Имрӯзҳо дар фазои тинҷию оромӣ, сулҳу ободии Ватани азизамон Тоҷикистон,  таҷлили ҷашнвораҳои муҳими таърихию сиёсӣ, аз ҷумла таҷлили 28-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Рӯзи Президент”  ҷашн гирифта мешавад.

 

Бояд гуфт, ки “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”, рӯзи такдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон, марҳилаи  муҳими давлатии шурӯъ намудан ба иҷрои вазифаи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Конститутсия аст.  16 ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик ниҳоят ҳассосу мушкил ва сарнавиштсоз доир гардида, дар  иҷлосияи тақдирсоз Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихобот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

 

Дар таърихи навини давлатдории тоҷикон Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи худро ҳамчун рӯйдоди тақдирсоз ва ҳалкунанда касб намудааст. Баргузории иҷлосияи ин оғози давраи наве дар таърихи навини тоҷикон, оғози марҳилаи воқеии расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, таъмини сулҳу суботи миллӣ ва эҳёи рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумлаи роҳбаронест, ки шахсияти сиёсии ӯ лаҳза ба лаҳза ва қадам ба қадам, дар пеши назари мардум, ҳамнафас бо ғаму шодии миллат ташаккул ёфта, ҷойгоҳи мардумии худро ба таври табиӣ дарёфтааст.

 

Албатта, комёбиҳои ин миллат ва кишвар зери сарварии Эмомалӣ Раҳмон бисёр зиёданд, вале фақат дарк, муқоиса ва ҷамъбасти дастовардҳо дар бунёдии ин марҳила кофист, то дарк шавад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари пурталоши он чӣ масиреро тай карда ва чӣ дастовардҳои азимеро ноил шудаанд.  

 

Ҳамагон дар ёд доранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури вакилони иҷлосияи таърихӣ ва дар пешгоҳи халқи шарифи Тоҷикистон савганд ёд кард: агар лозим шавад, ба ивази ҷони худ сулҳу ваҳдатро ба Тоҷикистони азиз бозмегардонам ва то даме, ки як гурезаи тоҷик дар хориҷ ба сар мебарад, ором зиндагӣ нахоҳам кард.

 

Имрӯз мардуми Тоҷикистон ба Эмомалӣ Раҳмон на ҳамчун ба як роҳбари одӣ, балки ҳамчун ба як наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ менигарад. 

 

Бояд қайд кард, ки бо таклифу пешниҳодҳои мардуми кишвар вобаста ба талошу ғамхориҳо ва хизматҳои шоистаи фарзанди мушкилнописанди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти қонунбарои кишвар санаи 25 декабри соли 2015, №1259 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” қабул гардид. Қонуни мазкур аз 16 модда иборат буда, вазъи сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллатро муқаррар карда, уро ҳамчун Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, эҳёгари таъриху фарҳанги бою  ғании миллати куҳанбунёд ва тамаддунофари тоҷик, ҳифзи арзишҳои таърихии давлатдории миллӣ, фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як инсон эътироф кардааст. Мувофиқи талаботи қисми 3 моддаи 1 қонуни мазкур “Ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Эмомалӣ Раҳмон, ки барои халқи Тоҷикистон хизматҳои бузургу беназир кардааст, эътироф карда мешавад.” Қонуни мазкур низ имтиёзу кафолатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар давраи фаъолият ва баъди қатъ гаштани фаъолияти президентиаш муқаррар  намудааст, ки ин баёнгари он аст, ки сулҳу субот дар ҷомеа, инкишофи устувори кишварҳои рушдёбанда ба андозаи зиёд аз мавқеъ ва фарҳанги пешвои миллӣ, аз сифатҳои ахлоқӣ ва сиёсии ӯ, аз қотеъият ва мавқеи фаъоли вай дар ҳифзи сулҳу субот вобаста аст.

 

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат иброз доштанд, ки “Ҳоло шумораи занон дар соҳаҳои маориф беш аз 70 фоиз, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 67 фоиз, фарҳанг 51 фоиз ва дар сафи хизматчиёни давлатӣ 23,3 фоизро ташкил медиҳанд. Мо минбаъд низ ҷиҳати амалӣ намудани Фармони Президент доир ба баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб мекунем. Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем.”

 

Имрӯз бо тамоми ифтихору итминон метавон гуфт, ки фарзанди  шарифу меҳанпарвари тоҷик, Сарвари давлат, Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон рисолати таърихии худро дар назди миллат, Ватан ва таърих бо сарбаландӣ ба ҷо оварда, сулҳу суботи устувор ва заминаҳои мусоидро барои рушди миллат таъмин намуданд. Ҳамаи ин комёбиҳо нақши иҷлосияро дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ҳамчун наҷотбахши давлат ҷовидона мегардонанд.

 

Таҷлил намудани “Рӯзи Президент” ин боварию, эътимод ва меҳру муҳаббати самимонаи хурду бузурги мардуми тоҷик нисбат ба  Пешвои муаззами миллат мебошад. Имрӯзҳо дар дилу дида ва гуфтори ҳар як фарди баору номуси миллат, роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамун Президенти мардумӣ, Президенти ятимпарвау сулҳовар, Президенти маорифпарвару бунёдкор ва ҷавонпарвар шунида ва эҳсос карда мешавад, ки ин аз матонату қавииродагӣ ва фазилатҳои хуби ин шахсияти барҷастаи таърихи гувоҳи медиҳад.

 

Ҷойи ифтихор аст, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун як мактаби бузурги сулҳофарӣ ва ҳалли низоъҳо эътироф намуда, мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор медиҳад. Мо насли ҷавони созандаи кишварро месазад, ки дар пайрави аз Пешвои миллати худ ифтихор намуда, таҷрибаи сулҳовар ва мактаби бузурги сулҳпарвару онро биомӯзем.

 

Наргис НУРАЛИЗОДА,

раиси бонувони ДДБ