Тӯли ду даҳсолаи охир олимону муҳаққиқон ба омӯзиш ва таҳқиқи амнияти иттилоотӣ ба таври ҷиддӣ машғул гардида истодаанд. Сабабҳои чунин таваҷҷуҳи хос дар он зоҳир мегардад, ки дар шароити муосир дар баробари дигар омилҳо инчунин технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва шабакаи интернет бо суръати хеле баланд рушд намуда, ба равандҳои сиёсии ҷомеа таъсири амиқ расонида истодаанд. Чунин тамоюлот дар навбати аввал боиси ташаккулёбии ҷомеаи иттилоотӣ, баъдан сабаби пайдоиши ҷангҳои иттилоотӣ ва ниҳоятан рӯ овардан ба таъмини амнияти иттилоотӣ гардидааст. Инчунин рушди технологияҳои иттилоотӣ тақозои онро менамояд, ки дар самти омӯзиши амнияти иттилоотӣ роҳу усулҳои нав истифода бурда шаванд.

Пеш аз баррасии масъала бояд ёдовар шуд, ки амнияти иттилоотӣ ҷузъи

таркибии амнияти миллии кишвар мебошад. Бо дарназардошти дигаргуниҳои

технологии солҳои охир масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ дар муносибат бо дигар соҳаҳои амният дар ҷойи аввал қарор гирифтааст. Чунин зарурат ва афзалият бо он далел асоснок карда мешавад, ки фазои иттилоотӣ ба рушди соҳаҳои гуногуни мамлакат таъсири амиқ мерасонад. Дар шароити муосир иттилоот ва технологияҳои иттилоотӣ дар таъмини рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳми хеле калон мегузоранд. Дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа ба амал омадани хизматрасониҳои электронӣ ва махсусан, ташаккулдиҳии ҳукумати электронӣ ва тиҷорати электронӣ маҳз дар заминаи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ имконпазир мегарданд. Инчунин технологияҳои иттилоотӣ ва дастрасии доираи васеи одамон ба иттилоот имкони хубтару беҳтар ташаккул додани ниҳодҳои демократии ҷомеаро фароҳам овардааст. Аммо дар баробари ин, дар баъзе аз мавридҳо иттилоотро барои таъсири манфӣ расонидан ва амалӣ сохтани мақсадҳои сиёсию идеологӣ низ истифода менамоянд, ки дар чунин шароит ҳифзи фазои иттилоотии ҷомеа, ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар соҳаи иттилоот, баланд бардоштани маданияти иттилоотии шаҳрвандон, ба таври дуруст ба роҳ мондани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва монанди инҳоро тақозо менамояд. Гузашта аз ин, сатҳу сифати ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ аз чигунагии таъмини амнияти иттилоотӣ вобаста мебошад. Вобастагии давлат аз фаъолияти муназзами системаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ осебпазирии иттилоотии ҷомеаро хеле зиёд менамояд. Махсусан, солҳои охир омилҳои иттилоотӣ ва таҳдидҳои иттилоотӣ ба суботи сиёсӣ ва амнияти сиёсии давлат мустақиман таъсиргузорӣ намуда истодаанд, ки чунин ҳолат бори дигар вобастагии сулҳу суботро аз амнияти иттилоотӣ нишон медиҳад.

Дар бисёре аз мавридҳо амнияти иттилоотиро ба таври анъанавӣ ҳамчун ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои иттилоотии шахс, ҷомеа ва давлат аз таҳдидҳои дохилию берунӣ муаррифӣ менамоянд [4, с.64], ки ҳимояи ин манфиатҳо таъминкунандаи рушди устувори онҳо мебошанд. Дар баробари ин, амнияти иттилоотӣ бо сиёсат алоқамандии бештар дорад ва яке аз ҷузъҳои ҷудонопазири ҳаёти сиёсии ҷомеа ба шумор меравад. Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҳаёти сиёсии ҷомеа муносибатҳои сиёсӣ, истифодаи ҳокомияти сиёсӣ, фаъолияти неруҳои сиёсӣ дар симои ҳизбу ҳаракатҳо дида мешаванд ва махсусан шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои иҷтимоии дорои манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар он ба таври фаъол иштирок менамоянд. Чунин ҳолат тақозо менамояд, ки алоқамандии объект ва субъекти амнияти иттилоотӣ мушаххас карда шавад ва дар ин замина муайян намудани қонуниятҳои ташаккулёбии онҳо, мушаххас намудани таҳдиду хатарҳои иттилоотӣ ва ҳифзи манфиатҳои иттилоотӣ ба таври дуруст муайян гарданд. Бо дарназардошти чунин ҳолат сиёсатшиносони Ғарб ба мундариҷаи амнияти иттилоотӣ масъалаҳоеро шомил менамоянд, ки бо қобилияти давлат ва мақомоти давлатӣ алоқаманд аст ва масъалаҳои ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои ҷамъиятиро, ки ҳадафмандона зери таҳдиду хатар қарор дода шудаанд, ифода менамояд [17, с.1045]. Агар бо дарназардошти алоқамандии сиёсат ва амнияти иттилоотӣ ба ин масъала баҳогузорӣ намоем, пеш аз ҳама, мо бо падидаи таъмини амнияти иттилоотӣ рӯ ба рӯ мешавем. Зеро таъмини амнияти иттилоотӣ фаъолияти ҳадафмандонаи ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ барои муайян намудан ва пешгирӣ кардани таҳдидҳои иттилоотӣ мебошад, ки бо мақсади ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳимми онҳо муқовимат бо таҳдидҳои мазкурро асоснок мегардонад.

Айни замон дар баробари мафҳуми «амнияти иттилоотӣ» инчунин мафҳуми «амнияти кибернетикӣ» низ истифода бурда мешавад. Дар аксар маврид падидаҳои мазкурро як мешуморанд, аммо чунин нест. Нишон додани тафовути ин ду масъала имкон медиҳад, ки моҳияти масъалаҳои дигари аз онҳо зоҳиршаванда ба таври дуруст муайян карда шаванд. Чунончӣ, ҳуҷумҳои иттилоотӣ ва кибернетикӣ, терроризми иттилоотӣ ва кибертерроризм, экстремизми иттилоотӣ ва киберэкстремизм ба онҳо мисол шуда метавонанд. Қобили зикр аст, ки дар таҳқиқоти олмиони Ғарб ибораҳои «Cyber safety
object» [18] ва «Cyber security object»-ро [16, 19] истифода менамоянд, ки яке ҳамчун «бехатарии объект дар фазои кибернетикӣ» ва дигаре «амнияти кибернетикии (ҳолати ҳимоятшавандагии) объект» дониста мешаванд. Дар мавриди аввал бехатарии объекти кибернетикӣ дар назар дошта мешавад, яъне то кадом андоза объекти кибернетикӣ, аз ҷумла шабакаи интернет ва системаҳои дар заминаи он сохта ба истифода додашуда ба муҳити атроф зарару зиён мерасонанд. Дар мавриди дуюм бошад ҳолати ҳимоятшавандагии объекти кибернетикӣ дар назар дошта шудааст, яъне то кадом андоза муҳити беруна ба объектҳои кибернетикӣ метавонанд, ки зарару зиён расонанд. Дар мавриди дуюм метавон дар атрофи киберҷиноятҳо, кибертерроризм, киберэкстремизм ва ҳуҷумҳои кибернетикӣ сухан гуфт, зеро ҳамаи онҳо аз муҳити беруна зоҳир мешаванд ва барои вайрон намудани фаъолияти муназзами объектҳои кибернетикӣ равона карда шудаанд. Барои мисол, ҳуҷумҳои кибернетикиро ҳамчун амали ҳадафмандона роҳандозишудае донист, ки он ба воситаи барномаҳои махсуси компютерӣ ба объектҳои дар фазои иттилоотӣ ва кибернетикӣ ҷойгирбуда зарар мерасонанд. Чунин ҳуҷумҳои кибернетикӣ метавонанд ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷӣ бошанд. Аз хориҷи мамлакат дар аксар маврид ҳуҷумҳои кибернетикӣ бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва расонидани зарарҳои техникию технологӣ амалӣ мегарданд. Ҳуҷумҳои дохилӣ бошанд амали шахсони алоҳидае мебошанд, ки барои ба даст овардани фоидаи молӣ анҷом дода мешаванд [2].

Дар муносибат бо соҳаи иттилоотӣ ва фазои иттилоотии ҷомеа низ чунин баррасӣ қобили қабул аст. Амнияти иттилоотӣ ҳамчун ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои иттилоотии мамлакат (объектҳои иттилоотӣ) аз таҳдиду хатарҳо мебошад. Аммо бехатарии иттилоотӣ бошад хавфу хатарҳоеро дар назар дорад, ки аз ҷониби субъектҳои мушаххас дар заминаи истифодаи системаҳои иттилоотӣ ва ба воситаи иттилоот ҳадафмандона ба амал бароварда мешаванд. Дар ин маврид бояд таъкид кард, ки амнияти кибернетикӣ унсури таркибии амнияти иттилоотӣ мебошад. Ба ибораи дигар амнияти иттилоотӣ нисбат ба амнияти кибернетикӣ мазмуни васеътар дорад. Амнияти шабакаҳои иттилоотӣ, шабакаи интернет, барномаҳои компютерӣ ва амнияти фазои кибернетикӣ дар маҷмӯъ унсурҳои таркибии амнияти иттилоотӣ мебошанд. Амнияти кибернетикӣ ҳолати муътадили фаъолияти системаҳои иттилоотӣ мебошад, ки дар шароити баамалоии муборизаҳои иттилоотӣ қодир аст, ки фаъолияти муназзами худро нигоҳ дорад. Аз ҳама бештар ба масъалаи амнияти кибернетикӣ мутахассисони соҳаи илмҳои техникӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Чунончӣ онҳо иброз медоранд, ки амнияти кибернетикӣ амнияти иттилоотии системаҳои компютерӣ ба шумор рафта, сатҳи баланди эътимоднокӣ ва устувории системаҳои иттилоотиро дар шароити муборизаҳои иттилоотӣ таъмин менамояд [3, с.6].

Дар таҳқиқоти олимони Ғарб амнияти иттилоотӣ ин ҳимояи махфияти иттилоот, дурустӣ ва дастрасии иттилоот дониста мешавад [20]. Консепсияи амнияти иттилоотӣ низ ҳадафҳои таъмини ин навъи амниятро аз махфият, дурустӣ ва дастрасии иттилоот вобаста медонад. Дар аксари системаҳои иттилоотӣ ва дар фаъолияти ташкилоту идораҳои гуногун ҳаҷми муайяни иттилоот махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва чунин ҳолат арзиши онро хеле боло мебарад. Субъектҳои гуногун бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ба таври ғайриқонунӣ иттилооти махфиро дастрас намоянд ва барои амалӣ намудани манфиатҳои худ истифода баранд. Дар аксар маврид иттилооти махфӣ бо роҳи ҳуҷумҳои кибернетикӣ дастрас гардонида мешаванд.

Дурустии иттилоот яке аз унсурҳои муҳимми амнияти иттилоотиро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, ҳифзи иттилооти дуруст ва роҳ надодан ба тағйирдиҳии мазмуну мундариҷаи он яке аз самтҳои асосии амнияти иттилоотӣ дониста мешавад.

Унсури сеюми амнияти иттилоотӣ дастрасӣ ба иттилоот мебошад, ки он барои фаъолияти босамари ҳар як субъект хеле муҳим аст. Дастрасӣ ба системаҳои иттилоотӣ ва сомонаҳои хизматӣ барои бисёре аз корхонаҳо афзалияти баланд дорад. Вайрон кардани дастрасӣ ба вебсайтҳо, ҳатто барои як муддати кӯтоҳ ҳам, метавонад боиси аз даст додани даромад, норозигии муштариён ва зарар ба эътибори онҳо гардад. Агар андешаҳои олими рус И.Л. Морозовро вобаста ба навъҳои яроқи иттилоотӣ ба инобат гирем, зарурат ва муҳиммияти ҳифзи иттилоот, ҳимояи системаҳои иттилоотӣ ва таъмин намудани ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои миллӣ баръало эҳсос мешаванд. Ба андешаи ӯ, се навъи яроқи иттилоотӣ мавҷуданд ва аз ҷониби субъектҳои гуногун истифода бурда мешаванд: якум, вирусҳои компютерӣ, ки барои тағйир додани иттилоот ва ё аз байн бурдани он нигаронида шудаанд; дуюм, ҷосусии электронӣ, ки барои дуздидани иттилоот истифода бурда мешавад; сеюм, сомонаҳои гуногуни интернетӣ, ки барои тағйир додани зеҳну тафаккури истифодабарандагони шабакаи интернет ва таъсир расонидан ба шуури онҳо нигаронида шудааст [9, с.138]. Бо дар назардошти чунин ҳолат гуфтан мумкин аст, ки амнияти иттилоотӣ ҳамчун ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат аз таъсири манфии фазои иттилоотӣ мебошад.

Дар маҷмӯъ, амнияти иттилоотӣ ва кибернетикӣ тӯли се даҳсолаи охир марҳила ба марҳила аҳамияти хосса касб намуда, айни замон яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи таъмини амнияти миллӣ ба шумор мераванд. Зеро дар натиҷаи афзоиши шумораи истифодабарандагони шабакаи интернет, дар миқёси васеъ ва дар соҳаҳои гуногуни фаъолият мавриди истифода қарор додани технологияҳои компютерӣ роҳу усулҳои нави таъсиррасонӣ ба рушди иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодии ҷомеа ба вуҷуд омадааст. Гузашта аз ин, пайдоиш ва тавсеаи шабакаи интернет ба яке аз унсурҳои навини низоми демократии олам табдил ёфта истодааст ва ҳатто маҳдуд намудани интернет ва ё дастнорас кардани онро дар баъзе мавридҳо ҳамчун таҳдид ба пояҳои демократияи муосир низ муаррифӣ менамоянд. Дар аксар маврид ба таври фаврӣ интиқол ёфтани иттилоот, ба иттилооти шаффоф ва саривақтӣ дастрасӣ доштани одамон ҳамчун нишонаи рушди ҷомеаи демократӣ дониста мешавад. Ғайр аз ин, дар замони муосир рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеаро бе истифодаи компютер, шабакаи интернет ва технологияҳои компютерию иртиботӣ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Шабакаи интернет ба мисли қувваи барқ ба яке аз талаботҳои объективии ҷомеаи саноатии мутамаддин табдил ёфта истодааст. Аммо дар баробари хусусиятҳои мусбати технологияҳои компютерӣ дар аксар маврид оқибатҳои ногувор ва таҳдиду хатарҳои онро мадди назар менамоянд. Зеро шабакаи интернет дорои сохтори мушаххас буда, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, низомҳои иртиботӣ, иттилоот ва истифодабарандагони интернетро дар худ нигоҳ медорад ва аз ин рӯ, қодир аст, ки барои идора намудани равандҳои дар сатҳи миллӣ ва ҷаҳонӣ бавуқуъоянда таъсири амиқ расонад.

Дар робита бо иқтидори технологии интернет ва технологияҳои иттилоотӣ бояд қайд намуд, ки лоиҳаи ташкил намудани шабакаи интернет бори аввал дар муҳити ҳарбии ИМА солҳои 1961-1962 пайдо гардида буд ва то ибтидои солҳои 1990 он пурра амалӣ гардида, барои идора намудани объектҳои ҳарбӣ ва интиқоли иттилоот истифода бурда мешуд. Яъне дар аввал интернет пурра барои қонеъ сохтани ниёзҳои ҳарбии ИМА ба вуҷуд оварда шуда буд. Аммо аз соли 1994 дар ИМА шабакаи интернетро ҳамчун омили муҳимми рушди демократия дониста, коркарди минбаъдаи онро дар ихтиёри бахши хусусӣ вогузор менамоянд. Дар натиҷа ниҳодҳои гуногуни бахши хусусӣ, аз ҷумла ширкатҳои технологию иттилоотие пайдо мешаванд, ки интернетро ташаккул медиҳанд ва пешкаши ҷомеаи шаҳрвандӣ менамоянд [5]. Дар тӯли се даҳсолаи охир шумораи истифодабарандагони интернет босуръат зиёд мешаванд. Масалан, агар дар соли 1991 шумораи истифодабарандагон то 10 ҳазор нафар нишон дода шаванд, пас дар солҳои 2000 зиёда аз 400 млн нафар, дар солҳои 2010 зиёда аз 2,3 млрд ва айни замон аллакай зиёда аз 4 млрд нафарро ташкил медиҳад [10, с.45-46]. Яъне, айни замон нисфи аҳолии курраи Замин аз шабакаи интернет истифода менамоянд ва дар солҳои наздик шумораи онҳо боз меафзояд. Ҳарчанд то ба имрӯз истифодаи шабакаи интернет ва технологияҳои компютерӣ дар тамоми кишварҳои олам ва соҳаҳои гуногуни ҷомеа мавриди истифодаи васеъ қарор гирифта бошад ҳам, иқтидори стратегии он барои идора намудани равандҳои сиёсию иҷтимоӣ ва махсусан истифодаи он барои амалӣ намудани мақсадҳои стратегӣ на танҳо коҳиш наёфтааст, балки дар сатҳи баланд ва бо роҳу усулҳои нав татбиқ карда мешаванд.

Бояд гуфт, ки фардгароӣ ва мустақилияти шахс дар ҳама гуна шароит, аз ҷумла дар фазои иттилоотии ҷомеа яке аз арзишҳои муҳимтарини либерализм ва ормонҳои либералӣ маҳсуб меёбанд. Дар охири асри ХХ ба вуҷуд омадани шабакаи интернет, дар ибтидои солҳои 90-ум дастраси оммаи мардум гардонидани он ва марҳила ба марҳила таъмин намудани рушду инкишофи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ҳамчун кафили рушди ниҳодҳо ва арзишҳои демократӣ дониста шудаанд. Воқеан ҳам, дар шароити рушди технологияҳои иттилоотию компютерӣ одамон бо имкониятҳои нави муошират дастрасӣ пайдо менамоянд. Масалан, ба таври осон ва фаврӣ ба роҳ мондани иртибот ва муошират, ворид шудан ба тамоми нуқтаҳои ҷаҳон, имконияти озодона интихоб намудани иттилоот ва муҳимтар аз ҳама ба таври маҷозӣ таъмин намудани ҳузури худ дар фазои иттилоотӣ ба онҳо мисол шуда метавонанд.

Барои амалӣ намудани мақсадҳои сиёсӣ истифода гардидани шабакаи интернет аз ҷониби олимону муҳаққиқони зиёд таҳлилу баррасӣ гардидааст [1, 8]. Инчунин дар баробари унсури муҳимми рушди иқтисодӣ будани шабакаи интернет, инчунин дар мавриди зарару зиёни иқтисодии он хеле зиёд суҳбат намуда истодаанд [12]. Таҳдиду хатари шабакаи интернет ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бинобар сабаби рушди бемайлони онҳо рӯз то рӯз зиёд мегардад ва чунин ҳолат назорати онро низ душвор мегардонад. Масалан, ҷамъоварии иттилоот дар бораи истифодабарандагони интернет, назорат намудани рафтори одамон, дуздидани иттилооти дорои сирри давлатӣ, ҳатто рабудани иттилооти тиҷоратӣ хеле зиёд гардида истодаанд. Барои амалӣ намудани ин мақсад аз ҷониби гурӯҳҳои манфиатдор ва киберҷинояткорон барномаҳои махсуси компютерӣ, ки онҳоро вирусҳои компютерӣ меноманд, сохта истифода бурда мешаванд. Чунин ҳолатро ҳуҷумҳои кибернетикӣ номидан мумкин аст, ки он ба воситаи вирусҳои компютерӣ анҷом дода мешаванд ва мақсад аз анҷом додани чунин амалҳо дуздидани иттилооти махфӣ, вайрон намудани системаҳои иттилоотӣ ва зарару зиён расонидан ба рақибон мебошад. Бояд ёдовар шуд, ки чунин ҳуҷумҳои кибернетикӣ дар кишварҳои тараққикардаи олам хеле зиёд ба амал меоянд. Зеро ширкатҳо ва корхонаҳо фаъолияти худро пурра дар заминаи технологияҳои навин ба роҳ мондаанд ва то дараҷаи муайян аз фаъолияти муназзами онҳо вобастагӣ доранд. Дар кишварҳои рӯ ба инкишоф ҳарчанд таъсири ҳуҷумҳои кибернетикӣ камтар дида шаванд ҳам, ин маънои онро надорад, ки ин масъала ҳалли худро ёфтааст. Зеро дар ин кишварҳо низ кӯшиши таъмин намудани рушди соҳаҳо ва саноатикунонии мамлакат анҷом дода шуда истодааст, ки чунин ҳадафҳо бе истифодаи технологияҳои нави компютерӣ ғайриимкон аст. Яъне, замоне ки кишварҳои рӯ ба инкишоф аз фаъолияти муназзам ва дар сатҳи баланд истифода намудани технологияҳои компютерӣ вобаста мегарданд, сатҳи ҳуҷумҳои кибернетикӣ ба онҳо меафзояд, ки дар чунин шароит дар атрофи таъмини амнияти кибернетикӣ чораандешӣ намудан зарур меояд. Қобили зикр аст, ки дар шароити паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар аксари кишварҳои олам фаъолияти фосилавӣ бо истифодаи шабакаи интернет ба роҳ монда шуда, миқёси истифодаи хизматрасонии электронӣ васеъ гардидааст. Дар чунин шароит, ки ҳузури одамон дар шабакаи интернет бештар шуда истодааст, ҳуҷумҳои кибернетикӣ ва иттилоотӣ низ хеле меафзояд. Тибқи маълумоти таҳлилгарон дар шароити паҳншавии бемории сироятии нав ҳуҷумҳои кибернетикӣ низ афзоиш ёфтаанд [7].                   Гузашта аз ин, дар шароити амалӣ намудани ҷангҳои иттилоотӣ ва ҳуҷумҳои иттилоотӣ мақсади асосӣ берун намудани шаҳрвандони мамлакат аз низоми таъмини амният ва дар муқобили манфиатҳои миллии хеш қарор додани онҳо мебошад. Зеро, «ашхосе, ки дар роҳи хиёнат ба манфиатҳои миллии хеш ворид мегарданд, аз системаи таъмини амнияти миллии Ватани худ берун гашта, дар системаи таъмини амнияти миллии давлати бегона ворид мегарданд ва фаъолият мекунанд» [14, с.28-29].

Муҳаққиқи рус И.Л. Морозов таҳдиду хатарҳоеро, ки дар натиҷаи инқилобҳои иттилоотию технологӣ ба вуҷуд меоянд, ба ду гурӯҳ ҷудо намудааст: таҳдидҳои системавӣ ва беруна [9, с.138]. Ба андешаи ӯ, таҳдидҳои гурӯҳи аввал ҳадафмандона аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ва неруҳои сиёсии системавӣ амалӣ карда мешаванд. Ба сифати чунин таҳдидҳо ҳуҷумҳои иттилоотию психологии давлатҳои алоҳида ба системаҳои сиёсии рақибон, амалҳои зиддисистемавии неруҳои сиёсии дохили мамлакат ва ғ. дохил мешаванд. Пайдоиши гурӯҳи дуюми таҳдидҳо аз фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистӣ ва киберҷинояткорон вобаста дониста мешаванд. Бинобар сабаби сохтори муайян надоштан, эҳтимолӣ будани пайдоиши ин гуна амалҳо ва ба таври ғайрианъанавӣ анҷом додани онҳо имкон намедиҳад, ки оқибатҳои ногувори ин гуна таҳдидҳо сари вақт пешгирӣ карда шаванд. Тавсеаи шабакаи интернет ва зиёд шудани шумораи истифодабарандагони он ба ташкилотҳои террористӣ имкон медиҳад, ки дар фазои иттилоотӣ ғояҳои худро ба таври осон тарғибу ташвиқ намоянд ва ба сафҳои худ одамони навро ҷалб созанд. Инчунин, дар заминаи истифодаи технологияҳои иттилоотию компютерӣ анҷом додани зӯроварии сиёсӣ низ имконпазир гардидааст, ки чунин падидаро кибертерроризм номидан мумкин аст. Айни замон кибертерроризм ба давлатҳое бештар таҳдид менамояд, ки системаҳои иттилоотӣ ва технологияҳои компютериро дар сатҳи баланд истифода менамоянд. Аммо масъалаи паҳн намудани ғояҳои тундгароӣ ва ифротгароӣ тариқи шабакаи интернет ба ҳамаи кишварҳои олам метавонад таҳдид намояд.

Дар шароити муосир яке аз масъалаҳои муҳимтарини соҳаи амнияти иттилоотӣ ин роҳандозӣ гардидани ҷангҳои иттилоотию психологӣ мебошад. Масъалаи тарғибу ташвиқи ғояҳои идеологӣ, коҳиш додани таъсири иттилоот бо роҳи паҳн намудани иттилооти бардурӯғ, вайрон намудани фаъолияти сохторҳои таъмини амнияти иттилоотӣ таърихи тӯлонӣ доранд. Аммо масъалаи ҷангҳои иттилоотию психологӣ падидаҳои нав мебошанд ва пайдоиши онҳо бо рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии навин марбут аст.

Донишманди англис Натан Ротшилд дар замони худ гуфта буд: «Касе соҳиби иттилоот аст, ҷаҳонро идора менамояд» [13]. Воқеан ҳам дар бораи таҳдиду хатари яроқҳои иттилоотӣ танҳо мутахассисони соҳа тасаввуроти дуруст дошта метавонанд. Шаҳрвандони қаторӣ ва ё хизматчиёни давлатии омодагии касбияшон дар сатҳи паст қарордошта наметавонанд таъсири манфии ҳуҷумҳои иттилоотӣ ва яроқҳои иттилоотиро дарк намоянд. «Ҳадафи ҳуҷуми иттилоотии душман маҳз ба шуури муқаррарӣ ва психологияи ҷамъиятии давлатҳои миллӣ равона карда шудааст. Боиси таассуф аст, дар ҷомеаи мо, ки ҳанӯз шуури назариявӣ – систематикунонидашуда дар оғози шаклгирист ва ҷавҳари онро бояд илм, маърифат, такмил, тарғиби илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ – дар асоси он рушди рақобатпазири миллӣ ташкил кунад, ҳатто дар байни зиёиён ва мансабдорон ҳисси парастиши афкори теологӣ – догматикӣ, ғайриилмӣ боло мегирад. Чунин хосияти ақибнишинӣ ва бетарафӣ ҷомеа, махсусан ҷавононро дар ҳолати ногувор мемонад» [15, с.28]. Барои оне, ки моҳият ва таъсири манфии падидаҳои мазкур ба таври дуруст дарк карда шаванд, барои одамон донишҳои сиёсӣ, психологӣ ва технологӣ зарур мешаванд. Гузашта аз ин, сол то сол дар кишварҳои гуногуни олам вобаста ба сатҳи зоҳиршавии таҳдидҳои иттилоотӣ харҷи маблағҳо барои таъмини амнияти иттилоотӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Айни замон бозори хизматрасониҳои амнияти иттилоотӣ ба 120 млрд доллар ва харҷи давлатҳо барои таъмини амнияти иттилоотӣ ва пешбурди сиёсати иттилоотӣ то 180 млрд доллар рафта расидааст [6].

Бояд қайд намуд, ки таъмин намудани амнияти кибернетикӣ дар муносибат бо амнияти иттилоотӣ то андозае осонтар аст. Зеро муайян намудани ҳуҷумҳои кибернетикӣ ва ё яроқҳои кибернетикӣ ба воситаи дастгоҳҳо ва технологияҳои компютерӣ имконпазир аст. Аммо таъсири психологии иттилоот ва яроқҳои иттилоотиро ба воситаи дастгоҳҳо муайян намудан ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ аз таъминоти техникию технологӣ дида, бештар ба рушди психологияи сиёсӣ ниёзмандӣ дорад. Ба андешаи як қатор муҳаққиқон ҷангҳои иттилоотӣ ҷойгузини ҷангҳои классикӣ мебошанд ва бо мақсадҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:

  • паст намудани симои байналмилалии давлат ва вайрон намудани муносибати он бо давлатҳои дигар;
  • мушкилӣ эҷод намудан дар раванди қабули қарорҳои ҳаётан муҳими сиёсӣ;
  • ташкил намудани фазои ноором ва ноустувор гардонидани ҷомеа;
  • бадном намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ;
  • дар байни оммаи мардум ташкил намудани эътирози иқтисодӣ (корпартоӣ, коршиканӣ);
  • вайрон намудани фаъолияти муназзами низоми идоракунии қувваҳои мусаллаҳ, объектҳои ҳарбӣ ва дорои аҳамияти стратегӣ;
  • паст намудани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва дар муқобили фарҳанги худӣ равона намудани онҳо [11, с.39].

Ҳамин тариқ, дар шароити муосир амнияти иттилоотӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи таъмини амнияти миллӣ ба шумор рафта, сатҳу сифати ҳолати ҳимоятшавандагии манфиатҳои миллиро муайян менамояд. Зарурат ва муҳиммияти таъмини амнияти иттилоотӣ бо дарназардошти ду тамоюлот асоснок карда мешавад: якум, вобаста ба рушди технологияҳои иттилоотӣ, технологияҳои компютерӣ ва тавсеаи шабакаи интернет; дуюм, вобаста ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ. Ба ибораи дигар, чи қадаре ки технологияҳои иттилоотию компютерӣ рушд намоянд ва миқёси истифодабарии интернет васеъ гардад, ҳамон қадар хавфу хатари ба амал баровардани ҷангҳои иттилоотӣ ва зиёд шудани ҳуҷумҳои иттилоотӣ меафзояд. Дар мавриди тамоюлоти дуюм воқеият ин аст, ки дар кишвар чи қадаре ки пешрафти техникию технологӣ ба амал ояд ва дар заминаи технологияҳои иттилоотию компютерӣ рушди соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ таъмин гардад, ҳамон қадар хавфи ба амал омадани ҳуҷумҳои кибернетикӣ меафзояд.

Адабиёт:

  1. Акопов Г.Л. Политика и интернет. Монография. -М.: ИНФРА-М, 2020. -202 с.
  2. Алпеев А.С. Терминология безопасности: кибербезопасность,

информационная безопасность // Вопросы кибербезопасности. – 2014. – №5 (8). -С.39-42.

  1. Бородакий Ю.В., Добродеев А.Ю., Бутусов И.В. Кибербезопасность как основной фактор национальной и международной безопасности XXI века // Вопросы кибербезопасности. – 2013. -№ 1 (1). -С.2-9.
  2. Возженников А.В. Национальная безопасность: теория, политика, стратегия. -М.: ВТИ «Модуль», 2000. -234 с.
  3. История интернета [Электронный ресурс]. ЦКЪ: https://ria.ru/20190902/1558095640.html (дата обращения: 28.09.2020 г.)
  4. Информационная безопасность: мировой рынок [Электронный ресурс]. ЦКЬ:https://www.tadviser.ru/index.php/ Статья: Информационная безопасность (мировой рынок) (дата обращения: 25.09.2020 г.)
  5. Киберпреступность и распространение дезинформации во время

пандемии             СОУГО-19             [Электронный ресурс]. ИКЬ:

https://www.un.org/ru/coronavirus/un-tackling-‘infodemic’-misinformationand-cybercrime-covid-19 (дата обращения: 30.09.2020 г.)

  1. Магомедов А.А. Интернет и политика: кризис или новое дыхание современной демократии? // Власть. – 2014. -№6. -С.30-35.
  2. Морозов И.Л. Информационная безопасность политической системы // Полис. Политические исследования. -2002. -№5. -С.134-145.
  3. Нагирная А.В. География интернета и вопросы информационной безопасности // Геополитика и экогеодинамика регионов. – 2018. -Т.4 (14). -№4. -С.44-52.
  4. Проценко Е.В. Информационная безопасность политической коммуникации в современной России: дис. … канд. полит. наук. – Ставрополь, 2009. – 199 с.
  5. Риски и угрозы национальной безопасности в связи с развитием цифровой экономики [Электронный ресурс]. ЦКЪ: http://lib.secuteck.ru/articles2/Regandstan/riski-i-ugrozy-natsionalnoybezopasnosti-v-svyazi-s-razvitiem-tsifrovoy-ekonomiki (дата обращения: 29.09.2020 г.)
  6. Секрет фирмы. Кто владеет информацией, тот владеет миром

[Электронный                                              ресурс].                                             ЦКЪ:

            https://www.moscowtorgi.ru/news/bezopasnost_biznesa/869/  (дата

обращения: 29.09.2020 г.)

  1. Ятимов С.С. Илм ва амният. -Душанбе: Ганҷ нашриёт, 2019. – 192 с.
  2. Ятимов С.С. Шуури ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ // Тоҷикистон ва ҷаҳони имрӯз. -2017. -№2 (57). -С.24-37.
  3. Healey J. Cyber Security Objectives // Cyber Security Policy Guidebook.
    39-67 DOI: 10.1002/9781118241530.ch3
  4. Litan R. Law and policy in the age of the Internet // Duke Law Journal. –
    – Vol. 50. – №4. – P.1045-1085. DOI: 10.2307/1373102
  5. Sammons J., Cross M. What is cyber safety? // The Basics of Cyber Safety.Syngress, 2017. – P.1-27. DOI: 10.1016/B978-0-12-416650-9.00001-2
  6. Lehto M. The Cyberspace Threats and Cyber Security Objectives in the Cyber. Security Strategies // International Journal of Cyber Warfare and Terrorism. –№ 3(3). P.1-18. DOI: 10.4018/ijcwt.2013070101
  7. Information security (InfoSec): The Complete Guide URL:
    https://www.exabeam.com/information-security/information-security/n

 

ХОЛИҚОВ ФИРДАВС АЛИЕВИЧ