Солҳои кӯдакӣ монанди кӯҳҳое ҳастанд, ки маҷрои дарё аз онҳо ибтидо мегирад ва самти ҷоришавии худро муайян мекунад – ин давраро ҳамин гуна образнок дӯсти калонсоли кӯдакон, духтур ва педагоги барҷастаи полшагӣ Ян Корчак маънидод карда буд.

 

Кадоме аз волидайн ё педагог намехоҳад, ки кӯдаки ӯ ибтидои нек надошта бошад, шахсияти ташаккулёфта ба камол нарасад, аз кору амали ӯ ифтихор нанамояд. Вале, танҳо хоҳиш кифоя нест. Ҳақ бар ҷониби педагоги шинохта К. Д. Ушинский мебошад, ки ӯ гуфта буд: «Агар педагог хоҳад, ки шахси ҳамаҷониба бекамбудиро тарбия намояд, пеш аз ҳама ӯро ҳамаҷониба бояд донад».

 

Агар интизор шавем, ки Насиба албатта мисли модараш оҳангсози машҳур мешавад ва Карим мисли падару модараш меҳнатдӯсту нисбат ба дигарон меҳрубон ба камол мерасад, нодуруст мебуд. Ёфтани ҷавоб ба ин гуна саволҳо аз диққати олимон, педагогҳо ва волидайн берун нестанд. Ҳалли ин мушкилиҳо боз мушкилиҳои худро доранд. Боз усули амалигардонии қонуниятҳои ташаккули психикаи кӯдак, шароитҳои асосии тараққиёти он, характер ва таъсири онҳо ба раванди ташаккули шахсиятро донистан лозим меоянд. Барои фаҳмотар шудани ин хулосаҳо, олами замони кӯдакӣ ва муносибатҳою муоширати кӯдакону калонсолонро мавриди шарҳ қарор медиҳем.

 

Рӯҳшиноси пешқадами франсавӣ Р. Заззо навишта буд, ки «тури нафиси муносибатҳои фард бо муҳиташро, ки аз замони кӯдакии барвақт дар атрофаш мебофад, набояд аз мадди назар дур монем. Ана, дар ҳамин замон кӯдак ба муҳит мутобиқ мешавад ва ба ӯ асар мекунад. Муҳит барои ӯ масолеҳи фаъоли сохтмонӣ, материяе барои ташаккули шахсияташ мегардад». Танҳо дар ҳамин тури нафиси муносибатҳо имконияти таъмин кардани эҳтиёҷи яке аз ҳама барвақттарини одам ва талаботи ҷомеаро таъмин кардан мумкин аст.

 

Дар ташаккули шахсии кӯдак, аҳамияти оила бебаҳост. Дар навбати аввал меҳри волидон ба кӯдак ва баръакс, меҳри кӯдак ба волидон бояд эҳсос карда шавад. Доимӣ будани ин эҳсосот ва дар ҳама гуна вазъиятҳо дар оила, аз ҳама муҳимтар аст. Дар баробари ин, фаъолияти меҳнатии ҳар як аъзои калонсоли оила (истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ, маишӣ, хоҷагӣ ва ғайраҳо) дар тарбияи кӯдак аҳамияти бузургро дорост. Миёни калонсолону кӯдак, меҳру муҳаббати байниҳамдигарӣ чизи аз ҳама муҳим мебошад. Дар ин ҷода, роҳ додан ба саҳлангории андаке, боиси барбод додани заҳмати бузурге мегардад.

 

Гулсимо ОДИНАЕВА,

саромӯзгори коллеҷи омӯзгории назди ДДБ ба номи Носири Хусрав