва сайёҳӣ рӯз ба рӯз афзуда, корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ барои таъмини ҷавонон ба ҷойҳои кори доимӣ муҳайё карда шуда истодааст. Барои ба таҳсил фарогирии ҷавонон квотаҳо ва бурсияҳои президентӣ, барои ҳавасмандгардонии хонандагон идрорпулиҳои президентӣ, барои донишҷӯёни хориҷи кишвар идрорпулии «Дурахшандагон», барои олимони ҷавон «Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ» дар соҳаи илм ва техника муҳайё карда шудааст.

 

Имрӯзҳо ҳақиқати ислом ва озодии онро дар Тоҷикистон мебинем, дар фазои сулҳу дӯстӣ ва озодонаи он кору зиндагӣ карда, ҳавои накҳатбори онро нафас мегирем, аз кӯҳҳову мавзеъҳои дилфиребаш дидан карда, рӯҳу илҳоми тоза мегирем ва аз чашмаҳои поку босафояш об менӯшем. Мутаассифона, баъзе ҷавонони гумроҳро чи шудааст, ки аз ин неъматҳои бебаҳои атокардаи Худованд дар Ватани азизамон – Тоҷикистон бенасиб гардидаву дар итоати хоҷагони бурунмарзӣ ва бо коргардонҳои пасипардагӣ фаъолият доранд?

 

Давлат ва ҳукумати кишвар ҷиҳати беҳдошти сатҳи зиндагии мардум ва баланд гардонидани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, бахусус дониши ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.

 

Зеро ин талаби давру замон буда, воқеан ҳам имрӯз ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёди мо эҳтиёҷ ба насли мусаллаҳ бо тамоми донишҳои муосир, алалхусус, маърифати баланди ҳуқуқӣ дорад, ки поягузори эҳсоси волои ватандорист.

 

Имрӯз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. Ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон, яъне ваҳдати миллӣ ва истиқлолият вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рӯзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидаем.

 

Баҳодур ИМОМАЛИЕВ,

омӯзгори кафедраи фаъолияти гумрукӣ факултети менеҷмент ва низоми гумрук