Методи занҷирӣ, ин методи бедор кардани шавқу ҳаваси хонандагон ба ҳисоб меравад. Бо методи занҷирӣ нафақат омӯзгору хонанда, балки хонандагон байни худ низ кор мекунанд. Вожаи «методика» аз калимаи юнонии metodos гирифта шуда, маънои луғавиаш роҳҳои расидан ба мақсад, ба тартиб даровардани фаъолият аст.

 

Ҳар як фан ба худ методи махсус дорад. Дар методҳои таълим чор омили асосӣ (дониш, мазмуни мантиқӣ, психология, педагогика) ва чор вазифа (бедоркунанда, омӯзанда, фаъолияткунанда, тарбиякунанда) дар назар дошта мешавад. Яне омӯзгор дар баробари дарс гузаштанаш хонандаро на танҳо илм,балки тарбия ва инкишоф медиҳад.

 

Методи занҷир барои хонандагони фаъоли гурӯҳ, ки омӯзгор бо онҳо бисёртар кор мекунад, чун занҷир хонанда ба омӯзгор пайваст мешавад. Методҳои таълим дар муассисаҳои миёна ва олии касбӣ истифода мешаванд. Барои он ки шавқу ҳаваси хонандагон оиди фанни дӯстдоштаашон зиёд шавад, аз методҳои айёнӣ ва амалӣ бисёр истифода бурдан лозим аст, зеро назар ба навиштану шунидан, дидану амал кардан хуб аст. Методи занҷир низ ҳаминро талаб мекунад, яъне хонандагон дониши гирифтаи худашонро ба ягон кас бояд биомӯзонанд. Албатта, ин гуна методҳо барои баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва шавқу ҳаваси онҳоро оиди дилхоҳ фан бедор кардан истифода мешаванд. Омӯзгор пеш аз оне, ки ба хонандагон чизеро фаҳмонад, нишон диҳад ва ё дар амал иҷро кунад, бояд аввал худаш кор карда барояд. Беҳуда нагуфтаанд, омӯзгори ҳӯшманд бояд пеш аз он, чӣ бар дигарон меомӯзад, ҳар рӯз ба дониши худ биафзояд. Шавқу ҳаваси хонандгон он вақт зиёд мешаванд, ки агар хонандагон дар атрофи мавзӯи таълимӣ баҳс кунанд ва дониши гирифтаи худашонро ба ягон кас омӯзонида тавонанд. Якчанд маълумот оиди маълумотгирии хонандагон ба ҳисоби фоиз дар муассисаҳои таълимӣ:

 

– Агар хонандагон муаллимро гӯш кунанд 20%-и маълумотро ба хотир мегиранд.

 

– Агар хонандагон он чиро,ки дар бораи он сухан меравад,бо чашмони худ бубинанд 30%-и маълумотро ба хотир мегиранд.

 

– Хонандагон 70%-и маълумотро аз худ мекунанд, агар дар атрофи мавзуи таълимӣ баҳс кунанд.

 

– Хонандагон 80%-и он чиро, ки дӯст медоранд ва онҳоро ба шавқ меорад, ба хотир нигоҳ медоранд.

 

– Агар хонандагон имконият дошта бошанд,ки дониши гирифтаи худро ба ягон кас биомӯзонанд,пас дар ин ҳол онҳо 95%-и маълумотро ба хотир нигоҳ медоранд.

 

Шоҳрух АЛИМУРОДОВ,

донишҷуи курси 5-уми факултети химия ва биология