15 январи соли 1850 дар оилаи сардори арсенали Москва Василий Василевич Коровкин Круковский духтари дуюм таваллуд ёфт, ки уро Соня ном гузоштанд. Пётр Василевич бародари калони падараш кӯдаконро аз таҳти дил дӯст медошт, бисёр китоб мехонд ва нақлҳои аҷиб мекард. Ҳикояҳои самимии амакаш дар замири Соня, пеш аз ҳама, завқи математикаро пайдо намуд.

 

Пас аз чанд сол инро ба хотир оварда, Соня навишта буд: «Гарчанде, ки вай математикаро ҳеҷ вақт наомӯхта бошад ҳам, онро аз таҳти дил дӯст медошт ва ҳурмат менамуд. Ӯ аз китобҳои гуногун баъзе мафҳумҳои математикиро аз худ намуда, дар ин бора суҳбат намуданро дӯст медошт ва фикрронӣ мекард. Масалан ман аввалин маротиба аз ӯ дар бораи квадратура, доира, асимптотҳое, ки хати каҷ ҳамеша ба онҳо нарасида, наздик мешаванд ва бисёр чизҳои дигари ба ҳамин монандро, ки маънои онҳоро намефаҳмидам, мешунидам».

 

Ин хел нафаҳмида, нисбат ба математика шавқу ҳавас пайдо намудан, дертар духтарчаро маҷбур намуд, ки дар назди деворҳои хонаи хоби бачагон, ки дар он ҷо ба ҷои зардеворӣ варақи китоби математикаи ҷиддӣ часпонида шуда буд, истода муддати дуру дароз машѓул шавад. Дар варақаҳои ин китоб ким кадом формулаҳои сеҳрнок навишта шуда буданд. Аз ин мушоҳидаи дуру дароз навиштаҷоту формулаҳо ба дараҷае дар хотири ӯ нақш бастанд, ки дар оянда ҳангоми ба омӯхтани математикаи олӣ машѓул шуданаш бисёр чизҳои меомӯхтагиаш чунон менамуд, ки гӯё ҳамаи ин чизҳоро пешакӣ медонист.

 

Соня дар синни даҳсолагӣ арифметикаро пурра аз худ намуд ва ӯ дар синни чордаҳсолагиаш курси пурраи алгебраю геометрияи мактабиро омӯхт. Вале бо тригонометрия ҳоло шинос набуд. Як вақт дар кадом як китоби физика диққати ӯро ифодаҳои тригонометрӣ ҷалб менамояд. Соня аз муаллимаш ягон чизро напурсида, ба хулосае омад, ки масъаларо худаш мустақилона дида барояд ва дар ҳақиқат ҳам, ӯ аз уҳдаи ҳалли он баромад. Бо тарзи оригиналии худ амал карда, формулаҳои бисёри тригонометрии дар китоби дарсӣ мавҷуд бударо исбот намуд. Пас аз ин генерал ба хулосае омад, ки духтараш бояд ба математика ба тарзи ҷиддӣ машѓул шавад.

 

Соня чунон зеҳни тез дошт, ки дар муддати хеле кутоҳ муваффақият ба даст овард, яъне вай дар давоми зимистон геометрияи аналитикӣ, ҳисобкуниҳои дифференсиалию интегралиро омӯхт. Дар назди ӯ дунёи аҷоиби бузургиҳои беохир кушода шуд.

 

Дере нагузашта (соли 1870) вай ба Берлин омада, бо математики машҳуртарини ҳамон замони Германия Вейерштрасс (1815-1897) вохурд. Ӯ бо дониш ва қобилияти маълумотгирии худ ба олим тасаввуроте пайдо кунонид, ки ин шахси бадбинандаи ҷинси зан барои шахсан роҳбари илмии ӯ шудан розигӣ дод. Натиҷаи ин кори илмӣ аз се кори тадқиқотии зерин иборат буд: «Дар бораи шакли ҳалқаи Сатурн», «Дар бораи соддакунии баъзе класси интегралҳои Абел ба интеграли эллиптикӣ», «Доир ба муодилаҳои дифференсиалӣ дар ҳосилаҳои хусусӣ». Барои корҳои номбар кардашуда, Университети Геттинген соли 1874 ба С.В. Ковалевская унвони илмии доктори илмҳои фалсафӣ «бо таърифномаи олӣ» дод. Дар назарияи муодилаҳои дифференсионалӣ бо ҳосилаҳои хусусии аналитикӣ, яке аз теоремаҳо (усули мажорантӣ) теоремаи Коши-Ковалевская ном дорад.

 

Дар соли 1879 бо пешниҳоди П.Л. Чебишев, дар анҷумани VI-уми тадқиқотчиёни илми дақиқ ва духтурони рус Ковалевская дар бораи интегралҳои абелӣ маърӯза хонд. Соли 1883 дар анҷумани VII-уми тадқиқотчиёни илми дақиқ ва духтурони рус Ковалевская бо маърӯзаи «Масъала оиди шикасти рӯшноӣ дар кристалҳо» баромад намуд. Ковалевская дар муддати 8-сол 12 курсро гузаштааст, аз он ҷумла курси механикаро. Ӯ ҳамчун приват- дотсент кор мекард ва тобистони соли 1884 ӯро профессори ординарӣ таъин намуданд. Шведҳо Ковалевскаяро «Маликаи илмҳо» меномиданд.

 

Соли 1888 Ковалевская кори асосии илмии худро зери унвони «Масъала доир ба атрофи нуқтаи бе ҳаракат чарх задани ҷисми сахт» навишта буд. Худи ҳамон сол ин озмун аз нав эълон шуда буд ва мукофот барои корҳои илмии С.В. Ковалевская пешниҳод шуд. Соли 1889 барои дуюмин кори илмии Ковалевская дар бораи «Даврзании ҷисми сахт» мукофотҳои Академияи илмии Шведӣ пешниҳод шуд.

 

Ковалевскаяро ҳамчун математики машҳур дар ҷаҳон мешиносанд. Комёбиҳои илмии Ковалевскаяро зиёиёни рус баҳои баланд гузоштанд. 24-декабри соли 1888 ва 1889 ба Софья Василевна ду бор мукофоти Академияи фанҳои Шветсия супорида шуда буд. Дар охири соли 1890 Софя Василевна таътили зимистонаро дар ҷануби Франсия мегузаронад. Ба Шветсия бемор бармегардад ва 10-феврали соли 1891 ӯ аз дунё чашм мепӯшад. С.В. Ковалевская аз математика нӯҳ кори илмӣ менависад. Вай муаллифи якчанд асарҳои бадеӣ низ мебошад. Ковалевская забонҳои франсавӣ, немисӣ, англисӣ ва шведиро хеле хуб медонист.

 

М.А. ЗАРИПОВ,

омӯзгори кафедраи таҳлили математикии факултети математика – информатика