Дар гурӯҳи 106-и факултети забон ва адабиёти руси ДДБ ба номи Носири Хусрав соати тарбиявии муаллима Муқадас Рустамзода дар мавзӯи “Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” гузаронида шуд.

Муаллима Муқадас Рустамзода соати тарбиявиро бо презентатсия ва айёнияташ ба қоидаҳои маъмули педагогӣ омода намуд пешниҳоди донишҷӯён гардонид.

Зикр гардид, ки дар моддаи 4-и Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд зери мафҳуми таълим – фаъолияти муштараки падару модар (шахсони онҳоро ивазкунанда), омӯзгор ва муассисаи таълимӣ барои инкишофи кӯдак, такмили истеъдод, маҳорат, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии ӯ ва тарбия бошад раванди мақсадноки ба воя расонидани фарзанд аз ҷониби падару модар, муассисаи таълимӣ, ҷомеа ва ба зиндагии мустақилона омода намудани ӯ мебошад.

Дар ин баробар дар моддаи 5-и қонуни мазкур вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа дар таълиму тарбияи фарзанд муаян карда шудааст. Дар қонун омадаат, ки таълиму тарбияи фарзанд вазифаи падару модар, омӯзгор, давлат ва ҷомеа мебошад ва вазифаи падару модар фароҳам овардани шароити моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва равонӣ дар таълиму тарбияи дурусти фарзанд мебошад.

Ҳамчунин, муллима М. Рустамзода оид ба моддаи 7-и қонуни мазкур ки ҳуқуқҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ном дорад омадааст, ки падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқҳои зерин доранд: аз қабили:

– ҳуқуқ ва манфиатҳои фарзандро ҳимоя намоянд; шакл, намуд ва усули таълим, муассисаҳои таълимиро, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, интихоб намоянд, агар ин шакл, намуд ва усул ба вазъи саломатй ва рушди маънавии фарзанд таъсири манфӣ нарасонад;

– дар раванди таълиму тарбия, аз ҷумла назорати сатҳу сифати таълим ва донишандӯзии фарзанд дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок ва мусоидат намоянд;

Дарсро Азиззода Рухсора Назир, нозири гурӯҳи идоракунии сифати таҳсилот ҷамъбаст намуда, ба донишҷӯён барои иштироки фаъолонаашон ва ба омӯзгор омӯзгор Муқадас Рустамзода барои дар сатҳи баланд гузаронидани соати тарбисвӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ