dav

Дар замони муосир раванди таълиму тарбияи насли наврас, мавриди таваҷҷуҳи махсуси давлату Ҳукумати кишвар қарор гирифтааст. Маҳз бо заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф сол то сол рушду инкишоф меёбад. Имрӯз давлат барои ҳар тарбиятгирандаи кӯдакистону боғча, хонандаи мактабу литсей, коллеҷҳо ва донишҷӯёни донишгоҳҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд.

 

Дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкими ислоҳоти соҳаи маориф ва илм дар низоми таҳсилоти олии касбӣ дигаргуниҳо ва пешравиҳои назаррас ба вуҷуд омаданд. Миллати тоҷик маҳз бо шарофати афкору андеша, забон, маърифат, илму маориф, фарҳанг, расму оин ва дигар арзишҳои миллӣ ба дигарон ошно гардида, дар баробари раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдорӣ ба масъалаи рушди мактабу маориф ва умуман таълиму тарбияи насли наврас диққати махсус медиҳад. Ганҷинаи бебаҳои осори олимону адибон бо ҳикоя, гуфтор, нақл ва афсона дастраси насли нав гардида, ҷиҳатҳои беҳтарини анъанаҳои оилавӣ ҳамчун хотираи иҷтимоӣ қабул карда шуда, дар тарбияи ахлоқии ҷомеа нақши намоён мегузорад. Орзую ормони гиромидошти фарзанд, ҳурмати волидон ва калонсолон, уҳдадории тарафайни онҳо дар оила аз насл ба насл мегузарад ва ҷавононро ба риояи талаботи ахлоқӣ пӯхта мегардонад. Бо ин роҳ бачаҳо ба калонсолон боварӣ ҳосил намуда, амалҳои хешро дар пайравии фармуда ва огоҳкуниҳои онҳо бе ранҷиши хотир иҷро менамоянд. Дар китоби «Педагогикаи томактабии» Маҷидова Б. назари олими машҳури рус К.У. Черненко чунин оварда шудааст: «Нақши мактаб ҳарчанд бузург бошад ҳам, вале каси ба воя расандаро нафақат вай тарбия мекунад. Асосҳои хислат, дастурҳои аввалини ҳаёт, ҳамаи ин дар оила парварида мешавад». Вобаста ба ин бояд тарбияро аз оила оғоз намуда, дар муҳити созгор фарзандро ба воя расонд.

 

Тарбияи одамон дар ҳама замон кори душвор буд. Имрӯз ҳам истисно нест. Дар шуури бисёре аз насли наврас худбинӣ, худписандӣ, дурӯғгӯӣ ва рафтори ношоиста ҷой дорад. Шахсоне, ки ғуломи одатҳои бади худ ҳастанд, имрӯзҳо низ ба назар мерасанд. Дар инсон зинда намудани беҳтарин сифатҳои шахсӣ, пеш аз ҳама, вазифаи омӯзгор аст. Мусаллам аст, ки табиати таълиму тарбия бемасъулиятиву саҳлангориро намеписандад ва он кори ҳар шахси тасодуфӣ нест. Гуманизми педагогӣ ин ба одамон холисона ва беғаразона манфиат расонидан, насли наврасро дар рӯҳияи солими рӯҳӣ ва ҷисмонӣ тарбия намудан аст.

 

Аз ин лиҳоз мураббӣ дар ташаккули тафаккури кӯдак нақши созгоре дорад. Вазифаи муҳими мураббии имрӯз тайёр намудани насли наврас ба таҳсил, касбомӯзӣ, фаъолият ва зиндагӣ кардан дар асри пур аз дигаргуниҳои иҷтимоию фарҳангӣ, техникиву сиёсӣ мебошад. Бояд кӯдак дар ҷомеа мавқеи худро муайян намуда, барои халқу Ватани худ хизмат намояд.

 

А. МУРОДОВ,

омӯзгори факултети филология