Маҳфили илмии “Ҳуқуқшиносони ҷавон”-и назди кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ зери роҳбарии М. Амридинзода баргузор гардид, ки дар он Сиёвуш Абдураҳимов, мудири кафедра, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок доштанд.

 

Маҳфили мазкур дар мавзӯи “Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ” маърӯзаи донишҷӯи соли сеюми ихтисоси психологияи ҳуқуқшиносӣ Умеда Амирхонзода шунида шуд.

Қайд гардид, ки хусусияти иҷтимоӣ доштани давлати Тоҷикистон дар он зоҳир мешавад, ки сиёсати дохилии он барои фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи шахсият нигаронида шудааст. Таъмини некўаҳволии ҷамъият дар асоси адолати иҷтимоӣ ҳадафи асосии давлати иҷтимоӣ аст.

Дар идомаи маҳфил донишҷӯи курси дуюми ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ Фарзона Шамсова бо маърӯза дар мавзӯи “Субъекти ҷиноят” баромад намуд.

Ӯ иброз намуд, ки ҳар як ҷиноят ҳамчун кирдори  барои ҷамъият хавфнок аз тарафи одамон ва дар байни одамон содир карда мешавад. Аз ин рў, танҳо шахсе, ки кирдори ба ҷамъият хавфнок содир мекунад, субъекти ҷиноят эътироф карда мешавад. Барои ифода кардани субъекти ҷиноят дар моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ калимаҳои «гунаҳкор», ё  ки  «шахсе, ки ҷиноят содир кардааст», ё «шахси гунаҳкор дар содир кардани ҷиноят» ва «маҳкумшуда» ба кор бурда мешавад.

Дар қисмати муҳокимаи маърӯзаҳо донишҷӯён фаъол буда, фикру ақидаҳо  хешро баён доштанд.

 

[elfsight_social_share_buttons id=”1″]

Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ