Баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон ва ба сари қудрат омадани фарзанди фарзонаи миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.

 

Мувофиқи Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ мебошад. Барои баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон дар раванди расидан ба ҳадафҳои миллӣ якчанд омилҳо таъсир мерасонанд. Пеш аз ҳама бояд, ки шуури ҳуқуқии шаҳрвандон то андозае баланд бардошта шавад, то ки мо атрофи донишҳои ҳуқуқӣ ҳарф занем. Яке аз омилҳое, ки бевосита ба шуури ҳуқуқии шаҳрвандон таъсир мерасонад, ин шуури ҳуқуқии муқаррарӣ мебошад, ки ин ҳангоми мутолиа, ё ин ки дидани барномаҳои ҳуқуқӣ ба ҳар шаҳрванд таъсир мекунад. Яке аз асарҳое, ки тавонист ба шуури ҳуқуқии шаҳрвандон таъсир расонад ва донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандонро баланд бардорад ин китоби Маҳкам Маҳмудзода таҳти унвони «Сиёсати ҳуқуқӣ ва давлати демократӣ» мебошад.

 

Китоби тозанашр фарогири силсилаи мақолаву маърӯзаҳое мебошад, ки ба мавзӯъҳои гуногуни соҳаи

ҳуқуқ, сиёсати ҳуқуқӣ, таҳкими давлати демократӣ, аҳамияту зарурати Конститутсия дар бунёди давлатдории навини тоҷикон, рушди низоми қонунгузорӣ, нақши мақомоти назорати  конститутсионӣ дар таъмини волоияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд. Муаллиф навиштааст, ки ғояи давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҳадафи стратегии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эълон шуд, дертар дар лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос гардид.

 

Бо мутолиаи китоби «Сиёсати ҳуқуқӣ ва давлати демократӣ» хонанда метавонад аз паҳлӯҳои гуногуни илми ҳуқуқи ватанӣ, таърихи қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, нақши он дар бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди ҳокимияти қонунгузор ва судӣ дар заминаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии даврони соҳибистиқлолӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд огоҳу баҳраманд гардида, сатҳи донишҳои ҳуқуқи худро баланд бардорад.

 

Бо мақсади баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон дар раванди расидан ба ҳадафҳои миллӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2013, № 492 «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки шаҳрвандон дар натиҷаи мутолиа кардани ин ҳуҷҷати аз лиҳози ҳуқуқӣ муҳим донишҳои заруриро аз худ карда, даст ба ҷиноят намезананд. Яъне донишҳои онҳо дар бахши худдорӣ кардан аз содир намудани ҷиноят зиёд мегардад. Дар Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин меъёрҳо иникос ёфтаанд. Ҷаҳони имрӯза ва муносибатҳои ҷамъиятии мардум хело мураккаб гардидааст, ки онро бе донистани ҳуқуқ ва қонуну қоидаҳои муқарраргардида дарк кардану дар он зиндагии сазовор кардан ғайри имкон аст.

 

Бурҳон РАҲИМОВ,

омӯзгори кафедраи технологияи иттилоотӣ ва МТИ