Паёми солонаи навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардиши куллие дар ҳаёти кишвар ба амал овард. Паёмҳои ҳамасолаи роҳбари кишвар ба Маҷлиси Олӣ боиси рӯҳбаландии ҳамагон гардида, аҳли ҷомеаро ба зиндагии шоиста ва ба фардои дурахшон дилгарм менамояд.

 

Сарвари кишвар, зимни ироаи Паёми солона ба масъалаи забондонию забономӯзӣ таваҷҷуҳи махсус намуда, арҷгузорӣ ба забони давлатиро таъкид намуданд. Пешвои миллат набзи замонро хуб дарк менамоянд, зеро дар шароити имрӯза, дар таҳкими муносибатҳои гуногун бо давлатҳои дигар албатта забон дар навбати аввал меистад. Барои он ки ба як кишвари дигар сафар намоем, бояд забони онҳоро хуб донем бо онҳо муошират карда тавонем.

 

Борҳо собит намудаанд, ки агар инсон забони модариашро хуб наомӯзад дар омӯзиши забонҳои дигар муваффақ нахоҳад шуд. Албатта, забондонӣ тавоноист, дар баробари забони модарӣ донистани забонҳои дигар ба инсон дар ҷомеа кӯмакрасон буда, барои мавқеи хубро пайдо намудан заминаи мусоид мегузорад. Аз ин рӯ дар Паём омадааст, ки мо бояд дар баробари муҳаббат ба забони модарӣ ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.

 

Ба ин хотир, вазифаи омӯзгорони забони русӣ ва англисӣ имрӯз хеле ҷиддӣ ва масъулиятнок буда, бояд роҳҳои самаранок гардонидани омӯзиши забонҳоро ҷустуҷӯ намоем. Мо, омӯзгоронро лозим меояд, ки чӣ дар муассисаҳои миёна ва чӣ дар таҳсилоти олӣ шурӯъ аз синфҳои ибтидоӣ ба шогирдон омӯзиши забонҳои хориҷиро бештар гардонем. Агар аз зинаи аввал омӯзиш хуб ба роҳ монда шуда бошад, дар зинаҳои болоӣ сифати дониши толибилмон беҳтар мешавад. Баҳри омӯзиши амиқ дар фаъолияти педгогии худ методҳои гуногуни таълимро истифода бурда, кӯшиш кунем, ки дар маҳфилҳо аз эҷодиёти шоиру нависандагони классик ва муосири русу англис истифода намоем. Дар бораи ҳаёту эҷодиёти адибони классику муосир баҳсҳои илмӣ доир намоем. Ин гуна омӯзишҳо савияи забономӯзиро баланд намуда, боиси бештар гардидани дониш мегардад.

 

Бо пайравӣ аз суханрониҳои роҳбари мамлакат мо омӯзгорон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар таҳкими омӯзиши забонҳои русию англисӣ ба шогирдон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем.

 

А. ЛАТИПОВ,

омӯзгори факултети забони англисӣ