Системаи офтобӣ қариб 4.5 миллиард сол пеш пайдо шудааст. Сабаби пайдо шудани ин система зарбаи ду ситора буд, ки баъдан ин зарба боиси пайдошавии ситораи ҷавонофтоб шудааст.

 

Баъдан чангу ғубор дар гирди офтоб чарх зада сайёраҳо таъсис ёфтааст. Мо медонем, ки 8 сайёра мавҷуд аст ва танҳо дар Замин ҳаёт мавҷуд аст. Пас чаро инсоният бисёртар коинотро меомӯзад. Сабаб таҳдиди табиӣ, аз ҷумла вулқонҳо, нест шудани гази оксиген, зиёд шудани аҳолӣ, сӯхтани атмосфераи Замин ва зиёд шудани нури ултрабунафши офтоб мебошад. Мехоҳанд саёраи нав ёбанд, ки дар он гази оксиген, оби ошомиданӣ ва иқлими мусоид бошад.

 

Агар майдони магнитии офтоб намешуд, сайёраҳо ва системаи офтобӣ пайдо намешуд. Барои ҳамин ба ҳар як инсон зарур аст, ки муҳити экологӣ ва обро тоза нигоҳ доранд, дарахт зиёд шинонанд, то ки таҳдиди табиӣ камтар шавад. Мо, ҷавонон бояд нисбати муҳит бетараф набошем ва обҳои ин диёрро поку тоза аз ҳар гуна олудагиҳо нигоҳ дорем. Шукронаи сарзамини ободу зебо ва дорои чашмаҳову табиати дилафзояшро намоем.

 

Муҳаммад ИСКАНДАРОВ,

донишҷӯи курси якуми факултети физика