ҒАВВОСЕ АЗ БАҲРИ ИЛМ ТАРКИ ИН ГЕТӢ КАРДА

 

Шарҳи ҳол

Муродиён Ҳасан Ғуломзода 20-уми сентябри соли 1958 дар ноҳияи Вахш ба дунё омадааст. Хатмкардаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11-и ноҳияи Вахш мебошад. Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро соли 1979 ба итмом расонидааст. Дар вазифаҳои муаллими забон ва адабиёти тоҷик, ҷонишини директор ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 33-и ноҳияи Вахш ва баъдан саромӯзгор, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷик, ноиби ректор оид ба илм, декани факултети таҳсилоти ибтидоии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон кор кардааст. Аз соли 2008 то замони реҳлат ба ҳайси мушовири ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав ифои вазифа кардааст.

 

Осори илмӣ

Доктори илмҳои филологӣ, профессор, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, муаллифи  беш аз 35 рисолаи илмию методӣ, китобҳои дарсӣ ва омӯзномаҳо, аз ҷумла рисолаҳои  «Забони  хуни  мо  бояд  шавад  бедор» (Бохтар, 1992), «Маҳфили  адабӣ – кишваршиносӣ» (Бохтар, 1996), «Такомули нутқи хонандагон зимни маводи кишваршиносӣ» (Душанбе, 1997), «Кишваршиносии  адабии  фориғ  аз  дарс» (Душанбе, 1997), «Кишваршиносии  адабии  тоҷик  ва  таълими  ҳамгироӣ» (Душанбе, 1998), «Боргоҳи  маърифат  дар  Вахшонзамин» (Душанбе, 1998), «Фурӯғи ирфони Вахшонзамин» (Душанбе, 2003), «Шаҳпари инсон» (Душанбе, 2003), «Фархундапай» (Душанбе, 2006), «Ифтихори ватандорӣ» (Душанбе, 2007), «Тоҷикистон. Шиноснома» (Душанбе, 2007), «Мазмун  ва  мундариҷаи  маснавии  Мирзо  Абдулқодири  Бедил «Фараснома» (Душанбе, 2008), «30 соли дирӯз ва имрӯзи ДДҚ» (Душанбе, 2008), «Тасвири  ҳамбастагии инсон ва олами ҳайвонот (дар мисоли асп) дар адабиёти форсу тоҷик» (Душанбе, 2009), «Чиҳил соли азми синоӣ» (Душанбе, 2010), «Конь в пространстве персидско-таджикской литературы» (Душанбе, 2013), «Худомӯзи Қуръони маҷид» (Бохтар, 2013), «Расмулхати бобоӣ» (Душанбе, 2015), «Аз тамрин то тамкини сухан» (Душанбе, 2015), «Фолклори бачагонаи тоҷик» (Душанбе, 2015), «Саволномаҳои  тестӣ  аз  фанни  фолклори  тоҷик (Бохтар, 2015), «Шуълаест, к-аз дуд фориғ» (Душанбе, 2016), «Шоистаи таҳсин» (Душанбе, 2016), «Кишваршиносии адабии тоҷик» (Душанбе, 2016), «ДДҚ ба номи Носири Хусрав – зодаи Истиқлолият» (Душанбе, 2016), «Ғафур Мулло. Соҳили дарёи дил» (Душанбе, 2016), «Ифтихори ватандорӣ. Китоби дарсӣ барои дарсҳои тарбиявии синфи 5» (Душанбе, 2016), «Саҳбо. Соғари Саҳбо» (Душанбе, 2018), «Кишваршиносӣ ва сайёҳӣ» (Душанбе, 2018), «Ғафур Мулло. Булбул, бисаро» (Душанбе, 2018), «Шодмон Шерзод. Шамими субҳ» (Душанбе, 2018), “Шаст мақола”(Душанбе: Ирфон, 2019, 432 с.) ва зиёда аз 200  мақолаи илмию методӣ мебошад.

 

Дастовардҳои илмӣ

Дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал ба таҳқиқи масъалаҳои кишваршиносии адабӣ, ки воситаи тарбияи ватандӯстии хонандагон маҳсуб мегардад, пардохтааст. Бо мақсади тарбияи ватандӯстии хонандагон барои муҳассилини синфҳои 3-4 ва 5 китоби дарсии «Ифтихори ватандорӣ» таълиф намудааст. 

Мавзӯи тасвири ҳамгироии қисмати инсонро бо солори чаҳорпоён – асп аз аҳди қадим то имрӯз дар адабиёти форсӣ – тоҷикӣ пайгирӣ намудааст, ки яке аз пажӯҳишҳои арзишманди адабиётшиносӣ маҳсуб мегардад.

Аз муҳақиқонест, ки дар пажӯҳиши таърихи маорифи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии водии Вахш саҳми фарогир дорад.

Таҳти роҳбарии ӯ оид ба таърихи адабиёти тоҷик ва фолклор 1 нафар рисолаи докторӣ ва се нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.

 

Мукофоту ҷоизаҳо

Корманди шоистаи Тоҷикистон (2014, Душанбе), медали «Барои меҳнати шоён» (1978, Маскав, айёми донишҷӯӣ), Ҷоизаи умумииттифоқии ба номи Н.К. Крупская (1988, Маскав), Ҷоизаи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ (2016, Қӯрѓонтеппа), Муаллими методист(1988), Аълочии маорифи ҶТ(2000), Аълочии матбуоти ҶТ(2001), Аълочии фарҳанги ҶТ(2000).

 

Як умр муаллим

Барои дарёфти ҷойгоҳи хос дар дили садҳо тан ҳамватан солҳои мадид ва заҳмати шабонарӯзӣ лозим. Устод Ҳасани Муродиён, ки аз аввал то охири умр касби омӯзгориро интихоб карда буд, тавонист ба ин муроди худ зуд бирасад. Ӯ аз баҳри беканори донишу таҷрибаи андӯхтаи хеш ба садҳо ҷавонмард сабақи зиндагӣ омӯхту онҳоро ба роҳи рости зиндагӣ ҳидоят кард. Шогирдонаш ҳоло дар ҳама арсаҳо заҳмат кашида, номи неки устодро пос медоранд.

 

Меҳрномаи дӯстон

«Ҳарчанд устод дигар бо мо нест, аммо он меҳру муҳаббате, ки шогирдону пайвандон ба ин шахсияти маъруфи кишвар доштанд, то абад аз дилҳо зудуда нахоҳад шуд. Ҳасани Муродиён ҳарчанд ҷисман аз байни мо рафт, лекин равони ин инсони нексиришт бо мо хоҳад буд. Чун ҳама осори устод аз дил бархоста, ба дилҳо ҷо шуда буд», – мегӯяд Самариддини Ҷамол, шогирди ин устоди арҷманд. 

«Ҳасани Муродиён сарсупурдаи касби омӯзгорӣ буд. Панҷ соле, ки ман ин шахсиятро мешиносам, ҳар як шогирдашро ҳамчун фарзанди ҷигарбанди хеш мешумурд. Бо шогирдон бо меҳру муҳаббат ва самимият сухан мегуфт. Маҳз чунин хислатҳои эшон буд, ки дар рӯзи видоъ тамоми шогирдон ва дӯстдоронаш бо чашмони ашколуд ва дили пурғам лолу ҳайрон буданд», – гуфт Абдулмаҷид Бобоҷонов, нафаре, ки панҷ соли охири умри ин олими маъруф дар як кошонаи корӣ дар паҳлуи ӯ буд.

 

Ганҷинаи устод

Ҳар кӣ обод кард як саҳрои ноободро,

Ҳар ниҳол аз ҳимати ӯ ёдгорӣ мешавад.

 

Имрӯз он шогирдоне, ки аз мактаби инсондӯстӣ ва маърифати волои устод Ҳасани Муродиён гузаштаанд, дар тамоми зинаҳои баланди давлатӣ фаъолият доранду муваффақанд ва ҳама муваффақиятҳои худро аз шарофати раҳнамоиҳои эшон медонанд.

Зокир Ҳасан, рӯзноманигори шинохта, ҷигарбанди калонии ин олими тавоно аз суҳбати сари як пиёла чой бо қиблагоҳаш Ҳасани Муродиён чунин ёдовар шуд: «Падарам сарсупурдаи касб буданд. Рӯзе дар омади гап гуфтанд, ки “Агар бори дуюм ба дунё биоям, боз ҳам омӯзгор мешавам».

Бино бар гуфтаи писари марҳум, маҳз китобдӯстии ин инсони наҷиб буд, ки дар китобхонаи шахсияш беш аз 20 ҳазор китоб на фақат аз Тоҷикистон, балки аз кишварҳои хориҷ низ ҷамъоварӣ шудааст. Зокир Ҳасан мегӯяд, ки падараш ҳар вақте бемор мешуд, баъд аз се рӯз ҳатман боз ба мутолиа ва навиштани китоб майл мекард. Гӯё худро бо илм шифо мебахшид.

 

Бузургон намемиранд

Бо даргузашти ин шахсияти шинохтаи кишвар мардум ӯро бо некӣ ёд карданд ва карда истодаанд. Банда шоҳиди ҳолам, ки рӯзе устод аз дунё гузаштанд, гӯё қиёмат шуда бошад. Дар роҳ бо ҳар нафаре, ки вомехӯрдам, аз реҳлати бармаҳали ин олими тавоно афсӯс мехӯрданд. Ҳангоми ба шабакаи интернетии иҷтимоии Фейсбук ворид шудан нобиғаи бузург будани устодро амиқтар дарк кардам. Ҳазорҳо корбарон бо қалби пур аз андуҳ ба хонавода ва дӯстони марҳум ҳамдардӣ баён намуда, аз хотираҳои некашон бо Ҳасани Муродиён ёдовар мешуданд ва дар ҳаққаш самимона дуои хайр мекарданд. Ин далели он аст, ки устоди зиндаёд Ҳасани Муродиён воқеан ҳам шахсияти бузурги миллат ҳаст. Дар ин маврид ҳақ бар ҷониби он бузургест, ки фармуда:

 

Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,

К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

    

Акмал САИДЗОДА,

                                                                                                                                                          донишҷӯи ДДБ