Ҳар як давлат ҳамчун институти сиёсӣ дар низоми сиёсии ҷомеа мавқеъ ва нақши махсуси худро дорад. Ҳудуди муайян, аҳолӣ, низоми мавҷудаи ҳуқуқӣ, ҳокимияти сиёсии расмӣ ва рамзҳои давлатӣ, забони давлатӣ, нишонаҳои асосии давлат ба ҳисоб рафта, дар ин қатор рамзҳои давлатӣ ифодакунандаи мақсад ва ормонҳои давлат метавонанд муаррифӣ гарданд.  Рамзи давлатӣ ин нишонаи махсусест, ки дар он хусусияти таърихиву фарҳангию сиёсӣ ва миллии ифодакунандаи мазмуни муайяни ғоявӣ ва ҳуввияту соҳибистиқлолӣ таҷассум ёфтааст. Дар ин миён Парчам мақоми махсусро дошта, метавонад ҷузъҳои муайяни нишонро низ дар бар гирад.

Аз нуқтаи назари таърих маълум аст, ки дар ҳамаи давру замонҳо парчаму парчамдорӣ ҳамчун нишонаи истиқлолхоҳӣ, озодӣ ва мубориза алайҳи бадӣ, зулму истибдод маънидод шудааст. Рисолати парчамдорӣ рисолатӣ пуршараф буда, парчамдорон миллатҳое мебошанд, ки тавонистаанд дар ҳамаи гирудорҳои таърих ҳувият ва ягонагии худро нигоҳ доранд. Таърихи парчамдори миллати куҳнабунёди мо ҳануз аз замони Коваи бузург сарчашма мегирад,ҳамчун рамзи сарбаландӣ,мардонагию ҷасурӣ,далериву нотарси ва мубориз будан зидди зулму истибдод,ҳимояи нангу номус,шараф маънидод шудааст. Агарчӣ дар роҳи тайкардаи пурпечитоби таърих миллати мо вобаста ба аҳдоф ва мақсадҳои сиёсатҳои хеш намои парчами худро  дигар карда бошад ҳам,ҳаргиз онро аз даст надодааст.

Аз соли 1924 то соли 1991 яъне то замони Истиқлолияти давлатӣ Парчами давлатии мо якчандмаротиба иваз шудааст.Соли 1924 Чумҳурии Автономии Тоҷикистон таъсис ёфт,парчами мо матои сурхи дар як гушааш акси нишон ҷойгир карда шуда буд.Баъдан солҳои  1929,1931,1935,1936,1940 ва  1953 бо қарорҳои дахлдори давлату Ҳукумату Парчамҳои нав тасдиқ карда шудаанд,вале дар ҳама ҳолат ба истиснои таъғироти соли 1953 ранги парчамҳо таъғир наёфтаанд.Танҳо соли 1953 –юм  ду рахи рангаи сафед ва сабз ва ба қисми болоии досу болға ситораи панҷгуша илова гашта навиштаҷоти  болои он пурра бардошта шудааст.

Бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ зарурати таърихии тасдиқи рамзҳои давлатӣ пеш омад.Дар иҷлолосияи ХV1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари масъалаҳои муҳими давлатдорӣ масъалаи тасдиқи Рамзҳои давлатӣ низ баррасӣ гардида тасдиқ гашт.

Танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар самти эҳтироми рамзҳои давлатӣ,аз он ҷумла ба Парчами давлатӣ пеш аз ҳама ба он асос меёбад,ки Парчами давлати рамзи сиёсии давлат аст,ки дар баробари ифодаи маъно ва мазмуни муайян,вазифаҳои  муайянро ҳам иҷро мекунад.Парчам  дорои мақоми махсус аст.Ҳангоми ба вазифа шуруъ намудан сарони давлатҳо дар баробари қасам ёд кардан ба Парчами давлатӣ эҳтироми махсусро ба ҷо оварда,ҳамин тариқ нишон медиҳанд,ки ба зону истодан дар назди Парчам ин нишонаи муқаддас шуморидани рамзи давлатӣ ба ҳисоб меравад.Инчунин ҳангоми сафарҳои расмӣ мо мебинем,ки сарони давлатҳо ба Парчами давлатӣ қабулкунанда эҳтироми махсус нишон медиҳанд.Парчам ҳамчун рамзи сиёсии давлат василаи муайян намудани муносибат низ эътироф мешавад.

Парчами давлатӣ рукни муҳими давлатдорӣ,ки мавҷудият ва ҳастии он нишонаи шараф,нангу номус ва ғурури миллат аст,доимо бояд ҳифз шавад ва нисбати он ҳурмату эҳтироми беандозаро бояд ба ҷо орем.

Истилоҳи  Парчаму Дирафш вожаҳои асили қадимаи тоҷикӣ буда,байрақ вожаи туркӣ, ливо ва алам вожаҳои арабӣ мебошанд.Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад, ва моро зарур аст,ки ҳисси ифтихор ва парафшонии он дар сиришту фитрати  ҳар як шаҳрванди Ватандусту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи соҳибистиқлолии Ватан,иттиҳоди вайроннашавандаи тамоми табақаҳои ҷомеа,дӯстиву бародарии халқҳои сокини давлати мо мебошад.Парчами давлатии мо,анъанаҳои таърихию фарҳангии чандинасраи тоҷиконро инъикос мекунад.Имрӯз касе,ки худро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад,бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдоди ва рамзҳои миллии Ватан дошта бошад ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм қадр кунад ва ҳифз намояд.

 

Ҳасанова Х.Т., мудири китобхонаи ДДБ ба номи Носири Хусрав