Масъалаи кор бо ҷавонон яке аз масоили мубрам буда, мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва шахсан Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва дар ҳама қарору қонунҳо, дастуру супоришҳое, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ироа мегарданд, ин масъала мавқеи аввалдараҷаро соҳиб аст.

 

Бо назардошти муҳиммияти масъалаи мазкур дар муассисаҳои гуногуни таълимӣ, аз ҷумла дар донишгоҳи мо низ ба ин масъала хеле ҷиддӣ муносибат намуда, фаъолияти ҷавононро дар давоми соли таҳсил мунтазам таҳти назорати раёсати донишгоҳ қарор медиҳанд. Санҷиши ҳамасолаи кори созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ низ бо ҳамин мақсад роҳандозӣ шудааст.

 

Тавре натиҷаҳои санҷиш нишон дод, беҳбудии ҷараёни таълиму тарбия ва баланд бардоштани самаранокии он ба фаъолияти кори созмонҳои ҷамъиятӣ вобастагӣ дорад.

 

Созмони ҷавонони донишгоҳ фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои соҳавии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи донишгоҳ ба роҳ монда, бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатии ҷавонон дар байни устодону донишҷӯён то имрӯз як қатор чорабиниҳои илмӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро баргузор намудааст. Раиси созмони ҷавонони донишгоҳ Раҳимзода Меҳроҷ мебошад.

 

Нақшаи корӣ ва нақшачорабиниҳои тарбиявии раиси созмони ҷавонон бо назардошти масоили муҳими раванди таълиму тарбия ва сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурӣ мураттаб гардида, аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия тасдиқ шудааст. Бо мақсади саҳмгузорӣ дар ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол санаи 21.08.2020 вохӯрии раиси шаҳри Бохтар бо ҷавонони фаъолони шаҳр доир гардид, ки дар он зиёда аз 20 нафар устодони ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷамъбасти вохӯрӣ ба 12 нафар устодони ҷавон ва донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ сипоснома тақдим карда шуд.

 

Дар хобгоҳи донишгоҳ, ки зиёда аз 500 нафар донишҷӯён истиқомат мекунанд, ҳамарӯза аз ҷониби созмони ҷавонон корҳои назоратӣ роҳандозӣ мегардад. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории каронавирус бо дастгирии раёсат чорабиниҳои зарурӣ андешида мешавад ва бо ташаббуси созмони ҷавонон гузаронидани аксияҳои тақсимоти ниқоб дар байни ҷавонони донишгоҳ гузаронида мешавад. Дар аксияҳои баргузоршуда зиёда аз 3000 ҳазор ниқоб тақсим карда шуд.

 

Мушкилоти асосии ҷомеаи ҷаҳонӣ ин авҷ гирифтани амалҳои ифротгароӣ ва террористӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин амалҳои нангин ҷавонон иштирок мекунанд. Бо мақсади гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ аз ҷониби созмони ҷавонон гурӯҳи корӣ ташкил шудааст, ки пайваста дар факултаҳои донишгоҳ корҳои таблиғотиро амалӣ гардонида истодааст.

 

Ҳамзамон саҳми ҷавонони донишгоҳ дар чорабиниҳои берун аз донишгоҳӣ ва дар ҳаёти сиёсии мамлакат фаъол мебошад. Аз ҷумла, иштирок дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ интихоботи парлумон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, дар ҳарду чорабиниҳо ҷавонони донишгоҳ фаъолона иштирок ва дар бисёри участкаҳои интихоботӣ ба ҳайси аъзоёни комиссия фаъолият намуданд.

 

Иштироки ҷавонони донишгоҳ дар барномаҳои телевизионӣ назаррас буда, онҳо пайваста дар барномаҳои телевизионие, ки аз ҷониби раёсати телевизион ва радиёи вилояти Хатлон дар мавзӯъҳои мубрами рӯз доир мегардад, фаъолона иштирок менамоянд.

 

Бахшида ба рӯзи Конститутсия дар факултети таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ бо ташаббуси садорати факултет мизи мудаввар дар мавзӯи Конситутсия – бахтномаи миллат баргузор гардид. Ҳамкории созмони ҷавонон бо созмонҳои ҷавонони донишгоҳҳои кишвар мустаҳкам буда, пайваста дар ҳалли мушкилоти пешомада бо ҳам дар робита мебошанд. Илова бар ин, зарур аст:

 

– вобаста ба авзои сиёсии дунё ҳар чи зиёдтар дар байни ҷавонон сӯҳбатҳо доир намуда, рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳоро баланд бардоштан лозим;

 

– бо донишҷӯёни хобгоҳ алоқаро боз ҳам мустаҳакамтар намуда, доимӣ аз вазъи буду боши онҳо огоҳ бояд буд ва мунтазам дар он ҷо чорабиниҳои фарҳангӣ бо иштироки худи донишҷӯён ташкил бояд кард;

 

– мебояд бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ чораҳои мушаххас андешид ва вохӯрии донишҷӯёнро бо мақомоти қудратӣ тибқи нақша ба роҳ монд;

 

– ба донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда диққати махсус зоҳир намуда, иштироки онҳоро дар маҳфилҳо ва чорабиниҳои фарҳангию фароғатии донишгоҳ таъмин бояд намуд.

 

Г. ҚАРШИЕВА,

номзади илмҳои филологӣ