Таърих ва сарнавишти нек ба мардуми Тоҷикистон сарвари созандаву бунёдкореро чун Эмомалӣ Раҳмон пайдо кард, ки на танҳо аз ӯҳдаи вазифаи худ сарбаландона баромад, балки миллати тоҷикро сарҷамъ намуд.

 

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон дар назди вакилон суханронӣ намуда, чунин гуфта буданд: «Тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои ободиву пешрафти Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷоннисорӣ мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам…».

 

Ба тасвиб расидани санади муҳими таърихӣ – Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат» аз ҷониби Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи кӯҳанбунёди тоҷикон воқеаи фараҳбахш ва сутуданист, зеро ин қонун мақому манзалати шахсияти фавқулода сиёсӣ, ходими шаҳири ҷамъиятӣ, бунёдгузори сулҳу ваҳдат ва давлати миллии тоҷикон Эмомалӣ Раҳмонро ҳимоя менамояд. Воқеан, агар ҷасорату матонати ӯ намебуд, дар он лаҳзаҳои сарнагунии солҳои 90 – ум миллати мо хору залил шуда, ба баршикасти абадӣ дучор мегардид.

 

Эмомалӣ Раҳмон бо мушоҳида аз тақдири халқу миллат аз ибтидо то интиҳо таърихи халқро омӯхт, асарҳо офарид, дастурҳо барои наҷот додан аз бенизомиҳо таълиф намуд. Дидорбинии ҳамешагӣ бо халқи азизи Тоҷикистон дар ҳама манотиқи он ин шахсияти муътабарро боз бештар маҳбубтар намуд. Тавассути ҷонбозиҳои бемислу беминнат Ватанро аз ноҳамвориҳо ба шоҳроҳ ҳидоят намуда, ватандоронро ҳушдор дод, ки аз қавму аждоди хеш огоҳ бошанд, то ки ин миллату давлат пойдор монад.

 

Дар ин ҳамворию осудагии шабу рӯз фаъолияти фидокорона намудани Эмомалӣ Раҳмон, ки имрӯз халқи заҳматкашамон умед ба ояндаи дурахшон доранд. Ба қавле киштии шикаста тармим шуд бо ибтикору ниятҳои неки Пешвои миллат рӯзгор рӯ ба беҳбудӣ овард. Маҳз Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон аввалин маротиба дар мамлакат ба тамоми мардуми шарифи кишвар муроҷиат намуда, дастур дод, ки ба дармондагону бечорагон, бепарасторон, пирони солхӯрда ба мӯҳтоҷон дасти мадад дароз намоянд ва афзуданд, ки сарчашмаи адлу инсоф, дӯстиву бародарӣ, хештаншиносиву Худоҷӯӣ ва мусулмонӣ ҳамин аст.

 

Ҳар як сокини ин марзу бум ба намояндагӣ аз миллати сарфарози хеш ифтихор дорад, ки Эмомалӣ Раҳмон бо чеҳраи кушода, бо ҳиммати баланд, бо зеҳну тафаккури олии созанда нуру сафои миллатро дучанд кардааст. Дар таърихи кишвари тоҷикон дар ҷаҳони муосир аввалин маротиба садои мавҷбор бо забони ноби тоҷикӣ аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид, аз ҷониби ин сиёсатмадори маъруфу маҳбуб садо дод. Ин миллати бо нангу ор сазовори чунин шахсияти мондагори давру замон аст. Дар ин замина аз сидқ бо халқу Ватан хизмат намуданро сармашқи фаъолияти суботкорона қарор доданд. Халқи хирадманди тоҷик дар такя ба ин гуна амалҳои хайру савоб шахсияти воломақоми Эмомалӣ Раҳмонро дар дилу дида ҷой намуд, зеро маҳз ҳамин сиёсати одилона буд, ки сарафрозиву шукуфоӣ насиби мо гардид.

 

Аз сари сидқу вафо ва меҳру муҳаббат бояд ба хизматҳои мондагори Сарвари кишвар арҷ гузорем, зеро дар ҷаҳони мутамаддин ҳамчун Миллат ва Давлат мақом ёфта, ба сифати як мамлакати воҳид аз ҷониби давлату созмонҳои бонуфузи олам эътироф гардидем. Мартин Лиз ректори Донишгоҳи Сулҳи СММ чунин суҳан гуфта аст: «Иҷлосияи XVI қарори хирадмандона ва муҳимеро қабул кард, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Сарвари давлат интихоб намуд. Маҳз, пас аз ин қарори барои кишвар тақдирсоз раванди сулҳ шакли воқеиро касб кард. Имрӯз таҷрибаи ҳалли мусолиматомези низоъ дар Тоҷикистон метавонад дар дигар нуқтаҳои даргирии мухталифи ҷаҳон бо муваффақият истифода шавад».

 

Александр Лукашенко Президенти Ҷумҳурии Белорусия чунин гуфтааст: «Меҳнати фидокоронаи чандинсолаи Эмомалӣ Раҳмон, ки ба таҳкими сулҳу субот, баланд бардоштани некуаҳволии халқи тоҷик, ба пойдории нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ равона гардидааст, сазовори эҳтироми ниҳоят баланд мебошад».

 

Собиқ Президенти Ҳиндустон Кочерил Роман Нараяна соли 2001 чунин иброз дошта буд: «Моро кӯшишҳои хастанопазири Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати барқарорсозии сулҳ, оштии миллӣ ва раванди созанда дар Тоҷикистон, ки ҷомеаи муосири озод месозад ба ҳайрат гузошт. Боварӣ дорем, ки ин кӯшишҳои халқи боистеъдод ва меҳнатдӯсти Тоҷикистон самараи нек хоҳад овард».

 

Имомалӣ АБДУЛЛОЕВ,

омӯзгори коллеҷи омӯзгории ДДБ ба номи Носири Хусрав

 

Тоҷиддин АБДУЛЛОЕВ,

магистри курси 2- юми ихтисоси информатика