Ватан сарзамини муқаддасест, ки дар он падарону бобоён ва

аҷдодону гузаштагони мо паҳлуи ҳам барои пос доштани урфу

одатҳо ва фарҳангу забони модарии хеш зиндагӣ кардаанд.

 

Маҳз меҳри Ватан буд, ки марди шарифу наҷиб Эмомалӣ Раҳмон бо эҳтирому садоқат Парчами Тоҷикистонро ба дидагон молида, фаъолияти худро аз оштии миллӣ, авфи гунаҳгорон, баргардонидани гурезагон ба Ватан оғоз намуд. Ин диёри харобгаштаро ба биҳишти руйи дунё табдил доду Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуд.

 

Тоҷикистон рӯз аз рӯз мешукуфаду гулафшониҳояш ҷаҳонро фаро мегирад. Баробари эълон гардидани «Солҳои 2019- 2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ҷалби сайёҳон ба кишвари зебоманзарамон зиёд гардид, ки ин яке аз муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

 

Боре Афғоне гуфтааст: Тоҷикистону Афғонистон ҳамсарҳаданд. Онҳоро танҳо як дарё ҷудо мекунад, ҳамон хок аст, ҳамон об аст, ҳамон замин аст, лекин барои чӣ дар Тоҷикистон сулҳу субот асту дар Афғонистон ҷанг. Зеро Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон надорад. Бале, бояд аз Худо шукронаи чунин Пешво намоем, ки дар чунин Ватани ободу осоишта умр ба сар мебарем. Имрӯз мардуми тоҷик дигар нодону гумроҳ нестанд. Дигар ҳаргиз дастпарвари хоҷагони бегона намешаванд. Ҷавонон ҳама дар дил меҳри Ватан мепарваранду садоқат ба Ватан доранд.

 

Афзалшоҳ СИРОҶИДИНОВ,

донишҷӯи бахши сеюми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ