Китоб бунёди ҳама гуна комёбиҳо маҳсуб меёбад. Ба воситаи китоб ганҷинаи хирад ороста мегардаду кохи дониш бунёд меёбад. Ин махзани илму дониш раҳнамои боэътимод ва бохиради ҳамагон буда, ҷодаҳои имрӯзу фардоро мунаввар мегардонад.

 

Барои ба қуллаи мақсуд расидани инсоният ва доштани тамаддуну фарҳанг воситаҳои зиёде ба назар мерасанд. Яке аз чунин воситаҳо китоб ба ҳисоб меравад. Маҳз китоб аст, ки барои инкишоф додани маърифатнокӣ ва соҳиби илму дониш гаштани тамоми хонандагон имконият фароҳам месозад. Ҷаҳонро бе китоб, илм, дониш тасаввур кардан ғайриимкон аст. Китоб дар зиндагии башарият нақши муҳим бозида, инсонро барои ёфтани роҳи дурусту бенуқсон роҳнамоӣ мекунад. Хастагӣ, танбалӣ ва сустиродагӣ бошад, бештар дар нафароне дида мешаванд, ки аз мутолиаи китоб дур мондаанд.

 

Имрӯзҳо бо боло рафтани сатҳи иқтисоди мамлакат дар бештаре аз шаҳру ноҳия ва муассисаҳои таълимӣ китобхонаву китобҳои электронӣ ва дӯконҳои китоб кушода шудаанд. Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаи илм ва маориф ҳамаҷониба ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ин боиси пешравии ҷомеа буда, толибилмон метавонанд аз ҳама ҷо адабиёти лозимаро пайдо намоянд. Дар тарбияи насли наврас китобро сарчашмаи илму дониш мегӯянд, ки ин беҳуда нест. Бешубҳа бояд ҳамфикр бошем, ки илму дониш қуфли мушкилоти инсонро мекушояд.

 

Барои баланд бардоштани сатҳи сифати дониш ва ҷалби донишҷӯён ба мутолиаи китоб семинарҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудаанд, ки метавонанд дар онҳо бештар иштирок намоянду ба ин восита доир ба китобу адабиёт маълумот пайдо намоянд. Инсони китобдӯст бо ақлу фаросати худ миёни атрофиёнаш фарқ мекунад. Мутолиаи китоб моро огоҳ месозад, ки донишмандони мо дар чи қадар вазъияти ноороми замон бо чи гуна мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардида, миллати тоҷикро абадӣ гардонидаанд. Он ҳама аз китобдӯстии мутамаддини миллати форсу тоҷик дарак медиҳад. Бесабаб нест, ки бузургони мо бо китобдорию китобхонӣ машҳур гаштаанду то ин замон таввасути осори бою ғаниашон омада расидаанд. Онҳо ба мо як дари рӯъёро мукушоянд, бо хондани асарҳои ба мерос мондаашон нерӯманд мегардему ҳикмати ниёгонро пос медорем.

 

Яке аз омилҳои муҳими нигоҳдории хотири бузургон ин аз нав эҳёгардонии расму русум ва анъанаи онҳост. Боиси ёдоварист, ки бештаре аз шоирони мо дар айёми шабнишиниҳои адибон шавқманд гашта, ба мутолиа ва навиштани шеър илҳом пайдо намудаанд. Агар дар миёни ҷӯяндагони илм низ ин гуна маҳфилу шабнишиниҳо гузарад, албатта ба камоли одамӣ як рӯҳияи дигар мебахшад. Моро водор месозад, ки аз пайи такмили дониш шавему барои маълумот пайдо карданамон китобҳои зиёдеро мутолиа намоем. Насли наврас ва ҷавонон бояд масъулиятпазир бошанду дар такмили дониш ва тарғиби китобдӯстӣ саҳмгузор. Зеро инсон аз китоб ҷаҳони маънавиёташро бой мегардонад. Бо ҳамин восита, метавонад дар ҷомеа ҷой ва мақоми худро пайдо намояд. Шахси бомаърифат дар зиндагӣ китобро дӯсту ҳамроз дониста, аз ӯ роҳи ростро ҷуста метавонад. Ҳар қадаме, ки ба замин мениҳем аз дунёи фонӣ оғоз карда, то уқбои боқӣ китоб ба мо онро кушода роҳсипорӣ менамояд.

 

Инсонро лозим аст, ки ҳамеша дар ҷустуҷӯи китоби мувофиқу муносиб бошад. Зеро аз он метавон тамоми илмҳо, бешу ками рӯзгор ва таҳаммулпазириро омӯхт. Ояндаро аз мутолиаи китоб пайдо менамоему баҳри равшанӣ андохтан ба ҳаёт китоб моро роҳнамоӣ месозад. Одамиро зарур аст, ки ҳамеша барои мутолиаи китоб камари ҳиммат бандад. Аз ин ҷост, ки китобро дӯсти беҳтарин мешуморанд. Китоб воситаест барои шинохти тамаддуну фарҳанг ва тамоми омилҳои устувори илмҳои дунё. Пас мо бояд фаромӯш насозем, ки китоб ганҷинаест аз ҳама моли дунё волотар.

 

Баҳридини ГАРДУЛЛО,

омӯзгори кафедраи физикаи умумӣ