dav

Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Бохтар Ба номи Носири Хусрав бо мақсади баррасии масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию методӣ ва молиявию хоҷагидорӣ ҳамчун мақоми идоракунандаи донишгоҳ таъсис дода шуда, бо пайдо шудани зарурат ба ҳайати он аъзои нав ворид гардида, фаъолият менамояд. Ба ҳайати Шӯрои олимони донишгоҳ ректор, муовинони ректор, сардорони раёсатҳо, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳо, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ шомил ҳастанд.  

Дар Шӯро пайваста масъалаҳои асосии фаъолияти таълимию тарбиявӣ, илмию  методӣ ва молиявию хоҷагидории донишгоҳ мавриди  баррасӣ ва муҳокима  қарор мегиранд.

Дар Шӯро оид ба ҳолати феълии корҳои илмӣ-татқиқотӣ ва илмӣ-методӣ дар колеҷи омӯзгорӣ (Гузориши раиси комиссия, мудири кафедраи курси амалии забони рӯсӣ Сафархоҷаева З.), ҳолати феълии раванди таълиму тарбия ва тартибу низоми ҳуҷҷатгузорӣ дар факултети таърих ва ҳуқуқ (Гузориши раиси комиссия, мудри кафедраи фалсафа ва фарҳангшиносӣ Алихон Саидов), ҳолати амалӣ намудани нақшаи курсҳо ва семинарҳои махсус, фанҳои интихобӣ дар факултетҳои донишгоҳ (Гузориши раиси комиссия, мудири кафедраи забон ва адабиёти рус Шамсуддинова Рафоат) ва масъалаҳои ташкилӣ мавридди баррасӣ қарор гирифт.

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ