Зодгоҳи ман деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритуси кӯҳандиёр аст. Деҳаи ман дар бари дарёи Кофарниҳон, дар миёни кӯҳҳои Хоҷағозиёну Кайкӯҳ воқеъ аст. Ин деҳа, деҳаи таърихист. Яке аз ёдгориҳои таърихии ноҳияи Шаҳритус мадрасаи Хоҷа Машҳад дар ин ҷост. Ин деҳа барои ман хеле азизу муқаддас аст. Ва на ба он хотир, ки шаҳраки Сайёдро Ватани Ҳушанг, қадамгоҳи Зардушт, Ватани қаҳрамонҳои Фирдавсӣ мешиносанд. Ин мавзеъ аз он хотир бароям азиз аст, ки зодгоҳи ман аст.

 

Сайёд – макони илму дониш ва маъвои маърифати мардум аст. Сайёдиён ифтихор аз он доранд, ки маҳз шоири файласуф ва пеш аз ҳама инсонпарасти беҳамто Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар мадрасаи Хоҷа Машҳад сабақ омӯхтааст. Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ барои ба дидори устодаш Мавлоно Яъқуби Чархӣ расидан, аз ҳамин шоҳроҳи бузурги Хоҷа Машҳад гузаштааст. Сайёди кӯҳандиёри мо худ як мавзеест, ки кас аз диданаш ба худ руҳу илҳоми тоза мегирад.

 

Ноҳияи Шаҳритус дорои боз якчанд ёдгориҳои дигари таърихӣ мебошад, аз ҷумла “Чилучорчашма” ки кас аз шунидани ин номи зебо ва аз дидану нӯшидани оби он ҳаловат мебарад. Ҳангоми оби онро ба кафи даст гирифтан ҳаловати дигарро чун дармонбахши руҳ, эҳсос менамоӣ. Оби ин чашма дармонбахши дардҳои ҳар як инсон ва таскинбахши ҳамаи дилҳост. Дигаронро чунин ҳидоят мекунам, ки агар бо сабабу баҳонае, аз зодгоҳат Сайёди сарсабзу хуррам дур афтодӣ, аз рӯҳу арвоҳи гузаштагонат кандаӣ ва мадрасаи Хоҷа Машҳадро ба гӯшаи фаромӯшӣ қарор додаӣ, аз меҳру муҳаббати ҳамдеҳагонат бенасиб мондаӣ, аз нӯшидани оби мусаффои «Чилу чор чашма” маҳрум гаштаӣ, пас, ба худ биё, ба аёдати “Шаҳритус” – и сарсабзу хуррам бирав.

 

Албина МИРЗОКУЛОВА,

донишҷӯи курси 3 факултети забони англисӣ