Имрӯз 16-уми ноябри соли 2020 бо ташабусси Давлаталӣ Алимов, мудири кафедраи таърихи умумии факултети таърих ва ҳуқуқ бо як гурӯҳ донишҷӯён аз осорхонаи таъриху кишваршиносии Донишгоҳи  давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дидан карданд.

 

Иқдоми мазкур бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” амали карда шуда барои омӯзишу таҳқиқи илми таърих шинососии бевоситаи толибилмон аз ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ аҳамияти муҳими амалиро дорад.

 

Баҳри баланд гардидани ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии шаҳрвандон, бахусус насли наврасу ҷавон омӯзиши саҳифаҳои таърихи пурғановату бунёдкоронаи ниёгон нақши муҳим дорад. Дар ин ҷода осорхона чун муассисаи маданӣ-маърифатии оммавӣ бо намоиши нигораҳо саҳми назарас дошта дар шакли айёни аз гузаштаи дуру наздики бою рангин ва омӯзандаи таърихи ниёгон шаҳодат дода дар мукамалтар гардонидани донишҳои таърихии сокинони кишвар мусоидати хоса менамояд.

Дар рафти тамошои осорхонаи таъриху кишваршиносии донишгоҳ, донишҷӯён аз намоиши гушаҳои дирӯз ва имрӯзи донишгоҳ, кулолгарӣ, оҳангарӣ, ҳунарҳои мардумӣ, илм ва техника ва гушаи бахшида ба 5500 солагии Саразми бостонӣ ошно гардиданд.

Тазаккур бояд дод, ки аз осорхонаи мазкур ҳамарӯза донишҷӯён аз факултетҳои донишгоҳ дар шакли гурӯҳҳои дастаҷамъона ё зергурӯҳ дар рафти дарсҳои амалию семинарӣ ё вақти танафуси миёни дарсҳою бастҳо дидан намуда дониши хешро мукамал менамоянд.

Тағойзода Саидмурод Қудратулло,

мудири осорхонаи таъриху кишваршиносии

ДДБ ба номи носири Хусрав