Интернет дар айни замон як махзани бузургест, ки тамоми соҳаҳои ҳаёти инсонро дар бар гирифтааст. Ҳар як шахс метавонад бо роҳи ҷустуҷӯ аз системаҳои ҷустуҷӯкунанда маълумотеро пайдо намояд, ки соатҳо дар китобхонаҳо дар ҷустуҷӯи он ранҷ мекашид.

 

Яке аз мақсадҳои асосии Президенти кишвар низ зимни пиёда намудани лоиҳаи муҷаҳҳазгардонии мактабҳо бо компютер ва пайваст намудан ба шабакаи интернет он аст, ки устодон ба хонандагони мактабҳо тарзи дурусти истифодаи компютерро омӯзанд ва чун тарғибгари Ватани худ ба воя расанд. Агар мо зинаи аввали одоби муоширатро аз мактабҳо ба хонанда омӯзем, боварӣ дорем, ки дар оянда насли наврас интернетро танҳо ба мафиат истифода мебаранд.

 

Ҷиҳати мусбати интернет дар он аст, ки ин шабака бо пешбарикунандаи ҳама навъи маданият, аз ҷумла маданияти сиёсию ҳуқуқӣ буданаш фарогири таҷрибаи бойю рангин дар ин самт мебошад, ки  бо истифодаи оқилона аз он кас метавонад фаҳмиши хешро перомуни талаботи қонунгузориҳо ва сиёсати амалишавандаи ҷомеаи муосир сайқал ва вусъати тоза бахшад. Ҳамчунин ин шабакаи оламшумул дар доираи афзалиятҳои беназири худ ба кулли истифодабарандагонаш имкон медиҳад, ки на танҳо аз захираи мавҷудаи донишҳои чӣ рӯзмара ва чӣ илмӣ дар он баҳравар шаванд, балки ба воситаи ворид шудан ба фазои муоширати интернетӣ аз тариқи чат ва ҳамоишҳо ба дилхоҳ суолҳои изтиробовари хеш, алалхусус мутааллиқ ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти ҳуқуқӣ посухҳои то ҷое амиқу фаврӣ гирифта бошанд.

 

Имрӯзҳо ин хуб аст, ки бачаҳои замони мо бештар рӯ ба воситаҳои навтарини иттилоърасон меоранду кӯшиши гирифтани донишҳоро маҳз аз ҳамин қабил васоити аслан созгор мекунанд, аммо ин ҷо саволе ба миён меояд, ки асосан ба кадом ваҷҳу ҳадаф эшон вориди фазои интернетӣ мешаванд? Ё худ, оё насли наврас аз шабакаи ҷаҳонӣ ҳамеша нафъ мебардорад, ё зиён?

 

Дар иртиботи ҳамин суол таҳлилҳо ва сӯҳбатҳои мо бо чанде аз наврасони хӯрдсол аён сохт, ки омили асосии ҷалбкунандаи аксари афроди наврас ба фазои интернетӣ – ин машғул шудани эшон ба бозиҳои компютерӣ ва ба гунаи хоси худ ҳаловат бурдан аз онҳо мебошад.

 

Вале дар асл ин намуди ҷадиди бозиҳо чӣ дар рушди ҷисмонӣ ва чӣ зеҳнии толибилмон заррае суд надошта, баръакс соатҳои тӯлонӣ машғули бозиҳои компютерӣ шудани бачаҳо, аз як тараф боиси тадриҷан аз онҳо вобастагии рӯҳиро пайдо карданашон шуда, аз сӯи дигар сабаби қафомонии раванди камолоти умумии наврасон аз ривоҷи мӯътадили хеш мегардад.

 

Яке аз хусусиятҳои дигари мусбати интернет ин фавран пайдо намудани маълумоти зарурӣ, муносибат ва мукотиба бо дӯстон аз тариқи «В контакте», «Моймир», «Одноклассники» ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ, худидоракунӣ, гирифтани маълумоти иловагӣ, васеъ кардани доираи имконият, таъмини истироҳат, ба шакли муайян даровардани соҳибихтиёрии иттилоотӣ, маҳорати кор бо маълумот, ба тартиб даровардан ва истифода бурдани маводи лозимӣ мебошад. Интернет дар баробари доштани хусусиятҳои мусбаташ дорои як қатор хусусиятҳои манфӣ ба монанди, силкҳои динию мазҳабӣ, худқотилон, таассуб, сайтҳои моҷароҷӯёна, рекламаҳои таҷовуз, лексика ва сайтҳои беҳаёиву фаҳш, пахши васваса, фиребгарӣ, таҷовузи наврасон ва ғайра мебошад.

 

Барои аз ин ҳаракатҳо раҳоӣ ёфтан мо бояд бозиҳои шавқовар ва дарсҳоро бо забонҳои русӣ ва англисӣ дарёфт намоем, почта ва файли худро ҷудо кунем, барои кӯдакон рӯзнома кушоем, ки кори ҳаррӯзаашро сабт намояд, маслиҳат диҳем, ки бо фотошопкор кунанд ва ба тартиби дигар сохтани ҳар гуна барномаҳо машғул шаванд,

 

Бо ин тарз мо метавонем сатҳи таъсирнокии интернетро дар ҷомеа ба тарзи мусбат роҳандозӣ намоем ва «ақли тиллои»-и наврасонрро пайи амалишавии ҳадафҳои мусбати хеш ва ояндаи неки онҳо муайян созем.

 

Музафарзода Парвиз,

магистри бахши якуми факултети сиёсат ва идораи давлатӣ