Graphic of address bar on computer with cursor arrow, overall blue tint.

Терроризм ва ифротгароӣ дар даҳсолаҳои охир аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, феълан ҳамчун мушкилоти ҷаҳонӣ шинохта мешавад. Ин зуҳуроти номатлуби аср борҳо аз худ аломат додааст, ки ҳеҷ як кишвари ҷаҳон наметавонад, аз таҳдиду хатари он дар канор бошад.

 

Раванди воқеъот нишон медиҳанд, ки зуҳури терроризму ифротгароӣ аслан дар пайи бархӯрдҳои сиёсиву низомӣ, рақобати қудратҳои ҷаҳони муосир ва муборизаи тамаддунҳо ба миён омада, бештар кишварҳои мусулмоннишини дунёро ба асорати хеш даровардааст. Далели ин гуфтаҳо ҳузури васеи гурӯҳҳои террористӣ дар Ховари Миёна ва ҳаводиси хунини як қатор кишварҳои арабӣ мебошад, ки бар асари ҷаҳолату гумроҳӣ иттифоқ афтодаанд. Зимнан, омили аз ҳама хатарзо ва нигаронкунанда ин аст, ки саркардагони гурӯҳҳои террористӣ сайди хешро дар миёни ҷавонони камсаводу хурофотпараст меҷӯянд ва талош мекунанд, ки сафи созмонҳои ифротиро маҳз аз ҳисоби онҳо пур кунанд.

 

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои тундрав бо истифода аз имконоти васеи иттилоотӣ дар фазои маҷозӣ то ҷое ба ҳадаф расида, ҷавонони ноогоҳро зуд ба доми тазвири хеш дароварданд, ки ин далел дар фаъолияти эмиссарҳои гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» бармало буд. Ин гурӯҳи тахрибкори террористӣ бо истифода аз эҳсосоти динӣ ҳазорҳо ҷавони ноогоҳро ба сафи хеш ҷалб намуда, қурбони амалҳои даҳшатбори хеш сохт.

 

Мутаассифона, дар қатори дигар сокинони сайёра шаҳрвандони Тоҷикистон, бахсус, ҷавонони дар мусофират қарордоштаи мо низ зери таъсири чунин созмонҳои ифротгаро қарор гирифта, ба тирароҳи терроризму экстермизм пайвастанд, ки паёмадҳояш барои аксарият фоҷеавӣ ва барои бархеи дигар то кунун норӯшан аст. Аксари фирефташудагон замоне ангушти надомат газида, аз карда пушаймон шуданд, ки шинохти чеҳраи аслии гурӯҳҳои ситезаҷӯ ва мубаллиғони ифротгароӣ барояшон муяссар гардид. Вале раҳоӣ аз ин дом барои бисёриҳо номурод анҷом шуд ва қисме бо мусоидати мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ва изҳори пушаймонӣ ба Ватан баргаштанд.

 

Воқеан, иқдомоти пайвастаи давлату Ҳукумат дар амри мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва эмин доштани ҷавонон аз ин хатар дар чанд соли охир самаровар гардид. Ташкили ҳамоишу чорабиниҳои тарғиботии зиддитеррористӣ мағзи ҷавононро ба самти мусбат тамоюл бахшид ва шомилшавии онҳоро ба гурӯҳҳои террористӣ пешгирӣ кард. Гузашта аз ин, бо тағйирот ба қонунгузории ҷиноятӣ онҳое мавриди авф қарор гирифтанд, ки дар гузашта ба доми фиреби гурӯҳҳои террористӣ афтода, аз ин амали хеш сидқан изҳори пушаймонӣ кардаанд. То кунун дар пайи ин тадбир даҳҳо нафари гумроҳ ба Ватан баргашта рӯ ба зиндагии осуда оварданд.

 

Боиси ифтихор аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмон додани чандин ҳамоиши байналмилалӣ ва мизбонии конфронсҳои сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм ва ифротгароӣ аз худ ҳамчун кишвари пешоҳанг дар амри мубориза бо ин зуҳуроти фоҷеабор паём дод ва мавриди эътирофи ҷомеаи байналмилалӣ гардид. Намояндагони воломақоми кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои бонуфӯзи ҷаҳонӣ борҳо ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешгирии терроризм, таҳкими амният дар минтақа ва мавқеи сулҳҷӯёна дар ҷаҳон баҳои баланд доданд.

 

Чунин ҷойгоҳи шоистаи давлати соҳибистиқлол ва эътибори баланди Пешвои миллат дар арсаи ҷаҳонӣ ҳар фарди ҷомеаро уҳдадор менамояд, ки дар партави иқдомоти фаромарзии Тоҷикистон воба

ста ба мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, пойдории сулҳу оромӣ такя ба ақлу хирад намояд. Зеро, агарчи имрӯз терроризму ифротгароӣ барои мардуми олам бо амалҳои харобиовару фоҷеавии худ шиносоӣ шуд, вале ҳанӯз таҳдидҳо аз байн нарафтаанд ва гардонандагони бозиҳои сиёсиву саркардаҳои ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз усулҳои нави мағзшӯӣ тавсеахоҳии худро идома медиҳанд. Дар чунин вазъ, зарур аст, ки аз гароиш ба ҳаргуна ҷараёнҳои номатлуб пешгирӣ шавад. Табиист, ки бояд дар ин самт масъулияти ҷавонон беш аз дигар доираҳо бештару нишонрас бошад. Зеро тавре таъкид рафт, гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ҳизбу ҳаракатҳои ситезаҷу зимни ба амал баровардани ҳадафҳои тахрибкоронаи хеш асосан рӯи ҷавонон меандешанд ва аз неруи онҳо истифода мекунанд.

 

Агар дур наравем, ин амр дар фаъолиятҳои иртиҷоии ташкилоти террористӣ экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз ҳам ба мошоҳида мерасад, ки роҳбарони фирории он ҳоло низ аз тарҳи мағзшӯии ҷавонон ва ба сафи созмони террористии худ шомил кардани онҳо даст набардоштаанд.

 

Пас, бояд бо нигоҳе ба оқибатҳои фоҷеабор ғаразу ҳадафҳои аслии гурӯҳҳои террористиву ифротгаро, ҳизбу ҳаракатҳои манфиатҷӯро дар ҷаҳони андешаи худ маърифат кард ва аз макри онҳо дар канор буд.

 

Шаҳноза ШАРИФЗОДА,

ассисенти кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ