Конститутсия барои аз байн бурдани хатаре, ки ба Истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт. Ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.

 

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз пас аз барҳам хурдани давлати шуравӣ ва соҳиби истиқлолияти давлатӣ гардиданаш эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёдро мақсад ва мароми хеш қарор дод, ки он дар таърихи бисёрҷилдаи мардуми тоҷик саҳифаи навро боз намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвармон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI – ӯми Шӯрои Олӣ ва баъдан дар Муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 таъкид карда буданд, ки мо ҷонибдори бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ мебошем.

 

Дар чунин шароит дар назди кишвари соҳибистиқлоли ҷавони мо ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ҳалли вазифаҳои муҳими ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, хотима додан ба нооромиҳои сиёсӣ, ба вуҷуд овардани заминаи муйяни зарурии ҳуқуқӣ ва ниҳоят ба ҳаёти осоишта баргардонидани тамоми мардум қарор дошт, ки ба таври мусбӣ ҳал намудани онҳо, ба назари мо, танҳо дар сурати ҳар чӣ зудтар таҳия ва қабули қонуни асосии давлат – Конститутсия имконпазир буд.

 

Маҳз бо ин мақсад, дар натиҷаи саъйю талошҳои пайваста ва хастанопазири роҳбарияти олии сиёсии давлат ва мардуми кишварамон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи овоздиҳии умумихалқӣ қабул гардид, ки он кишвари моро дар моддаи аввали хеш давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон кард. Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастоварди нодири даврони соҳибистиқлолӣ дар назди давлат ва ҷомеаи мо ҳалли вазифаҳои бузурги таърихӣ, аз ҷумла ташкили аркони давлати соҳибистиқлоли миллӣ ва низоми мақомоти давлатӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, оғози раванди созандагӣ ва бунёдкорӣ, инчунин расидан ба сатҳи шоистаи зиндагии мардумро ба миён гузошт.

 

Ҳамзамон, дар баробари роҳи интихоби эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтан ҳанӯз интиҳои кор ба ҳисоб намерафт, инчунин муқаррароти конститутсионии махсус зарур буд, ки он бояд барои ба ҳаёти осоишта баргардонидани мардум, оғоз бахшидан ба раванди созандагӣ ва бунёдкорӣ, муттаҳид намудани мардум дар атрофи роҳбарияти олии сиёсии кишвар, умед ва боварӣ ҳосил намудани мардум ба зиндагии фардои пурсаодат ва умуман ҳифзи арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин таъмини тараққиёти тамоми соҳаҳо ва бахшҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамчун давлати воҳид мусоидат намояд. Ба сифати чунин муқаррарот моддаи 100 Конститутсия баромад менамояд, ки мувофиқи он шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ дунявӣ ва иҷтимоии давлатро тағйирнопазиранд.

 

Маълум аст, ки эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёдро бидуни ба вуҷуд овардани заминаи муайяни зарурии ҳуқуқӣ, ки пойдевори чунин давлатро ташкил медиҳад, тасаввур кардан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, пас аз қабули Конститутсия ва дар ҳамин замина, интихоби роҳи эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд зарур буд, ки қонунҳои нав қабул карда шавад, онҳо бо дарназардошти талаботи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода шаванд ва дар ҳамин асос, барои бунёди давлати нав – давлати демократию ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим омад.

 

Воқеан ҳам, Конститутсияи кишвари мо ба рушду тавсеаи ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ноил гардидан ба эъмори давлати демократию ҳуқуқбунёд шароит ва имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст, ки принсипҳои муҳимтарини онҳо озодии иқтисодӣ ва гуногуншаклии моликият (м. 12), эътироф ва ҳимояи бечунучарои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд (м. 5), қонуният ва характери демократии ҳокимият (м. 6, ва 10), баробарии ҳама дар назди қонун ва суд (м. 17), гуногунандешии сиёсӣ ва идеологӣ (м. 8), озодии сухан ва матбуот, мустақилияти воситаҳои ахбори омма (м. 30), дахолат накардани давлат ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, ӯҳдадориҳо ва масъулияти байниҳамдигарии онҳо (м. 5) ба ҳисоб мераванд.

 

Ҳамин тавр, интихоби роҳи эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки бо иродаи кулли мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гирифта шуда буд, исбот намуд, ки чунин роҳи интихоб дуруст ва санҷидашуда мебошад.

 

Маҳз, бо шарофати роҳи интихоби эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд, истиқлолияти давлатӣ ҳамчун падидаи нодир дар таърихи мардуми мо ҳифз гардид, аркони давлатдорӣ эҳё ва мустаҳкам карда шуд, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии имрӯза ва ояндаи давлат муайян ва мушаххас гардид, ба раванди созандагӣ ва бунёдкорӣ оғоз бахшида шуд, барои расидан ба сатҳи шоистаи зиндагии мардум қадамҳои устувор гузошта шуд ва ниҳоят дар мамлакат сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ таъмин гардид, ки онҳо аз меъёр ва муқаррароти Конститутсияи амалкунандаи кишварамон сарчашма гирифта, умеди ҳар як сокини мамлакати моро ба сӯи зиндагии имрӯзу фардои пурсаодат боз ҳам равшантар ва мунаввартар мегардонад.

 

Сиёвуш АБДУРАҲИМОВ,

иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ