Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон 28-умин солгарди ҷашни яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоли худ – Парчами миллиро дар шароити сулҳу субот ва ваҳдату бунёдкорӣ истиқбол мегиранд.

 

Парчами давлатӣ, нишон аз мавҷудияти давлат дар дохилу хориҷи мамлакат буда, ифодагари ормонҳои халқи тамаддунофар дар масири таърих ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки бо арҷ гузоштан бо ин муқаддасот 19 ноябри соли 2009 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба имзо расид. Мутобиқи он ҳамасола дар саросари мамлакат 24 ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад.

 

Таърих  дар тули ҳазорсолаҳо шоҳиди тавлиди рамзҳо гардида буд, ки дар ибтидо ба маънои ишора ва мансубият маълум буданд. Осори таърихӣ гувоҳи онанд, ки инсонҳо ба воситаи аломатҳо, ишораҳо фикру андешаҳои худро баён менамуданд. Нишону рамзҳо аввалан дар санг, чӯб ва матоъ насб карда мешуданд. Тибқи маълумоти бостоншиносон, таърихи парчамдорию парчамбардории халқи мо аз аҳди бостон оѓоз гардида, аҷдодони мо аз ибтидои тамаддуни инсонӣ соҳиби рамзҳои давлатдорӣ буданд. Дар китоби муқаддаси “Авесто” омада, ки “Бохтар ҳамчун кишвари зебо бо дирафшҳои барафрохта” ва ин далели давлатдории мардуми ин сарзамин ба ҳисоб меравад. Парчам аз ҷумлаи муқаддасоти миллист. Инсоният онро ҳамчун ливои озодӣ барои амалӣ намудани мақсаду ормонҳои худ, баҳри ҳаёти осоишта ва таъмини адолат истифода мебарад.

Дар таърихи халқи тоҷик  парчам аз ҷойгоҳи вижае бархурдор аст. Парчам намоишгари пайванди замон ва наслҳост. Парчам ба аломате гуфта мешавад, ки нишон аз ҳастии тамаддун ва миллати он кишвар аст. Парчами ҳар кишвар ҳамчун рамзи иттиҳод байни мардумони он мебошад, ки решааш комилан дар фарҳанги он кишвар нуҳуфта аст. Ин нишон аз боварҳо, ақоид, одоб ва русуми ниёгони он кишвар, ҳуввият ва руҳияи миллии мардуми он гирифта шудааст.

Баъд аз барҳам хурдани ИҶШС, Тоҷикистони азизи мо соҳибистиқлол гардид. Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 28-уми июни соли 1991 «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул намуд, ки тибқи талабот ва назардошти он комиссия оид ба таҳия намудани рамзҳои давлатӣ таъсис ёфт. Ба мақсади таҳия ва тасвири Парчами давлатӣ озмуни ҷумҳуриявӣ эълон гардид.

Дар иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзномаи он аз 23 масъала иборат буд, баробари масъалаҳои муҳимтарин тасдиқи Парчами давлатӣ дар мадди аввал меистод. Дар толори ваҳдатовари Кохи Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ѓафуров нахустин бор Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷилвагар шуд.

Имрӯз 28-солагии Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саросари кишварамон ҳамчун яке аз ҷашнҳои умумимиллӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Зеро рӯзи Парчам дар қатори ҷашнҳои нави миллӣ, ба монанди Рӯзи Конститутсия ва Рӯзи забони давлатӣ рӯзи фаромӯшнопазири таърихӣ ва рӯзи ифтихору сарфарозӣ мебошад.  

Ин рамзи пурарзиши миллиро пеш аз ислом дирафши Ковиёнӣ, дар ибтидои ислом алам, ливо ва роят, дар замони муғул манҷуқ, дар замони Қоҷориёни Эрон байрақ, дар замони Паҳлавиён парчам мегуфтанд.

           

Дӯст доштан ва эътироф намудани парчам дар он сурат умумимилливу мардумӣ ва комил мегардад, ки агар бидуни расмиёт ё чорабиниҳои давлативу миллӣ ҳар як шаҳрванд ҳамеша манзалат ва эҳтироми Парчами давлати хешро қадр карда тавонад.

Ҳамчун нишони сарисинагӣ бо худ доштани парчам ё онро дар ҳаҷми воқеияш дар гӯшаи хонаву корхона овезон намудан беҳтарин изҳори муҳаббат ба Ватан ва давлату миллат хоҳад буд.

Тоҷикон дар дарозои таърихи баъдӣ низ парчамҳои бисёру гуногуне доштанд. Парчами Аморати Бухоро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти зарҳалӣ сохта шуда буд. Дар канори чапи рӯйи хати сабз як ҷумла ба хати арабиасос дида мешуд: “Султон сояи Аллоҳ дар рӯйи замин аст”.

Бо таъсиси ҷумҳурии автономӣ ва баъдан ҷумҳурии сотсиалистии Тоҷикистон дар солҳои 1924 ва 1929 парчами кишвар ҳамоно саропо сурхранг буд, аммо дар канори чапи он расми досу болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти нав ба хати форсӣ – “Пролетариатҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед!” ҷой гирифт. Муддати кӯтоҳ ин навишта ба хати лотинӣ буд. Пас аз ин парчами Тоҷикистон дар соли 1953 тағйир ёфт. Ин дафъа сохтораш нисбатан соддатар буд: аз боло ва поён ранги сурх ва дар миён ду хати нисбатан борики сафеду сабз. Дар гӯшаи чап, аз боло досу болѓа ва ситорача ҷойи худро ҳифз карданд. Ин тарҳи охирин парчами Тоҷикистони шӯравӣ буд, ки то соли 1992 арзи ҳастӣ кард.

28 июни соли 1991 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард. Ҳанӯз 21 апрели соли 1991 озмуни ҷумҳуриявӣ эълон шуда буд, ки роҳбарии онро академик М. Осимӣ ба ӯҳда дошт. Ба озмун бештар аз 200 лоиҳа пешниҳод гардида буд. 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси лоиҳаи пешниҳоднамудаи гурӯҳи профессор Ҳабибуллоев З.  қабул гардид.

Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.

Зимни омодасози дар он асосҳои таърихӣ ва рамзҳои собиқи давлатдории тоҷикон ба инобат гирифта шудааст.

Ранги сурх – намоди иттиҳоди миллӣ, муҳаббат, пайкори мардум барои озодӣ ва истиқлол аст.  

Ранги сафед ба маънои покию назофат  ва баёнгари сарвати аслии кишвар аст. Пахта, фаровонии барфу яхпораҳои кӯҳҳои баланд омадааст, ки 93 фисади кишварро фаро гирифтаанд.

Хати сабзи парчам ишора ба водиҳои сабзпӯш мекунад, ки ҳамагӣ ҳафт дарсади масоҳати умумии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби мӯҳтарам Президенти мамлакат Эмомали Раҳмон аст, ки қайд менамояд: “Дар парчами кишвари мо давлат бо иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои эъмори ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати мо таҷассум гардидааст”.

Дар Низомномаи Парчами давлатии Тоҷикистон, дар мавриди тоҷу ҳафт ситораи рӯйи хати сафеди парчам гуфта мешавад, ки ин ду гувоҳи мустақилият ва дунявияти давлат аст. Тоҷ паём аз қудрат ва наҷобати таърихии мардум аст.

Муаллифони парчам нахуст мегуфтанд, ки ҳафт ахтар нишони эҳтиром ба ҳафт шоири бузурги тоҷику форс аст, аммо иддае аз соҳибназарон бар онанд, ки ҳафт ситора маънии ҳафт минтақаи таърихию фарҳангии Тоҷикистонро ифода мекунанд.

Зеро ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон муаррифӣ мегардад, зеро ин рамзҳо рамзҳои истиқлолият ва нишонаи асосии давлатдорӣ ба шумор мераванд. Аз ин рӯ, эҳтиром ва арҷ гузоштан ба Парчам маънои эҳтиром ба тамоми арзишҳои миллат, аз ҷумла ниёгони тамаддунофар ва фарҳанги миллии мо аз оѓози таърих то ба имрӯз мебошад.

            Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон аз соҳибихтиёру соҳибистиқлол будани давлати тоҷикон башорат медиҳад.

            Парчам нишони сарфарозиҳои мардуми тоҷик, далели шуҳрату иқболи баланд ва шукӯҳафзои истиқлоли кишвар, инчунин баёнгари ормонҳои миллат ва шӯълаи имони мардуми бонангу номуси Тоҷикистони соҳибихтиёр мебошад.

            Парчам рамзи ҳаёти осоишта, бахту иқболи сафед, умед ба фардои дурахшон ва лоиқи эҳтироми ҳар шаҳрванди худогоҳу худшинос аст ва барои миллат ахтар ва барои лашкар қудрат аст. Ҷилваи Парчам шабеҳи болафшонии парандаи бахту иқбол аст. Аз ин рӯ, мо бояд ҳамеша саъю талош кунем, ки Парчами миллии мо ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва пеш аз ҳама, ба ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

            Эҳтиром ва арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати таърихӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба шумор меравад.

            Мо бояд, ватандӯсту ватанпарвар бошем, аз Парчами миллии худ ифтихор намоем, эҳтироми онро ҳамчун рамзи давлату давлатдорӣ, озодиву истиқлоли Ватан ва ҳамчун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо оварда, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба наслҳои имрӯзу оянда талқин намоем.

 

 

Баҳодуров Беҳрӯз Файзуллоевич,

саромӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷики

ДДБ ба номи Носири Хусрав