Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президен-

ти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар

мулоқоташон бо зиёиёни мамлакат қайд намуда буданд, ки

«Дар воқеъ, таърих оинаи ҳар як халқу миллат мебошад. Мо

бояд ин оинаро ҳамеша беғубор нигоҳ дорем, то ки мардум

ва махсусан наврасону ҷавонон роҳи пуршарафи тай кардаи

халқамонро дар он равшану возеҳ дида тавонанд».

 

Истиқлолияти давлатӣ волотарин ва пурарзиштарин дастоварди миллати тоҷик пас аз ҳазорсолаҳо буда, нишонаи ҳувият ва озодӣ, рамзи тамаддунофарӣ ва якдилии миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.

 

Тоҷикистон маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи чаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии дунё бо ҳама махсусиятҳои давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.

 

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик Истиқлолияти хешро ба осонӣ ба даст наовардааст, балки баҳри ноил гаштан ба ин неъмати бузург Тоҷикистони азизи мо бисёр имтиҳонҳои сахту сангини таърихро аз сар гузаронидааст. Асри 20, ки яке аз давраҳои душвори пойдории миллати тоҷик буд, фарзона фарзандони ин насли ориёиҳо С. Айнӣ, Б. Ғафуров, Н. Махсум, Ш. Шоҳтемур ва амсоли онҳо қаҳрамонҳое буданд, ки бо дониш заковату нангу номуси ватандориашон баҳри бунёди давлатдории миллии тоҷикон хизматҳои бузург кардаанд. Пас аз фурӯпошии Империяи Иттиҳоди шӯравӣ Тоҷикистони азизи мо Истиқлолияти давлатии хешро ба даст овард. Аммо ин давлати тозаистиқлолро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба коми худ фурӯ кашид. Дар натиҷа корхонаҳои саноатӣ аз фаъолият боз монданд, шаҳрвандон аз норасоии маводи озуқа азият мекашиданд, қисме аз мардуми шарифи кишвар гурезаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва дигар ҷумҳуриҳо гаштанд, ки миллатро парокандагии азими сиёсӣ фаро гирифта буд. Хушбахтона, дар ин ҳаводисҳои бисёр ҳам тақдирсози халқи тоҷик Худованд рӯйи саҳнаи сиёсати кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳдо кард. Ин шахсияти бузург бо сиёсати хирадмандонаашон тавонистанд миллати парешонгаштаро сарҷамъ намуда, сулҳу ваҳдати миллиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон таъмин созанд. Тамоми дастовардҳои минбаъдаи миллати тоҷик бо номи Пешвои муаззами миллат иртиботи ногусастанӣ дорад.

 

Моро месазад, ки аз таърихи гузаштаи худ дарси зиндагӣ омухта, ба фарҳангу анъанаҳои чандинҳазор солаи хеш арҷ гузорем ва баҳри пойдории сулҳу ваҳдати ватамон саъю талош намоем.

 

Парвиз АСЛАМОВ,

донишҷӯи курси 2-юми факултети таърих ва ҳуқуқ