Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа, талабгори озодию ободӣ ва созандаи ватану ояндаи неки кишвар мебошанд. Бо пеш рафтани ҷомеа рӯз то рӯз технологияи муосир ва қадамҳои бузурги иттилоотӣ пайдо гашта истодааст.

 

Боре ҳангоми мулоқот бо ҷавонон Сарвари мамлакат иброз намуд, ки «Маҳз ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдодони бофарҳанги хешро, ки ҳанӯз дар аҳди Сомониён соҳиби марказҳои бузурги тамаддун ва доираҳои тавонои илмию адабӣ буданд, зинда доранд ва асри тиллоии миллати худро эҳё намоянд. Маҳз ҳамин гуна ҷавонон метавонанд, ки бо кашфиётҳои навини илмию техникӣ ва бо асарҳои рангоранги пурмазмуни замонавӣ, бо санъату ҳунари баланди худ миллати асрҳо бо фарҳангу тамаддуни хеш шуҳратёфтаашро боз ҳам бештар шуҳратманд гардонанд ва дар назари оламиён исбот созанд, ки онҳо ворисони асили Исмоили Сомонӣ, Балъамӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Носири Хусрав, Ҳофизу Саъдӣ, Камоли Хуҷандию Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмади Донишу Садриддин Айнӣ мебошанд».

 

Албатта дуруст аст, ки инсон бо донистани таърихи бузургони хеш метавонад ояндаро бисозад. Ҷавононро лозим меояд, савияи маърифату дониши худро баланд бардошта, бо пайравӣ аз бузургон роҳи неки зиндагиро тай намоянд. Бо шарофати ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ҷавонони таҳсилдида бо ҷойи кор таъмин гашта истодаанду аз пайи пешравӣ мебошанд.

 

Дар асри технологияи иттилотӣ зистану аз донишҳои он бехабар будан инсонро наметавонад ба мақсади асл расонад. Маҳз ба воситаи истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ инсон метавонад шахсият ва мавқеи худро пайдо намояд. Аз ин лиҳоз, лозим аст, ки мо ҳаматарафа ҳаёти хешро ба муҳити технологияҳои муосир мутобиқ созем. Барои самаранок истифода бурдани он аз тарзҳои ҳифзу таъсири манфиаш бохабар бошем.

 

Маълум аст, ки дар соҳаи маориф пешравиҳои зиёд ба назар мерасад. Аз ҷумла ихтирои компютерҳо, телефонҳои мобилӣ, мошинаҳои махсуси китобчопкунӣ, нашри матнҳои алоҳида ба воситаи мошинаҳои махсус барои интиқоли дониш, малакаву маҳорат ба гурӯҳи зиёди одамон мусоидат намуд. Ба онҳо тарзи истифода бурдани техникаву технология ва муҳити иттилоотиро омӯзонд.

 

Зеро дар давраи омӯзиш дар донишгоҳ донишҷӯ бояд саводи иттилоотӣ ва комуникатсиониро дар робита ба соҳаи фаъолияти касбӣ аз худ намояд. Метавон гуфт, ки барои омода намудани мутахассиси болаёқат ҷавононро аз соҳаи технологияи иттилоотӣ бояд огаҳ намуд.

 

Зебо ҚУРБОНОВА,

омӯзгори факултети математика – информатика