Маълум аст, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта, бар асари тағйироту таҳаввулоти сиёсиву иқтисодӣ, ки боиси фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ гардид, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз истиқлолияти комили давлатӣ бархурдор гардид. Ба ин васила, Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз субъектҳои комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ ва шинохта гардид.

Хавфи ба маҳалҳои ҷудогона тақсим шудан ва ҳатто аз байн рафтани якпорчагии Тоҷикистон мардуми моро таҳдид мекард. Маҳз иҷлосияи ХVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро барҳақ иҷлосияи тақдирсоз меноманд, заминаи боэътимоди бунёдгузории ҳукумати қонуниву конститутсионӣ, худшиносии миллӣ ва оғози таъмини сулҳу субот дар кишвар гардид.

 

Бидуни шакку тардид, тарғибу ташвиқи ин иҷлосияи тақдирсоз ва шарҳу эзоҳи қарору қонунҳои дар ин ҷаласа қабулшуда, дар байни омма моро ба сӯи ифтихори Ватану ватандорӣ, худогоҳиву худшиносӣ, ба самти ваҳдату ягонагӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба марзу буми кишвар ва монанди инҳо раҳнамоӣ карда, дар тақвият ёфтани сулҳу суботи сартосарии кишвар мусоидат карданд.

 

Дар шароити кунунӣ дар тарбияи ифтихори давлатдорӣ, ватандӯстӣ ва худогоҳии миллии ҷавонон бояд ҳамагон ширкат варзанд. Тарбия дар мисоли кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчун як ватандор ва фарзанди фарзонаи миллат бояд дар меҳвари фаъолияти ҳаррӯзаамон қарор гирад. Маҳз бо файзи иҷлосияи тақдирсоз мо ба давлатдории миллӣ ва бунёди ҷомеаи демократӣ расидем. Ба шарофати он соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии худ шудем. Агар инсон то ба сатҳи баланд рушд накунад, ба зинаи худшиносӣ нахоҳад расид, зеро танҳо шахси ба дараҷаи муайяни камолоти инсонирасида худшинос мегардад. Бинобар ин, расонидани ҷавонон ба сатҳи баланди худшиносӣ ва ахлоқӣ ба ҳалли мушкилоти бӯҳрони маънавӣ мусоидат мекунад.

 

Насли ҷавонро ҳушдор додан лозим аст, нерӯҳое, ки инсонҳоро ба ҷангу терроризм ва радикализми динӣ сафарбар менамоянд, ҳавасмандии инсонҳоро аз моҳияти аслиашон бегона сохтан буда, муқобили ҳисси худшиносии миллии наслҳоянд.

 

Ҳол он, ки дар шароити феълӣ масъалаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ таввассути ваҳдат ва ташаккули худшиносии миллӣ, дар заминаи анъанаҳои миллӣ ва динӣ, барои мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст. Ҷавонон бояд огоҳ бошанд, ки халқи тоҷик соҳиби таърихи қадимаи давлатдорӣ ва фарҳанги ҷаҳоншумул буд. Ташаккули миллат аз асри якуми мелодӣ оғоз ёфта, маҳз дар замони Сомониён давлати миллии тоҷикон таҷаллӣ намудааст.

 

Сарвари давлат аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки идеологияи ватанпарастӣ, идеалогияи асосӣ ва мавриди парастиши онҳо қарор гирад. Охир, мо ҳамон вақт ба истиқлолияти воқеӣ мерасем, ки насли ҷавон бо тафохури бепоён онро ҳамчун воқеаи бузурги таърихӣ эътироф кунад, асоси хушбахтии худ ва ояндагон донанд ва пайваста барои ҳифзи он дар ҳолати омодабош қарор дошта бошанд.

 

Ҳамаи ин дастоварду пешравиҳо маҳз тавассути сиёсати дурандешонаи Президент ва Ҳукумати кишвар аст, ки он ҳам ба шарофати Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба даст овардани ваҳдати миллӣ ба амал омадааст. Маҳз қарорҳои тақдирсозу наҷотбахши Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки на танҳо барои таҳкими сулҳу Ваҳдат поя гузошт, балки дар натиҷаи Ваҳдати миллӣ ба пешрафти илму маориф замина ва роҳҳои наверо муҳайё сохт, ки имрӯз мо шукронаи онро карда, дар фазои сулҳу ваҳдат ба таълиму тарбия ва таҳқиқу тадрис машғулем.

 

Абдумалики МУТАЙЛО,

ассистенти кафедраи иқтисод ва идораи сайёҳӣ