Сарвари кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, нисбат ба онҳо боварии зиёд доранд ва дар баромадҳояшон «Шумо – ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷик, офаранда ва созандаи ин фарҳанг мебошад» гуфта таъкид менамояд.  Бояд ҳамаи мо ҷавонон кӯшиши зиёд ба чунин бовариҳои Ҷаноби Олӣ намоем.  Вақте, ки пешвои миллат аз ҷавонон ҳастии миллат ва посдории фарҳанги миллии аҷдодиамонро боварӣ менамоянд пас, ҳар яки мо ҷавонони бо нангу ори миллати тоҷик ҷонибдори сиёсати хирадмандона ва пешгирифтаи эшон, ки барои ободониву шукуфоии Ватан-Модар бахшида шудааст, бошем ва бо ҷону дил барои ободонии ватанамон хизмат намоем.

    Аз таъкидҳои дигари Президент нисбат ба ҷавонон ёдовар мешавам, ки ҳимояи ватанро бар дӯши ҷавонон гузошта, бо як дили пур аз орзуҳо ҷавононро таъкид менамояд, ки ҳомии Ватани азизи хеш бошанд чуноне, ки мефармоянд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд».

     Инчунин, пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро падарона насиҳат намуда, дар мавриди ҳурмати калонсолон, тарзи баёни ширину боадабона ва барои баланд бардоштани сатҳи маънавиёти ҷавонон пайваста кӯшиш менамояд ва мегӯяд: «Одобу рафтор ва сатҳи маънавиёти наврасону ҷавонони мо давоми чанд соли охир хеле баланд рафта, эҳсоси худшиносӣ ва нангу номуси миллӣ дар байни онҳо торафт густариш ёфта истодааст, ки ин боиси қаноатмандист», ки ин ҳам яке аз нишонаҳои боварии Ҷаноби Олӣ ба ҷавонони кишвар мебошад.

      Барои баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон бо ташаббуси Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санадҳои зиёди байналмилалӣ оиди таҳсили ҷавонон дар хориҷи кишвар ба имзо расидааст. Қисме аз ҷавонони мо имрӯзҳо дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд ва қисмате, ки таҳсили хориҷи кишварро ба итмом расонидаанд дар соҳаҳои мухталифи кишварамон бо ихтисосҳои гуногун кору фаъолият намуда истодаанд. Дар ин маврид Сарвари давлат ба ҷавонон таъкид менамояд, ки: «Шумо ҷавонон бояд пайгирона омӯзед ва эътимод пайдо намоед, ки миллати тоҷик яке аз халқҳои қадимтарини ҷаҳон аст».

      Мутаассифона, имрӯзҳо дар миёни ҷавонони мо бархе ҷавононе ҳастанд, ки худро барои ноором  кардани Ватан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундрав мезананд ва ҷони худрову дигаронро дар зери хатар мегузоранд, ки ин амали ношоиста ва ноҷавонмардонаи онҳо аз сӯи ҳамон хоҷагони хориҷӣ сурат мегиранд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки чунин ҷавонон ояндаи хуб надоранд ва дар муҳлати кӯтоҳтарин ҷазои хешро мебинанд, чунон ки шоир гуфтааст:

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад. 

       Мо ҷавонони саодатманди кишвар ҳаракат менамоем ва бо тамоми қувваамон кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки барои ободӣ ва осоиштагии Ватан-Модари азизи хеш содиқонаву софдилона хизмат намоем.