Айни замон мо ба муаллимони нав, ки нисбат ба ҳама ҳодиса ва воқеаҳои ҷаҳони муосир диди нав доранд ва ба мактабу хонанда бо диди тоза нигоҳ мекунанд ниёз дорем.

 

Дар айни ҳол роҳҳои такмили ихтисоси муаллимон дар мактабҳои равиядор хеле гуногун мебошанд, аз қабили: кор дар иттиҳодияи методии мактаб, машварат гирифтан дар кабинети методӣ, иштирок дар курс ва семинарҳои мухталиф, гурӯҳҳои эҷодкор, ки солҳои охир хеле тағйир ёфта, дунболи роҳҳои ҷадиди касбомӯзӣ мебошанд ва роҳу равишҳои ҷадидро ҷустуҷӯ мекунанд.

 

Ҳамаи шаклҳои такмили ихтисос ҳадаф доранд, ки донишу маҳорати муаллимро такмил дода, мақому манзалат ва ҷойгоҳи аслии онро муҷаддадан пайдо намояд. Тавассути ин кор муаллим худ низ ба сайқал ва суфта кардани маҳорат ва малакаи педагогии худ манфиатдор бошад.

 

Талаботи рӯзафзун нисбат ба муаллим ӯро водор месозад, ки донишу маҳорат ва малакаҳои худро сайқал дода, нисбат ба тағйиротҳое, ки дар соҳаи ӯ рух дода истодаанд бо диди эҷодкорӣ нигоҳ кунад. Теъдоди зиёди барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ муаллимро водор мекунанд, ки аввал онро ба таври дақиқ биомӯзад, сипас, барнома ва китоби дарсии лозимаи худро интихоб намояд. Маҳорати омӯзиш ва таҳлилро муаллим дар машғулиятҳои методӣ касб мекунад, ки ҷанбаи асосии кори методӣ маҳсуб мешавад. Яке аз омилҳои муҳимми кори методӣ ҷанбаи умумидидактикии он мебошад, ки мушкилоти зиёди муаллим ба вижа дар соҳаи дидактика мебошад. Ҷанбаи дигари муҳими кори методӣ ин маданияти умумии муаллим аст, вақте муаллим аз ҳар назар донишманд ва бофарҳанг аст, ӯ хеле озодона дар байни хонандагони синни гуногуни мактабӣ мечархад, муҳтавои фанни хешро ҳангоми тадрис ғанӣ мегардонад.

 

Яке аз қисматҳои таркибии кори методӣ кори инфиродӣ ва коллективии муаллимон дар чаҳорчӯбаи мавзӯи методии мактаб мебошад. Яке аз шаклҳои паҳншудаи кори коллективии методӣ иттиҳодияи методии муаллимон мебошад. Ин шакли кори методӣ барои табақабандии методҳои таҳлили проблемавии мушкилот нисбатан муносиб буда, ба муаллимони фаннӣ хос мебошад ва инчунин ҷустуҷӯи коллективонаи ҳалли мушкилот низ аст. Бояд қайд кард, ки иттиҳодияи методӣ ва гурӯҳҳои муваққати эҷодӣ низ сохторҳои ташкилии системаи кори методӣ мебошанд.

 

Шаклҳои инфиродии ташкилии такмили ихтисос характери роҳнамоӣ ва машваратӣ доранд. Аксаран ин шаклҳо ҳангоми кор бо мутахассисони ҷавон ва ё аз худ кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, барномаҳои муаллифӣ, коркардҳои илмии ба амалия равонашуда мавриди истифода қарор мегиранд.

 

Дар муддати тӯлонии ҷамъоварии мавод ва омӯзишу баррасии ҳаёт ва фаъолияти омӯзгорон ва бо такя ба сатҳи дониш, маҳорат, малака ва тамаддуни онҳо метавон педагогонро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо кард:

 

Гурӯҳи якум- омӯзгороне мебошанд, ки (65 %) дорои таҷрибаи калони корӣ ва касбӣ буда, омодагии хуби касбӣ ва илмӣ доранд ва мақому манзалати худро хеле хуб медонанд.

 

Гурӯҳи дуюм – омӯзгороне мебошанд, ки (27,8 %) сатҳи баланди омодагии касбӣ доранд. Омӯзгорони ин гурӯҳ дар ҷустуҷӯи маълумот хеле фаъол мебошанд, аммо маърифати умумиии онҳо нисбат ба гурӯҳи якум як каме пасттар мебошад. Онҳо барои гирифтани донишҳои ҷадид омодаанд.

 

Гурӯҳи сеюм- омӯзгороне мебошанд, ки дорои сатҳи миёнаи омодагии касбӣ ва худомӯзӣ мебошанд (3,9%). Маълумоти ҷадидро мепазиранд, аммо нисбатан оромонатар. Ба худтаҳлилии фаъолияти педагогӣ машғул мешаванд, агар машғул шаванд ҳам, дар зери таъсири омилҳои беруна. Сатҳи самаранокии фаъолияти педагогии онҳо миёна ва поён аст. Чунончи омӯзгорон ин гурӯҳ дар сатҳи эталон кор кунанд ҳам аз худ эҷодкорӣ нишон намедиҳанд.

 

Гурӯҳи чорум- гурӯҳи омӯзгороне (2,5%) мебошанд, ки сатҳи пасти омодагии касбии худомӯзӣ доранд. Дар ин гурӯҳ бештар омӯзгороне мебошанд, ки ба дарсҳо аз рӯйи тавсияҳои методӣ ва ё тавсияҳои қадима омодагӣ мегиранд. Худомӯзии ин гурӯҳ ба он маҳдуд мешавад, ки интихобан баъзе маҷаллаҳои педагогиро мутолиа мекунанд. Сатҳи фаъолияти касбии онҳо поён аст.

 

Ҳамин тариқ, ба воситаи анализ ва синтез хулосагирӣ ва мушаххассозӣ, омӯзгор вобаста ба хусусиятҳои шахсии инфиродӣ донишҳои барои худ лозимро трансформатсия мекунад. Ин кор бо таваҷҷӯҳ ба фаъолияти фикрию ташкилӣ амалӣ мегардад.

 

Бахтиёр НОЗИМОВ,

омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ