Таърихи баҳисобгирӣ ниҳоят куҳан аст. Аз он замоне, ки инсон худро дар ҷамъият шинохтааст, ӯ ҳамон замон бо ҳисоб сару кор дошт. Ҳама чизе, ки инсон дар атрофаш медид, онро бо ҳисоб муқоиса менамуд. Вай ситораҳоро мешуморид, гузашти вақтро назорра мекард, рафтори ҳайвонот ва набототро мушоҳида менамуд.

 

Инсон ба фаъолияти корӣ оғоз намуда, маҳсули меҳнат ва захираи озуқаи худро мешуморид. Аввалин воситаи ҳисобкунӣ ангуштони дастони одамон буданд. Инсон ҳисоби захираҳои худро дониста, барои зиндагии ояндааш нақша мекашид. Минбаъд, бо донистани ҳисоби захираҳо, дар байни одамон мубодила пайдо шуд. Одамон захираҳои озуқаи худро бо дигар намудҳои захираҳо иваз мекардагӣ шуданд. Бо гузашти замон одамон барои ҳисоб кардан сангчаҳо, чӯбчаҳо, устухонҳоро истифода мебурдагӣ шуданд.

 

Калимаи лотинии «калкулясион», ки дар замони муосир маънои ҳисоб, ҳисоб карданро дорад, аз калимаи «calcul» баромадааст, ки дар забони тоҷикӣ айнан чун «санг» тарҷума мешавад. Яъне инсони аввалӣ ҳисобро бо ёрии сангчаҳо мебурд. Калимаи бухгалтер, ки дар бисёр мамлакатҳо, аз он ҷумла дар Тоҷикистон истифода мешавад, низ аз забони немисӣ маънои китобдорро дорад. Яъне китобдор – ҳисобдор, барандаи ҳисобу китоб.

 

Дар дунёи қадим барои бурдани ҳисоб одамон бояд, ки навишта метавонистанд. Он касоне, ки навиштану ҳисобро метавонистанд, шахсони босавод буданд (котиб, муншӣ) ва барои бурдани ҳисоби хоҷагӣ сафарбар мешуданд. Онҳо ҳам аз риёзиёт, муҳандисӣ, иқтисод савод бояд медоштанд. Ҳисобчиён дар ҷамъият мартабаи баланд доштанд. Муҳосиби он замонаро ҳатто соҳир ҳам мегуфтанд. Гуё, ки ӯ ба ҳодисаҳои табиат низ таъсир расонида метавонист.

 

Одамони қадим бо инкишофи ҷамъияти инсонӣ акнун ба бурдани хоҷагии хонаводагӣ, ҷамоъавӣ шурӯъ намуданд. Ҳамин тариқ, хоҷагидорӣ, ё ки иқтисодиёт ба миён омад. Калимаи иқтисодиёт ҳаммаънои калимаҳои боигарӣ, хоҷагидорӣ, рӯзгор мебошад. Ҳисоб хоҷагидориро ба миён овард. Баҳисобгирии хоҷагӣ ин пеш аз ҳама баҳисобгирии далелҳои (амалиётҳои) ҳаёти хоҷагидорӣ мебошад.

 

Дар оғоз ҳама ахбори оиди ҳисоби захира ва ашёҳоро инсон дар хотираи худ нигоҳ медошт. Бо мураккабшавии рӯзгор зарурати сабт карда нигоҳ доштани ин ахбор ба миён омад. Чунки амалиётҳои ҳисоб зиёд мешуданд ва инсон ҳамаи онҳоро дар хотираи худ нигоҳ дошта наметавонист. Аввалин навиштаҷотҳои инсон, ки бостоншиносон пайдо намудаанд ба асри 30 пеш аз милод рост меоянд, ки ба ҳисоб алоқаманд буданд.

 

Караматулло ЭРНАЗАРОВ,

донишҷӯи курси 3 юми ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ